БАРАКАТИ МЕҲНАТИ ҲАЛОЛ
Вақте ки меҳнати инсон қадр мегардад, масъулияти ӯ ба касбу кор, меҳру муҳаббаташ ба Ватан ва дилгармиаш ба зиндагӣ боз бештар мешавад. Меҳнати бисёрсолаи марди соҳибдил Рустам Қодиров ва саҳми арзандааш дар рушди варзиш дар ноҳияи Хуросон, ободонию созандагии диёр, тарбияи насли ояндасоз бо мукофоти давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” (04.09.1998) қадр карда шуд. Аз ин шарафи баланд ӯ меболаду ифтихор дорад. Шукри Тоҷикистони биҳиштосо ва Пешвои муаззами хеш мекунад. Ифтихор аз он менамояд, ки меҳнаташ зоеъ нарафтааст...
Зиндагиро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад. Яке ба ҷамъ намудани молу сарват дода мешаваду дигаре аз пайи омӯзиши илму ҳунар меравад ва тамоми ҳастиву ҷидду ҷаҳди хешро баҳри накукорӣ, хизмат ба ҷомеа, ободонии ватан сарф менамояд. Ин нафарони дарёдилу соҳибфарҳанг аз ободии диёр, рушду тараққии ватан, беҳ гаштани зиндагии ҳамдиёрони худ шод мешаванд. Рустам Қодиров аз ҷумлаи чунин инсонҳои шариф аст.
Рустам Қодиров зода ва парвардаи деҳаи Уялии Ҷамоати деҳоти ба номи Айнии ноҳияи Хуросон мебошад. Дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и деҳаро соли 1969 хатм кард. Рустам давраи мактабхонӣ ба варзиш, бахусус гӯштингирӣ шавқ дошт. Аз ин рӯ, орзу дошт, ки пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар донишгоҳи олӣ идома дода, донишу маҳорат ва истеъдоди худро сайқал медиҳад ва соҳиби касби дӯстдоштааш мегардад. Волидайн аз мақсади писар огаҳ шуда, ба ӯ маслиҳат доданд, ки касби духтуриро интихоб кунад. Ба халқаш хизмати тиббӣ расонда беморонро табобат намояд. Рустам бошад, интихоби худро чунин маънидод кард:
- Варзишгар низ табибро мемонад. Агар духтур беморро ба дорую дармон муолиҷа намояд, пас мураббии варзиш онҳоро ба варзиш ҷалб карда, бо машқу тамрин дармон мебахшад. Яъне варзишгар тарзи ҳаёти солимро интихоб намуда, доимо солиму тандуруст аст. Волидон аз интихоби писар қаноатбахш шуда, ба ӯ дуои нек доданд.
Бо ҳамин соли 1971 ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ (ҳоло ба номи Саидмуъмин Раҳимов) ба факултаи варзиш супорид. Онро соли 1975 бо ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ оид ба гӯштин бомуваффақият хатм намуд. Дар ин намуди варзиш ном баровард. Дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ғолибият ба даст меовард. Фаъолияти меҳнатиаш бошад, пас аз хатми донишкада оғоз ёфт. Корро дар мактаби №68-и ноҳияи Хуросон ба ҳайси муаллими варзиш шурӯъ намуд.
Бале, ӯ аз зумраи нафарони муваффақ аст, ки зиндагиаш аз деҳаи хурдакаки Уялӣ оғоз ёфта, шуҳраташ ба дуриҳо паҳн шуд. Вақте ки саҳифаҳои умри Рустамро варақгардон мекунем, мебинем ки ӯ дар баробари касби омӯзгорӣ гоҳе каланд ба даст паҳлӯи падар ба шинонидани дарахт ва ободонии як гӯшаи меҳан машғул мешуд. Қобилияти кордонӣ, ташкилотчигӣ ва донишу малакаи ин ҷавони меҳнатдӯстро ба назар гирифта, ӯро ба зинаҳои баланди кор пешбарӣ менамуданд. Аз омӯзгори қаторӣ, то мақоми раиси кумитаи варзиши ноҳия расид. Дар солҳои гуногун дар вазифаҳои пурмасъулият - раиси Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4 ва 52, раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Т. ӯлҷабоев ва ғайра фаъолият намуд.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Рустам Қодиров, аз инсони заминӣ буданаш, меҳрубону ғамхор ва хайрхоҳиҳояш, масъулиятшиносу кордону поккор ва сарвари уҳдабаро буданаш, ободгару созандагиаш ва дигар хислатҳои неки инсониаш бисёрҳо шунида будам. Вақте бо ӯ ҳамсуҳбат шудам, ин ҳамаро эҳсос кардам. Дар асл ин марди фозил инсони ҳақиқӣ ва ҷони одам аст. Дар ҳар куҷо ва дар ҳар вазифае, ки фаъолият дошт, пок кор кард, аз меҳнати ҳалолу масъулиятшиносиаш номи неку нони ҳалол ёфт. Ҳар гоҳ ба амали неке даст мезад, нияташ, ки соф буд, ба он муваффақ мешуд. Дардмандонро дардошност, мададгори муҳтоҷон буда, савоби онҳоро мегирад. Бо дуои падар сабзид, гӯшаеро ободу хуррам карда соҳибобрӯ гашт. Ҳамеша дар байни мардум аст, аз ҳолу аҳволаш воқиф мегардад, дар ҳалли бисёр масъалаҳо маслиҳат медиҳаду ҳам аз онҳо маслиҳат мегирад, дасти ба даст кору зиндагӣ мекунанд. Ин хислаташ ӯро азизи мардум гардонд. Чун сухан аз истиқлолияти ватан, сулҳу ваҳдати миллӣ меравад, ӯ беихтиёр он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ, хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат, дар хонаи умеди тоҷикон - Тоҷикистони азиз сарҷамъ намудани гурезаҳо ёдовар мешавад. Дар ҳамон шабу рӯзи ҷанги шаҳрвандӣ Рустам Қодиров раиси Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” буд. Вазъи мураккаби сиёсӣ, нооромию ғорату дуздӣ ва рабудану куштори одамон ҳукм меронд. Дар чунин шароити сангин идора кардани мардум ва иҷрои вазифа осон набуд. Мардум аз шиканҷаи силоҳбадастони сияҳкор рӯ ба фирор оварданд. Ҳатто рӯзе шахсони ба ном “боевик”, ки саропо мусаллаҳ буданд, раиси ҷамоат Рустам Қодировро аз идора рӯйи ҳавлӣ бароварда, маҷбур карданд, ки ҷавононро ба тарафи онҳо ҷалб намояд. Вақте ки онҳо аз раис ҷавоби рад шуниданд, ӯро лату кӯб карда, манзилашро ба харобазор табдил дода, дороиашро ба яғмо бурданд. Пас аз ин ӯ аҳолиро ба ҳимояи маҳалли зисташон даъват намуд.
Ба бахти онҳо дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлати тоҷикон интихоб намуданд. Нахуст амали неки Пешвои миллат то нафари охирин ба ватан баргардонидани гурезагон буд. Бо ин мақсад Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф монда, ба нуқтаҳои гарми ҷанг-Бадахшону Хатлону Рашт сафар карда, мардумро ба оромию сулҳ даъват намуд. Дар ҳоле ки мардум ҳатто аз тарси силоҳбадастон рӯйи ҳавлии худ намебаромаданд, Сарвари давлат ба Афғонистони ҷангзада, назди ҳамватанони фирорӣ омад. Кафолати амнияташонро ба дӯш гирифта, онҳоро ба ҷойи зисташон-Тоҷикистон хонд. Ҳидояти Пешвои миллат наҷоти онҳо буду суханонаш қалбашонро ба ояндаи нек, зиндагии хушу хуррам гарм намуд. Онҳо ба суханони ин марди фозилу оқил, фарзанди фарзонаи миллат бовар карданд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос буданд нафарони манфиатҷӯе, ки мехостанд раванди баргардонии гурезагонро халалдор созанд. Вале ақли солим пирӯз шуд, гурезаҳо пай дар пай ба ватан баргаштанд. Зиндагии нав ба моҷарои тоза ҷорӣ шуд. Онҳо дубора бахту саодат, файзу баракат ёфтанд, манзили хешро обод карданд. Сарвари давлат онҳоро танҳо нагузошт, аз ҳолашон пайваста воқиф гашта, барои барқарор кардани зиндагии осудаашон кумак мерасонд. Онҳо нишонаи арзи сипос мегуфтанд: “Ташаккур барои сулҳу ваҳдат Сарвари давлат ...”.
Рустам Қодиров аз соли 2016 ба ҳайси директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Хуросон фаъолияти босамар кард. ӯ пеш аз ҳама ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии мактаббачагон, ба роҳ мондани сифати баланди таълиму тарбия, ба таҳсил фаро гирифтани духтарони маҳаллӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва компютер, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷалби онҳо ба варзиш, азхудкунӣ ва интихоби касби фоидабахш таваҷҷуҳ зоҳир мекард.
ӯ имрӯзҳо, ҳарчанд дар нафақа аст, аз касби дӯстдоштааш-омӯзгорӣ дил канда наметавонад. Ҳамчун собиқадори соҳаи маориф фаъолияташро дар вазифаи муаллими қатори идома медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, 23 марти соли 2019 дар мавриди таълиму тарбияи фарзандон аз ҷумла чунин гуфт: “Таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас, дар зеҳни наврасону ҷавонон ҷой кардани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли ояндаи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон ба шумор меравад”. Устод Рустам Қодиров ин ҳидояти Президенти маорифпарварро шиори кори худ намуда, дар тарбияи насли навраси ояндасози ватан саҳми хешро мегузорад.
Рустам Қодиров дар зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ инсони муваффақ аст. Меҳнати содиқонаю софдилонааш бо медалу диплом ва ифтихорномаҳои давлатӣ қадр шудааст. Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ (соли 1998), Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба “Дзю-до” (соли 1978) мебошад.
Устод Рустам Қодиров дастовардҳои меҳнатии хешро аз кумаку дастгирӣ ва маслиҳатҳои устодони мактабиаш Раҷабалӣ Мирзоев, Абдуҷалил Қаюмов, Файзалӣ Ҳаётов, мураббиҳои варзиш Исмат Абдуллоев, Султон Наботов, инчунин варзишгарони варзида Аҳтам Раҷабов, Анвар Бобоҷонов, Нарзулло Каримов (шогирдони ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов), инчунин завҷаи меҳрубонаш Лилия Пӯлатова маънидод мекунад.
Бале, Рустам Қодиров дар баробари ин ҳама дастовардҳояш бо хислати озода ва ҷавонмардию хайрхоҳии худ ба дигарон дарси одаму одамгарӣ омӯзондааст. Воқеан ҳам ӯ инсонест, ки қавлу амалаш як аст. Гузашта аз ин, барояш аз падари бузургвораш панду насиҳати зерин ба мерос мондааст: “Писарам, ҳеҷ гоҳ дурӯғ магӯй, зеро умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Он инсонро бадбахту рӯсиёҳ мегардонад, боварии мардумро аз даст медиҳад. Аз пайи дороӣ низ марав, он ҳам ба кас бадбахтӣ меорад. Бо мардум бош, хизмати халқу ватанро содиқона ба ҷо оварда, хизмататро миннат макун...”. Рустам Қодиров ин васияти қиблагоҳро шиори ҳамешагии худ қарор дода, дар кору зиндагӣ файзу баракат ёфт...