Бойгонӣ

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ФОРСӢ ВА ИНКИШОФИ ТАЪРИХИИ ОН

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Ин мисраҳои Аскар Ҳаким ҳар яки мо – соҳибзабононро водор менамояд, ки нисбат ба таърих ва имрӯзу ояндаи забони модарии хеш бепарво набошему барои рушду тозагии он талош намуда, наслҳои ояндаро дар рӯҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Ба таърихи гузаштаи забони модарӣ назар афканда, дар ин ҷода хизмати муаррихонро набояд сарфи назар кард. Мусаллам аст, ки дар ин самт хизматҳои олими забардаст Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров лоиқи таҳсин аст. Устод Ғафуров бо асари безаволу таърихии худ – “Тоҷикон” тавонист, ба оламиён исбот намояд, ки тоҷикон кистанду ҳамчун миллат дар байни миллатҳои дигар дар кадом поя қарор доранд.

Албатта, мо дар ин мақола асари устодро пурра таҳлил карданӣ нестем. Имрӯзҳо, ки дар ҷумҳуриамон Рӯзи забони тоҷикӣ-форсӣ бо тантана таҷлил мегардад, мехоҳем, дар ин мақола дар бораи инкишофи таърихии забони тоҷикӣ-форсӣ аз рӯи китоби безаволи Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” маълумот диҳем. Тавре дар ин асари безавол омадааст: “Забони имрӯзаи тоҷикӣ, омадааст дар асар, -аз забонҳои ғарбӣ-эронӣ буда, асоси онро лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбии форс ташкил медиҳанд, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн мешавад”.

Навиштаҳои форсӣ (миёна) –и асрҳои 7-8, ки дар Марв ёфт шудааст, пурра далолат менамоянд, ки дар ин давра дар Марву атрофи он бо забони форсӣ ҳарф мезаданд. Чи тавре Б.Ғафуров қайд менамоянд, мувофиқи ривояти ал-Муқаффаъ ва навиштаҳои Мақдисӣ маълум мешавад, ки забони форсӣ ҳанӯз дар нимаи аввали асри 8 дар Балх паҳн шуда буд. Дар ин давра мавқеъ ва мақоми забони форсӣ дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна ва дар ҷануби Тоҷикистон хеле мустаҳкам шуда, маҳз дар ҳамин давраҳо, яъне то замони истилои арабҳо муҳимтарин хусусиятҳои забон ташаккул ёфта буд.

Ҳамин тавр, забони форсӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони Шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, батадриҷ ҷои забонҳои шарқӣ-эронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт. Ба ақидаи академик Б.Ғафуров барои илм тафсилоти ин раванд ва шароити аниқи ҷараёни он торик буда, эҳтимол меравад, ки забони форсӣ чандин аср пеш аз истилои арабҳо ба Осиёи Миёна баробари Монавия омада бошад, зеро дар марказҳои калони Осиёи Миёна, махсусан дар Самарқанд дар асрҳои 6-7 ҷамоатҳои калони монавиён амал мекарданд ва онҳо бо забони форсӣ ҳарф мезаданд. Истилои арабҳо ва паҳн шудани дини ислом ба он оварда расонид, ки тоҷирону косибони шаҳрҳои Суғд маҷбур шуданд, забони форсиро аз худ кунанд, зеро дар он давра афроди ислом овардаро аз баъзе андозҳо озод менамуданд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки раванди ба забони форсӣ гузаштани аҳолии суғдзабони Мовароуннаҳр солҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳаминаш маълум аст, ки дар асрҳои IХ-Х қисми асосии мардуми шаҳрҳои калони Мовароуннаҳр (Самарқанду Бухоро) ба забони форсӣ гузаштанд. Аз осори адибон маълум мешавад, ки дар асри 10 дар Бухоро адабиёти мукаммали форсизабон вуҷуд дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ забони суғдӣ дар амал буд. Аҳолии суғдизабоне, ки ҳоло ҳам дар водии Яғноб (шохоби чапи Зарафшон) боқӣ мондааст, забони форсиро қабул карда бошанд ҳам, ба он баъзе унсурҳои забони суғдӣ, алалхусус унсурҳои лексикии онро дохил кардаанд.

Мувофиқи ривоятҳои сайёҳони асри Х ва маъхазҳои хаттии ҳамон давраҳо, забони форсӣ, яъне забони тоҷикӣ ба чанд лаҳҷа тақсим мешуд ва мардуми ҳар як ноҳияву шаҳрҳои калон бо лаҳҷаи худ гап мезаданд, - қайд кардааст Б. Ғафуров. Дар ин ҷо лаҳҷаҳои Самарқанд, Ҳирот, Нишопур, Марв, Балх ва ғайра номбар шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки лаҳҷаҳои шарқро “форсӣ” ва лаҳҷаҳои ғарбро “аҷамӣ” меномиданд ва истилоҳи “форсӣ”-ро хеле баъдтар ба лаҳҷаҳои ғарб нисбат медодагӣ шуданд. Ба ақидаи забоншиносон аллакай дар асрҳои Х-ХI баъзе хусусиятҳои забоние ба назар мерасиданд, ки хоси забони имрӯзаи тоҷикӣ буданд ва онро аз забони имрӯзаи форсӣ фарқ мекунониданд ва ин фарқият пас аз ним ҳазор сол як шакли муайянеро гирифта тавонист. Ба ақидаи М.Т.Баҳор, ки Ғафуров Б. иқтибос овардааст, ҳоло ҳам масъалаи замон ва макони ташаккули ин забон баҳснок мебошад.

Дар асрҳои IХ-Х бо забони тоҷикӣ адабиёти бой ба вуҷуд оварда шуда, бо ин забон шоҳасарҳои оламшумул офарида шуданд. Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор мерафт. Он осори адабиёти бадеӣ, асарҳои таърихию илмие, ки дар ин давра бо ин забони шево ба вуҷуд омадаанд, дар ҳаёти мадании мардуми Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони Ғарбӣ, Ҳиндустони Шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи наздик ва Миёна наќши калон бозиданд.

Аммо ба маданияти хаттии мардуми эронизабон дохил шудани забони арабӣ забонҳои зиндаи эронии аҳолии Эрон ва Осиёи Миёнаро аз байн бурда натавонист. Забони арабӣ фақат ба сифати забони адабиёти хаттӣ танҳо дар байни қисмати миқдоран ночизи табақаи ашроф, шоирону олимони дарбор ривоҷ ёфта буду халос. Оммаи васеи аҳолии шаҳру деҳкадаҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон, Эрони ғарбӣ бо забони модариашон суҳбат мекарданд, суруду достонҳои қаҳрамонӣ эҷод мекарданд. Барои ҳамин, дар ҳаёти таърихию маданӣ ва адабии халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна наќши нисбатан муҳимеро забоне бозидааст, ки дар сарчашмаҳо бо номи “забони порсӣ” ё “забони форсӣ” ёдовар гардидааст,- менигорад муаррих Б.Ғафуров.

Аз ин рӯ, шароити ба майдони васеи ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ баромадани забони форсӣ ва барои дар хати арабӣ таҷассум кардани он, пеш аз ҳама дар вилоятҳои шарқии хилофат – дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон пайдо шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷойҳо аввалин давлатдориҳои мустақили Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903), Сомониён (875-999) ба вуҷуд омадаанд ва онҳо забони модарии худ –забони форсиро ба сифати забони давлатӣ ва адабӣ пешниҳод карда, бо ҳамин роҳ истиқлолияти сиёсӣ ва мадании худро дар назди хилофати араб пурзӯр намуданд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки майли дар адабиёти хаттӣ ҷорӣ намудани забони модарӣ дар фаъолияти тарҷумонии давраи Сомониён низ равшан мушоҳида мешавад. Масалан, дар байни асарҳои дар ин давра аз арабӣ ба забони форсӣ тарҷумашуда асари арабӣ ба забони форсӣ тарҷумашуда асари “Таърихи Табарӣ” (Балъамӣ) ва тафсири Қуръон ба шумор мераванд.

Албатта, забони арабӣ ҷойи худро ба забони форсии нав соҳиби хатшуда надодааст ва адабиёти хаттии арабӣ ва адабиёти хаттии форсӣ дар муддати мадид ба таври музовӣ вуҷуд дошта бошанд ҳам, забони форсӣ кам-кам доираи истеъмоли забони арабиро дар соҳаҳои гуногуни адабиёти хаттӣ маҳдуд кардан гирифт.

Тавре ки аз тадқиқотҳои Бобоҷон Ғафуров бармеояд, пас аз Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон ва дигар вилоятҳои Эрон забони форсӣ доираи забони арабиро дар навиштаҷот беш аз беш танг мекунад. Масалан, дар охири асри Х ва аввали асри ХI дар Гургон дар дарбори Қобус ибни Вушамгир (976-1012), аз аввали асри ХI дар Ғазна дар дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ (988-1030), аз солҳои 40-уми асри 11 дар Тибриз баъзе шоирон ба гуфтани шеъри форсӣ сар мекунанд. Дар ин ҷо фаъолияти Абӯалӣ ибни Синоро дар солҳои 1020-37 дар Исфаҳон қайд кардан ба маврид аст. Ӯ асарҳои машҳури худ “Донишнома” ё “Донистанномаи Алоӣ”-ро бо забони форсӣ эҷод кардааст. Сабаби асосии ба забони форсӣ гузаштан ин пеш аз ҳама ба оммаи халқ фаҳмо шудани адабиёт буд.

Таъсир шуҳрати адабиёти хаттии форсӣ дар асрҳои миёна чунон бузург буд, ки вай на танҳо дар мамлакатҳое, ки забони форсӣ барои аҳолии онҳо забони модарӣ ҳисоб мешуд, (Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрони ғарбӣ), балки халқҳои гуногуни нуқоти Шарқ курдҳо, ҳиндуҳо, мардуми туркзабони Озорбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асрҳои миёна забони асосӣ ва забони асосии адабиёти хаттӣ ба шумор мерафт. Чи хеле ки аз ҳафриёти археологӣ маълум мешавад, аввалин хати ба забони форсӣ дар рӯйи пиёлаи нуқра сабтшуда ба асри ХI тааллуқ дорад.

Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, чаро дар ҳамаи сарчашмаҳо забони адабиёти арабихат “форсӣ”, “порсӣ”, “порсии дарӣ” номида шудааст. Калимаи “дарӣ” сифати нисбӣ аз “дар”, яъне дарбор (яъне дарбори шоҳ) буда, маънои “дарборӣ”-ро дорад.

Ба ақидаи Б.Ғафуров дар ин истилоҳ вазъияти амиқи маданию таърихии он замон, замоне, ки адабиёти хаттӣ асосан дар дарбори ҳукуматдорони феодалӣ ба вуҷуд меомад, инъикос ёфтааст. Муаллифони арабизабони асрҳои миёна ин истилоҳро ба забони дарбори Сосониён дар Мадоин алоқаманд мекунанд.

Ҳамчунин истилоҳи “дарӣ” дар адабиёти илмӣ баъзан бо лаҳҷаҳои маҳаллии порсҳои (яъне зардуштони) Йазду Кирмон ва лаҳҷаи Сивандӣ (воқеъ дар самти шарқии Теҳрон) ва ғайра низ мансубият пайдо кардааст.

Ногуфта намонад, ки “забони форсӣ” ва “забони дарӣ”-ро ҳамчун ду забони гуногун ба ҳамдигар муқобил гузоштан ҳам нодуруст аст. Чи тавре ки Балъамӣ дар муқаддимаи арабии “Таърихи Табарӣ” (963) забони тарҷумаашро “забони форсии дарӣ” меномад. Ҳамин тавр, ягон шубҳае нест, ки истилоҳҳои “форсӣ”, “форсии дарӣ” ба як маъно кор фармуда шудаанд. Ба ҳамаи ин истилоҳҳои як забон – забони адабиёти классикии форсу тоҷик “забони форсӣ” ифода шудааст.

Ба он ақида ҳам, ки забони паҳлавӣ (забони форсии миёна) ва забони форсӣ гӯё ду забони гуногун бошанд, наметавон розӣ шуд, зеро забони форсии миёна ва забони форсӣ ду давраи инкишофи пайдарпайии як забон мебошанд, ки дар хатҳои гуногунсистема – паҳлавӣ, монӣ, арабӣ инъикос ёфтаанд.

Дар ин ҷо ду масъаларо аз ҳамдигар фарқ кардан лозим аст:

1. Масъалаи макон ва замони пайдоиши забони адабиёти классикии тоҷику форс.

2. Масъалаи таърихи ин забон ва ҷойи он дар байни забонҳои дигари эронӣ.

Нисбати ин мавзӯъ ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров “забони адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Сиистон, Хуросон ташаккул ёфтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо (асри IX-X) пояи забони адабие, ки дар ҳаёти таърихию мадании Осиёи Миёна, Эрон ва мамлакатҳои дигари Шарқи Наздик ва Миёна нақши бузург бозидааст, устувор гардид. Маҳз аз Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Тус ва дигар вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон аввалин эҷодкорони бузурги ин адабиёт – Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигарон дар арсаи адабиёти тоҷику форс ба дунё омадаанд”.

Аз сарчашмаҳои илмӣ бармеяд, ки то давраи ҳуҷуми муғулҳо адабиёти форсизабон на дар ҳудуди Эрони Ғарбӣ, балки дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Хуросон, Сиистон, дар он ҷойҳое, ки асосгузорони адабиёти классикии тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар ҳамзамонону пайравони онҳо зиндагию эҷод кардаанд, инкишоф ёфтааст. Беҳуда Асадии Тӯсӣ “луғати фурс”-ашро (1065*66) “Луғати фурслисони аҳли Балх, Мовароуннаҳр ва Хуросон” нагуфтааст.

Хулоса, ҳар гоҳ ки сухан аз таърихи қадимтарин марҳилаҳои инкишофи ин забон равад, забони адабиёти классикии тоҷику форсро аз давраҳои гузаштаи тараққиёти он, ки ёдгориҳои хаттии форси қадим ва миёна шоҳидӣ медиҳанд, набояд ҷудо кард. Ин забон, ба қавли муаррих Б.Ғафуров, дар ҷойҳои холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонад. Таърихи он на аз давраи истилои араб, балки аз асри VI пеш аз милод шурӯъ мегардад, ки ин фикрҳоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд.

Акбар Ниёзӣ, н.и.п., саромӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019