МУРАББО АЗ ШАФТОЛУ
Суфраи «САФО»
Маҳсулот
Шафтолу - 1 кг
Шакар - 750 гр
Шарбати лимӯ - 2 қошуқ
Тарзи омода намудан:
Шафтолуро шуста аз донаашро ҷудо мекунем. Дилаи шафтолуро дарозак реза карда, ба он дар навбати аввал 400 грамм шакар ва шарбати лимӯро ҳамроҳ карда, дар яхдон муддати 3 соат нигоҳ медорем. Пас аз 3 соат шарбати шафтолуро ба зарфе рехта, боқимондаи шакарро ба он ҳамроҳ мекунем ва муддати 2 дақиқа меҷӯшонем.
Баъдан, шираи омодашударо ба болои шафтолу рехта, муддати 5 дақиқа меҷӯшонем. Аввал кафкҳои болои ҷудо намуда, сипас, мурабборо аз болои оташ гирифта муддати 2 соат нигоҳ медорем. Сипас, маҳсулотро дубора дар оташи паст гузошта, 50 дақиқаи дигар меҷӯшонем. Баъди омода шудани муррабо онро дар зарфҳои тамйизкардашуда андохта, зарфҳои мурабборо бо сарпӯшҳои хушсифат махкам мекунем.