ПЕШВО
ПЕШВО
Асосгузори Ваҳдатӣ, Ҷаноби Олӣ, Пешво,
Чу такягоҳи қалбҳо, умеди мо, паноҳи мо.
Миёни халқ мӯътабар ва раҳнамову роҳбар,
Шаҳоматат ба аршҳо расидааст, Шоҳи мо.Азизи ҷону ҳам ҷахон, азизи дидаҳои мо,
Ва беҳтарини меҳтарону ҳадяи Худои мо.
Ба қалбҳо нишастаи, умеди садҳазорҳо,
Салоҳи мо, виқори мо, саодату сафои мо.Қудуми пурмуҳаббатат, ки гул ба бор медиҳад,
Ҳазор ҷони хастаро рухи баҳор медиҳад.
Ва шукр, шукри неъмате, ки ифтихори миллати,
Вуҷуди пуршарорат умед бор медиҳад.Чу дар замини қалби мо зи ҳиммати ҳазори худ,
Нишондаи дарахти меҳру қудрату барори худ,
Ва дасти рӯи синаат нишонаи вафои туст,
Ба мардуму ба кишварат ба мулки файзбори худ.Ба Пешвои миллатам, чу насли сарфароз ман,
Шарофатам, садоқатам, ҳама нисор мекунам.
Қасам ба номи миллатам, қасам ба хоки ин диёр,
Ҳазор ҷон ҳамедиҳам ва ифтихор мекунам.ҶОНИ МИЛЛАТ
Ифтихору нусрату армони миллат, Пешво
Раҳнамову раҳбару раҳдони миллат, Пешво.
Дил ба дил пайванду бар сад дард марҳам гаштааст,
Бо мурувват, бо шарофат, ҷони миллат, Пешво.ЁД ОВАРЕМ…
Аз рафтагони роҳи вафо ёд оварем,
Ин шермардҳо, ки сазовори аҳсананд.
Бар поси ёдашон аз ҷой баланд шавем,
Гулгункафан гашта шаҳидони меҳананд.
Ҳар як мурод дошт, садҳо фаришта рафт,
Бар дафтари хаёлҳо умед кишта рафт.
Аммо барои халқ, баҳри дифои халқ,
Ин аҳдро ба қисмату олам шикаста рафт.
Дасти дуо баланд сӯи Худо кунем,
Ёде зи сад бародару сад ошно кунем.
Ёди фидоиён, аз сарсупурдаҳо,
Қарзи муҳаббати дили худро адо кунем.
Дасти мадад дароз бар тифлакони зор,
Бар модарони хастаи як умр интизор.
Бар бахтгумкардаву бар дилшикастаҳо,
Бар захмҳои синаи аз дард беқарор.
Таъзим рӯи гури касоне, ки зиндагиш,
Қиммат надошт дар сари ҳар разму ҳар набард.
Ҷонҳо ҳама ба каф ба садоқат шитофтанд,
Аз домани Ватан ба дили хоки сард, сард.
Он зиндаёдҳо, ки ҳама тирхурдаанд,
Ҷони азизро ба шарофат супурдаанд.
Аз рафтагони роҳи вафо ёд оварем.
Ёрони мо, ки дар дили моён намурдаанд.
Намурдаанд…