ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН АСТ САДА

Русуми пешиниён
     
     Зафар Мирзоён ховаршиноси шинохта, муаллифи бештар аз 12 мақолаҳои илмӣ оид ба ҷашнҳои миллии ниёгонамон Наврӯз, Меҳргон ва 8 мақолаҳои илмӣ оиди ҷашни Сада мебошад. Мушовири ректори ДДК, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар минтақаи Кӯоби вилояти Хатлон, барандаи ҷоизаҳои Ашӯр Сафар, Носири Хусрав ва  Лоҳутӣ аст.

- Устоди гиромӣ, ҷашнҳои миллӣ дар худогоҳии миллӣ чӣ аҳмияте доранд?    

- Боиси ифтихору хушнудии мост, ки Пешвои муаззами миллат,   Эмомалӣ Раҳмон се ҷашни муқаддаси миллии мо - Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд. Чанде пеш дар як ҳамоиши равшанфикрони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид, ширкат варзидам. Дар ин ҳамоиш Сарвари давлат дар бораи зиндаю поянда доштани ҷашнҳои миллии мо, худогоҳии миллӣ бисёр суханҳои неке гуфтанд. Дар ин ҳамоиш равшанфикрони эрониёни муқими Аврупо, аз ҷумла Масъуди Сипанд, Масъуди Миршоҳӣ ва дигар фарзонагони адабиёти тоҷику форс ширкат доштанд.. Гуфтанд, ки мо аз ҷумла ҷашнҳои Тиргон дорем, инҳоро низ бояд ҷашн бигирем. Ин ҷашнҳо дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти бузурге доштанд ва доранд. Фарзонагони донишманди мо дар ҳар давру замон чунон пофишориҳои фаровон карданд, ки ҳатто баъзе ҷон ба гарав доданд. Ҳангоми ҳамлаи араб онҳо мехостанд, ки андешаҳои миллии мардумро аз байн бубаранд. Дар ивазаш андешаҳои бегонаро дар зеҳни мардум ҷой кунанд.

- Устод, метавонед аз он пофишориҳои фарзонагони миллатамон барои хонандагон намунае биёред?   

- Аз фарзонагони миллат Фирдавсиро метавон мисол овард. ӯ медонист, ки агар мо ҷашнҳои миллии худро аз даст диҳем,  мо худро ва ҳувияти миллии хешро аз даст медиҳем.  Ҳатто афсус мехӯрад, ки аз ин ҳамлаи зоғсорон зоғсор ба маънои сиёҳ будани онҳост, Наврӯзу Сада аз байн мераванд: 


       Аз ин зоғсорони беобу ранг,

      На ҳӯшу на дониш на ному на нанг.

      Ҳам оташ бимирад ба оташкада, 

      Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.


         - Сада ба ягон дину мазҳаб пайвастагие дорад? 

- Сада ба ягон дину мазҳаб пайвастагие надорад. Ҳатто дар қиссаҳои дини зардуштӣ ҳам Сада нест. Садаро дар замони ҳозира он нафароне, ки ба гузаштаи фаротаърихӣ эътиқоду эътимод доранд, ҷашн мегиранд ва он ба мавзӯи зардуштӣ ҳеҷ пайвастагие надорад.   


- Барои чӣ Садаро ҷашн мегирифтанд? 

- Пеш аз ҳама Сада вобаста ба шароити фасли сол рӯйдодҳои кайҳонӣ ва омодагиҳо ин ба киштварзӣ вобастагӣ дорад. Зеро ки мардуми мо мардумони аввалин ориёиҳое буданд, ки муқимӣ, шаҳрнишин,  деҳнишин шуданд. Мардуми моро деҳгон мегуфтанд, ки деҳ сохта буданд. Мисли мардумони дигар ғорнишин, ҷангалнишин, биёбонгарду саҳронишин набуданд. Мо аввалин одамоне будем, ки деҳу шаҳр сохтем. Аввалин одамоне будем, ки заминро кишт кардем. Зиндагии худро аз зироату меваҳои руста, ё ки шикори ҳайвонҳову парандаҳо намегузарондем, балки заминро кишт кардем ва аз он зиндагии худро пеш бурдем. Аз ин рӯ, ҷашнҳои мо бештар ба  рӯйдодҳои кайҳонӣ вобастагӣ дорад.


- Ин чизҳоро аз куҷо метавонем илман  исбот кунем?

- Дар навиштаҳои осори гузаштагони мо, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ муфассал дар баробари Наврӯзу Меҳргон дар бораи Сада низ гуфта шудааст, ки мо баъдтар қиссаи пайдоиши ҷашни Садаро шарҳ медиҳем. Аммо дар «Осор-ул боқия»-и Абурайҳони Берунӣ дар бораи ҷашни Сада ишораҳо фаровон аст. Умуман, дар байни шоирони классикӣ нест нафаре, ки дар ашъораш Садаро тавсиф накарда бошад.  


- Калимаи сада аз куҷо пайдо шудааст ва барои чӣ сад мегӯянд?    

- Албатта донишмандоне ҳастанд, ки вожаи садаро шумораи сад мегӯянд. А. Берунӣ ҳам дар асари «Осор-ул-боқия» гуфтааст, ки Сада аз замони Ардашери Бобакон буд. Сабаби  пайдоиши ин ҷашн дар он аст, ки ҳаргоҳ шабҳоро ҷудогона мешуморанд, миёни он охири сол адади сад ба даст меояд. Инчунин мегӯяд, ки зодагони Каюмарс, фарзандони Каюмарс сад тан шуданд. Дар бовариҳои зардуштӣ ва фарозардуштӣ, яъне пеш аз зардушт ҳам замони меҳрпарастӣ буд. Одаму ҳаво машию машиёна ном доштанд. Вақте ки фарзандони онҳо ба сад мерасад, ин рӯзро чун сада  ҷашн мегиранд. Албатта, ин сад боварии дигар, аммо донишмандони бахши решашиносии забони тоҷикӣ форсӣ мегӯянд, ки сада аз забони форсии бостон калимаи садок гирифта шудааст, Ба маънои пайдо шудан, зуҳур кардан аст. Як пиндори бештар яқин аст, ки садаро  гузаштагони мо  аз гардиши офтоб ба ҳисоб мегирифтанд ва тамоми ҷашнҳои мо ба гардиши офтоб иртибот дошт. Ҳамонгуна, ки шаби Ялдоро шаби таваллуди Хуршед, шаби таваллуди Офтоб  мегӯянд, ки шаби дарозтарин аст ва дар ин шаб офтоб таваллуд шуд. Мардум тамоми шаб аз соати 12 шурӯъ карда, онро интизор мешаванд. Болои дастархон ба ҷуз аз анору меваҳои хушку тар як тарбузро нигоҳ дошта меоварданд, ки дар зимистон тарбуз он қадар маззаву лаззате надорад. Аммо ин рамзе дошт, ки тарбузро пора мекарданд. Даруни он мисли офтоб сурху мудаввар буд. Дар даврони бачагии мо ин чиз вуҷуд дошт, шояд дар 10 солаҳои охир ин аз байн рафтааст. Мо вақте ки кӯдак будем, ба ёдамон ҳаст, ки дар каҳдон як -ду тарбузро мегузоштанд ва ҳамон шаби чилла онро берун меоварданд. Мо мардуми кӯҳистон ин рӯзро ҳамчун Сада намегуфтем. Тақсим мекардем чилла мегуфтем. Чӣ тавре гуфтем, рӯзи таваллуди Хуршед шаби Ялдо шаби таваллуди Офтоб аст. Аммо баъд аз зуҳур вақте ки офтоб чилрӯза мешавад, рақами чил, ки дар ин рақам як фоли неке вуҷуд дорад. Дигар замони балоғати Хуршед мерасад. Хуршед акнун калон мешавад ба балоғат мерасад. Аз байн рафтанаш дигар вуҷуд дошта наметавонад. Чилрӯзагии хуршедро дар даҳаи аввали моҳи феврал ҷашн мегирифтанд. То вақте ки офтоб ба ҳамон арши аълои худ мерасад, пурзӯр пурқувват мешавад, то ҳамон рӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз бояд постдорӣ кард.


- Тақвими солшумории бостонии мо аз кай сарчашма мегирад?     

- Як чизро бояд ба инобат гирифт, ки мо тақвими бостонӣ пеш аз Зардушт ҳам доштем. Солшумории замони меҳрпарастӣ доштем, ки сол аз 150 рӯзи зимистон ва 220 рӯзи тобистон, яъне то ба рӯзи даҳуми баҳман 100 рӯз ва Сада то Наврӯз 50 рӯзи дигар ҳисоб мегардад. Ориёиҳои мо дар он сарзамине зиндагӣ мекарданд, ки имрӯз дар қисмати Урал дар қисмати Сибири ҷанубу ғарбӣ, Осиёи Миёнаи имрӯза бо қисмати Помир ва ин ҷо сарзамини ориёиҳо буд. Дар он замонҳо зимистон хеле дарозу тӯлонӣ ва  бисёр сард буд. Барои ҳамин гардиши офтобро  ҳисоб мекарданд. 


- Рӯзи Сада ба кадом рӯз рост меояд?  

- Сада баъди чилрӯза шудани Хуршед аз шаби Ялдо сар карда баъди чилрӯзагии Хуршед Сада меояд. Чиллаи аввалро чиллаи бузург ном мениҳоданд. Мардуми минтақаи Кӯлоб  онро чиллаи калон ном мебарад.  Сада ба рӯзи нахустин, яъне оғози чиллаи хурдак рост меояд. Чиллаи калон аз 21 декабр (аз шаби Ялдо) шурӯъ гардида, то 29 январ идома меёбад. Чиллаи хурдак аз 30 январ оғоз гардида, то 18 феврал давом мекунад. 


- Чиллаи хурдак барои чӣ 20 рӯз аст?

- Дар байни мардум ақидае ҳаст, ки чиллаи хурдак бисёр сард меояд. Ҳатто  дар байни мардум сухане ҳаст, ки чиллаи хурдак гуфтааст, ки агар ман мисли акаам 40 рӯз мебудам, кураи аспро дар шикамаш ях мекунондам. Барои чӣ чилаи хурдакро, ки 20 рӯз аст, чиллааш мегӯянд, аз баски чиллаи хурдак бисёр сард асту шабҳои сарди зимистон бисёр дароз метобад 20 рӯзи онро ҳисоб мекарданд ва 20 шаби онро ҳисоб мекарданд, ки дар маҷмӯъ 20 шабу 20 рӯзи чилаи хурдак  шумораи чил мешуд.


- Устод, вожаи чил, адади чил, ки бештар дар урфу одат ва ҳаёти имрӯзаи мо истифода мешавад, ба Сада ягон алоқамандие дорад?   

- Мардуми мо дар ин ҷашн оташ меафрӯхтанд ва аз болои он меҷаҳиданд ва хушнудӣ мекарданд. Акнун дигар офтоб намемирад. Фурӯғи офтоб дигар заиф намешавад. Мо рақами чилро, адади чилро, ки оинҳои бостон дорад, бисёр зиёд кор мегирем. Мисол: чилрӯзагии тифл, чилрӯзагии навтаваллудкарда, чилрӯзагии вафот, чилрӯзагии вафот ҳам ба истило ин сугворӣ нест. Мегӯянд, ки инсон фавтида дубора зинда гашта, рӯҳи ӯ ба осмонҳо рафта ба назди падараш ва тани ӯро ба синаи модар медиҳанд, дубора ба замин мегӯронанд ва рӯҳаш бошад ба осмонҳо дубора пеши ҷамшед парвоз мекунад. 

Бубинед, аз ҷашни Сада чӣ ба мо омада расидааст. Масалан, зани бемори зардча се оташи хурд меафрӯхт ва аз болои он парида мегуфт, ки «Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Инро дар рӯзи Наврӯз мекунанд, ки аслан ин аз ҷашни Сада аст. Пушти сар нигоҳ накарда мерафтанд. Дар ёдам ҳаст даврони бачагиам дар хоҷагии ҳамсоя хокистари оташи афрӯхтаи ҷашни Садаро, ки оташи калон меафтӯхтанд ва ҷавонони деҳаи мо аз болояш мепариданд, таблак навохта зери ҳавои он суруд мехонданд, сари субҳ чанд деҳқон ҳатто хокистари он гулханро дар замини кишт дар баҳорон мечошиданд. Фоли босамарии заминро дорад, пайвастагӣ ба замин, ба кишоварзиро дорад. Бештари ин оинҳо дар байни мардуми кӯҳистон боқӣ мондааст. Мардуми Бадахшон ҷашни Садаро Ширпачор мегӯянд ва ин ҷашнро таҷлил мекунанд. 


- Бо кашф шудани оташ нисбат додани Садаро чӣ хел шарҳ медиҳед?             

  - Як идда донишмандони дигар ҷашни Садаро ба кашф кардани оташ нисбат медиҳанд. Пайдоиши оташро бисёр равшану муфассал Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш қайд мекунад. Фирдавсӣ дар таърихномаи Ҳушанг овардааст: Ҳушанг дар шикор бо наздиконаш мори сиёҳи бузургеро мебинад ва сангеро бардошта ба сӯйи он мор партоб мекунад. Мор гурехта меравад, аммо санги партобшуда ба санги дигаре бархӯрда, аз он шарораҳо меҷаҳанд. Шарораҳо ба хасу хошоки хушк часпида, алангаи оташ баланд мешавад. 


      Бигуфто «Фурӯғест ин эзадӣ,  

      Парастид бояд агар бихрадӣ».

      Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ, 

      Ҳамон шоҳ бар гирди ӯ бо гурӯҳ,

      Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

      Сада номи он ҷашни фархунда кард.

      Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

      Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.


Мусоҳиб Билоли Шамс,

шаҳри Кӯлоб
Добавить комментарий