Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧАКОМАИ ИСТИҚЛОЛ
ИСТИҚЛОЛ
Шеър агар пар мекашад боғи тамошои туро,
Дар хати зар мекашад мазмуни зебои туро.
Эй хушо, бар ҳоли он шоир, ки дил саршори завқ
Сӯи дафтар мекашад оёти пайдои туро.
Баски медонад паёмат чист, рӯи лавҳ тифл
Як кабӯтар мекашад асли таманнои туро.
Дар набарди аждаҳои яъс бо килки умед
Дил музаффар мекашад симурғи фардои туро.
Сол сӣ шуд, то туро ҳар як парат шаҳпар шавад,
Зӯри шаҳпар мекашад он бурзу болои туро.
Кӯҳро аз сангхолӣ мекунад дар як нафас,
Он, ки дар бар мекашад аз шавқ минои туро.
Дар таги ҳар мисраи мавҷаш наҳанги орзуст,
Шеъри Озар мекашад фарёд дарёи туро.
СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ
Эй дамида субҳи Истиқлолро,
Во макун аз дӯши мо ин болро.
Ин саодат, ин муҳаббат, ин баҳор,
Ин нишот, ин бахт, ин иқболро.
Ёд меоранд мардони ватан
Рустаму Исфандёр ё Золро.
Ҷуз Ватан ҳарфе надорам дар лабам,
Ман надорам дӯст қилу қолро.
Дар нигоҳи ошиқонат дидаам
Ваҷдрову шӯррову ҳолро.
З-офтобат бар тулӯи бахти халқ
Ман гирифтам беҳтарин як фолро.
Аз фару аз партават пайдо кунем,
Рӯзгори хубу беамсолро.
Ман ба сӣ соли ту хоҳам аз Худо
Садҳазорон моҳу рӯзу солро.
ОЗАРДобавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



