Бойгонӣ
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Рӯзҳои 22–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намоянд.
Ҳадафи асосии форум муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.
Тибқи барномаи пешбинишуда, рӯзи аввали форум бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон оғоз гардида, сипас имкониятҳои иқтисодию сармоягузории минтақа муаррифӣ карда мешаванд.
Дар доираи форум баргузории се панели соҳавӣ дар мавзуъҳои «Имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ», «Соҳаи саноат – омили асосии рушди иқтисодиёт ва заминаи мусоид барои сармоягузорон» ва «Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика» пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар ҷараёни форум мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B ва маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.
Рӯзи дуюми форум, 23 октябр, иштирокчиён тибқи барнома ба шаҳри Норак сафар намуда, дар Фестивали «Анор» иштирок мекунанд. Ҳамчунин, боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тибқи дархост пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи нав ва рушди устувори иқтисодии минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019