Бойгонӣ

ҚУЛБАИ ХУШБАХТИҲО

Аветик Иссакян


Осиёби фақиронае дар соҳили рӯди зумуррадгун қарор дорад.

Дар назди дари осиёб, дар сояи маҷнунбеди сабз осиёббон оромона чубуқ дар даҳон қуллоб кашида, дар паҳлӯяш завҷааш менишаст. Ҳамон ҷо дар пайраҳа писараки зебои онҳо намудор гашт.


Маҷнунбед оромона меларзид ва маҳин-маҳин ба назар гӯё афсонаи қадимаро аз рӯзҳои гузашта таконда ба осиёб нақл мекард.

Боре писарак дар думболагирии шабпараке аз хонаашон хеле дур рафта, дар мобайни буттаҳо раҳгум зад. ӯ аз як теппа ба дигараш гузашт, баъдан пайраҳаеро, ки ба сӯи хона мерафт гум кард ва ба лаби роҳе нишаста талх гиря кард.

Аз ин роҳ корвон мегузашт. Яке аз раҳгузарон писараки гирёнро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ӯро ҳамроҳаш гирифт. Ин одам фарзанд надошт ва ба хона баргашта писаракро писархонд кард.

Писарак ба воя расид. Ҳама ин навраси боистеъдодро дӯст медоштанд, лекин ӯ ҳама вақт афсурдахотир буд, ҳама вақт ошуфта мегашт.

Шомгоҳон вақте ки ӯ дар айвони зебои рӯ ба сӯи боғ, ки ҳама вақт дарахтон алвонҷ мехӯрданд ва фаввораҳои обӣ мавҷ мезаданд, ба андеша ба ҷаҳони дигаре ғутавар мегашт, мисли хоби дур, гоҳ пайдо мегаштанду гоҳ ғайб мезаданд.

Ба хотири навҷавон осиёби фақиронаи соҳили рӯди зумуррадгун омада, он рӯзу шаб ба гӯшаш афсонаи қадимаи меҳанро мисли овони кӯдакияш қироат мекард.

Ӯ онҳоеро, ки зери сояи маҷнунбеди сабз нишаста буданд, ба хотир овард. Яке бо фикру андеша бо чубуқи дудбарор дар даҳон, дигариро бо ашки шашқатори чашмонаш ба дуриҳои дур назар намуда…

- Чаро ту ин қадар мушаввашхотирӣ, писарам?,- суол медод падараш. Ба ту чи намерасад? Агар ту духтареро дӯст дошта бошӣ, ба ман гап зан. Мумкин туро дигар чиз ғамгин месозад?…

Падари меҳрубон бо таманнои шод кардани писараш ҷашн барпо кард. Шӯълаи рахшони машъалҳо хонаро мунаввар сохта, духтарони соҳибҷамол навҷавонро иҳота намуда, хуррамона гуфтугӯ карда механдиданд.

Лекин навҷавон боре пинҳонӣ аз хона баромада дар ҳавои туманолуд аз назарҳо пинҳон шуд ва дигар барнагашт.

Ӯ дар ҷойҳои гуногун хеле сайру саёҳат намуд. Пурсиду ҷустуҷӯй кард ва ахиран яке аз шомгоҳон осиёби фақиронаеро дар соҳили рӯди зумуррадгун дарёфт. Аз мӯрии кулбаи фақирона дуд ба деворҳои осиёб зада паҳн мегашт. Ҷавон ба кулба наздик шуда, оҳистаю боэҳтиёт аз тиреза нигоҳ кард.

Дар кулба пирмарде чубуқашро дар даҳон мехоид. Кампири фартуте бо дастони қоқу харобе ба рӯи миз дастурхон паҳн кард.

Вақте ки онҳо ба тановули хӯроки шом нишастанд, кампир порчаи нонро дар гӯшаи миз гузошта изҳор кард:

- Ин ҳаққи писари ман.

- Эҳ занак, чанд сол боз ту ҳаққи писаратро ҷудо мекунӣ, пагоҳӣ ин буридаро ба роҳгузарон садақа медиҳӣ!

Писари мо дигар барнамегардад…

- Худо медонад, вай дар хонаи ким-кадом одаме ҷой гирифта, модари бегона ӯро ғамхорӣ мекунад. Шояд писари ин модар низ дар куҷое сарсон бошад, ман ҳаққи худро ба ӯ хоҳам дод, ҳаққи писарамро…

Дар ин ҳолат навҷавон ба кулба зада даромада, бо ашк модару падарро ба оғӯш кашид.

- Писари мо, писари мо! - ашки шодӣ резонида изҳор ва тасдиқ намуданд пиронсолон…

Шӯълаи оташ забона мезанад ва шодона- шодона ба кулбаи хушбахтиҳо равшанӣ ва табассуми сӯзонеро арзонӣ медорад.

Осиёб нарм-нарм, тарақ-туруқ намуда, афсонаи пешинаро ширин, чун замони тифлӣ,чун давраи тиллоии кӯдакӣ ривоят мекунад…


Аз русӣ баргардони

Варқаи Зайниддин
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019