Бойгонӣ
Октябрь 2026 (46)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД


Имрӯз, 26 октябр, таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, масъалаи натиҷаҳои баргузории Форуми байналмилалии «Хатлон-Инвест» ва татбиқи созишномаҳои баимзорасида баррасӣ шуд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи форум 31 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллари ИМА ба имзо расидааст. Таъкид гардид, ки барои татбиқи амалии созишномаҳо, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар соҳаи кишоварзӣ ба масъалаҳои ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2026, иҷрои дурнамои истеҳсолот, шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Раиси вилоят ба масъулони соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво ҷамъоварии ҳосили пахтаро вусъат бахшида, барои иҷрои дурнамои истеҳсолот тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, таъмини истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи талаботи агротехникӣ ҳангоми шудгор ва кишти тирамоҳӣ, омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти гидротехникӣ, каналҳои обрасонӣ ва заҳбуру заҳкашҳо барои мавсими оянда аз вазифаҳои муҳими масъулон муайян гардиданд.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон корҳои таъмиру тоза кардани шабакаҳои обёриро сари вақт анҷом дода, барои таъмини оби зарурӣ ба заминҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин, ба омодагӣ ба мавсими ниҳолшинонии солҳои 2026–2027 таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳангоми шинонидани ниҳолҳо ба интихоби навъҳои мувофиқ, риояи талаботи агротехникӣ, нигоҳубини дуруст ва сабзонидани ҳар як ниҳоли шинонидашуда аҳаммияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар самти саноат, энергетика ва роҳсозӣ масъалаҳои рушди истеҳсолот, фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, хариду захираи ашёи хом ва ба ҳисоботи оморӣ фаро гирифтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баррасӣ гардиданд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди пахтаро таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро тибқи талаботи муқарраргардида ба ҳисоботи оморӣ ворид намоянд.
Ҳамзамон, масъалаҳои коҳиш додани талафоти неруи барқ, беҳтар намудани ҷамъоварии маблағи истифодаи он ва андешидани тадбирҳо барои пардохти қарзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят ба масъулони соҳа ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқро таъмин намуда, ҷиҳати коҳиш додани талафот ва беҳтар намудани ҳисоббаробаркуниҳо чораҳои муассир андешанд.
Дар соҳаи сохтмон ба масъалаи ба ҳисоботи оморӣ ворид намудани иншооти истеҳсолию иҷтимоии бунёдгардида ва назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи мақсадноки иншооти бунёдшуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар бахши иҷтимоӣ масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани давомоти хонандагону омӯзгорон, бозомӯзии омӯзгорон ва истифодаи самараноки имкониятҳои барномаи «Е-дониш» баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, ба таъмини муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш бо мутахассисон ва омодасозии онҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки захираи зарурии ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯхтро таъмин намуда, ҳолати омодагии генераторҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти заруриро таҳти назорат қарор диҳанд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои давлатии дарпешистода — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ гардиданд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки чорабиниҳои идона дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардида, корҳои ташкилию омодагӣ сари вақт анҷом дода шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои додашуда, тақвияти назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таъкид гардид, ки масъулон бояд барои татбиқи амалии қарорҳои қабулгардида, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои супоришҳои гузошташударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019