Бойгонӣ

ҚУРБОНМУҲАММАД ШУКУРОВ: АЗ «ҚОРӢ-ИШКАМБА» ТО «КАРИМ-ДЕВОНА»

   Ҳарчанд, ки худ дӯстдори театр ҳастам, аммо дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар миқёси вилоят саҳнаи ҷолибтар, таъсиргузор ва касбиеро дар ин сатҳ надида будам. Албатта, театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, театрҳои ба номи Сайдалӣ Вализодаи Кӯлоб, ҳамакнун театри лӯхтаки вилоят ҳар мавсим бо намоишҳои ҷолибу диданӣ ба пешвози тамошобин меоянд. Аммо, бо ин теъдод иштирокчӣ дар саҳна, ва он ҳам як намоишномаи комил, ҷиддӣ ва драмавиеро дар вилоят то ин замон надида буд. «Карим- девона». Ин асар вақте рӯи саҳна омаду ба тамошобин эҳдо гардид, бешубҳа, ҳаёти театрӣ, мафҳуми театр ва меҳри онро бамаротиб ба бинанда ошно ва теъдоди дӯстдорони театрро афзун намуд.
Баъди тамошои ин намоишномаи ҷолиб, ки ҳам ханда дошту, ҳам гиря, ҳам мулоҳизарониву ҳам қиёс, ҳам ишқу ҳам талафот, ҳам нишоту ҳам бадбахтӣ, ҳам ҳақиқату ҳам ноҳақӣ, саррез аз таассурот мехостам ҳарчӣ зуд бо таҳиягарони он ҳамсуҳбат шавам, бо ҷузъиёти пасипардагии ин намоиш, мушкилот ва меҳнати ҳунармандон, коргардон, рассом ва умуман ҳамаи дастандаркорон ошно гардам. Аммо, вақт даст намедод ва чуну чароҳои зиёд, давуғечи зиндагӣ ин фурсатро фароҳам намекард.  Аниқтараш Худо розӣ намешуд.
Чанд муддат худро сарзаниш ҳам мекардам, ки чаро ин мавзӯъро инъикос накардам, то бо ин роҳ барои чунин як намоишномаи касбӣ ба ҳамаи ҳунармандон аз номи бинанда миннатдорӣ изҳор намуда бошам…
 …Аз коргоҳ баромадаму бо супориши муҳаррир ба маркази шаҳр пиёда, сарам варами андешаву нақшаи суҳбат бо қаҳрамони навбатӣ қадам мезадам. Чун бо хаёлоти худ андармон назди маҷмааи «Нишони давлатӣ» расидаму аз болои ҷӯи «Хонум» мегузаштам, садои «Э, ассалому алейкум» маро аз қаъри уқёнуси тахайюлот ба соҳил андохт.
Қурбонмуҳаммад Шукуров. Ҳунарманди варзидаи театр, ки беш аз 30 сол дар саҳнаи театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов ҳунар меофарад. Дорандаи медали «Барои хизмати шоиста». Хатмкардаи омӯзишгоҳи маданӣ- маърифатии равшаннамоии ноҳияи ҳозира Рӯдакӣ ва факултаи коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода. Коргадони намоишномаҳои «Зангирӣ- дамгирӣ», «Алибобо ва 40 роҳзан», «Одами Барфӣ», «Кафшҳои Абулқосим» ва ғайраҳо. Иштирокчии чандкаратаи фестивалҳои театрӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон. Дорандаи ҷоизаи «Беҳтари нақши мардонаи дараҷаи дуюм» дар Фестивали байналхалқии театрҳои касбӣ дар шаҳри Бишкек (2018). Коргардон-басаҳнагузорандаи намоишномаи «Карим-девона».
Баробари дидани ӯ тамоми андешаву хаёлот, нақшаву нияти мусоҳиба бо қаҳрамоне, ки бо супориши идора мерафтам, барҳам хӯрд. Қаҳрамони ман ба пои худаш омад. Баъди аҳволпурсӣ бе ҳеҷ муқаддима ӯро ба мусоҳиба кашола кардам. Омадем ба утоқи кориаш. Карим-девона бо симои ҷиддӣ, намоиши ҷасорат ва шӯълаи умед дар чашмон аз дохили чорчӯбаи зарҳалин аз девор ба сӯи ман менигарист. Аз чашмонаш мехондам, «Оё  метавонӣ ба таври воқеӣ хизматҳои маро назди таърих зинда созиву пайғоми маро ба насли имрӯза ба пуррагӣ расонӣ?!»
- Кӯшиш мекунам, - нидо баромад ғайриинтизори худам.
- Чизе гуфтед? – суол кард Қурбонмуҳаммад.
 - Не, ҳамту, андешаҳои босадо,- лабханд задам ман худро ба даст гирифта ва суҳбати мо сар шуд.


- Бигӯед, ки андеша дар бораи рӯи саҳна овардани намоишномае аз ҳаёти шоири халқ Карим- девона аз куҷо пайдо шуд?
-  Ростӣ гап, чанд муддат дар ҷустуҷӯи як саҳнаи ҷиддӣ ва санҷиши худ дар кори коргардонӣ аз рӯи асарҳои драммавӣ будам. Пеш аз ин дар бисёр саҳнаҳои мазҳакавӣ нақш офаридаву чандин саҳнаҳоро низ рӯи саҳна таҳия намуда будам. Аз сӯи дигар ман, ки зодаи минтақаи Ғозималик ҳастам, вақтҳои мактабхонӣ меандешидам, ки аз ин минтақаи кӯҳистони мо, ки хеле мардуми  меҳнатдӯст, қавиву ҷасур ҳастанд, намояндаи илму адаб, саркардаву қаҳрамони миллӣ наход набошад?!
Овони кӯдакиву наврасӣ дар маҳфилҳо, дар вақти мактабхониам, дар сӯҳбат бо калонсолон ин суолро мекардам. Ҷавоби дақиқ нагирифта будам.
Ба мактаби мо Қутбуддин Давлатов ном омӯзгори нави фанни забон ва адабиёт омад. Хеле донишманд буд. Дар дарси аввал таъкид дошт, ки пеш аз ҳама маҳали худ, минтақаи худ, табиату ашхоси таърихиву донишманди онро бояд омӯзем, асолати худро донем. Он вақт дар синфи 5 ё 6 мехондам. Ман дарҳол савол додам. «Чаро аз минтақаи мо ягон нафар шоир нест, оё гузаштагони мо бесавод буданд?»
 Ин густохии ман аввал омӯзгорро як каме даступохӯрда намуд, сурху сафед шуд, ба фикрам каме ғазабӣ ё асабӣ ҳам шуд. Ҳамсинфон ҳама ба ман норозиёна нигаристанд. Аммо, ӯ худро зуд ба даст гирифту маро таҳсин кард, барои чунин савол. Баъд оиди таърихи минтақаи мо, вазъи зиндагии мардум, дастоварду шикастҳояш то охири дарс нақл намуд ва чанд маротиб аз шеърҳои Карим-девона иқтибосҳо оварда, фикрашро тақвият медод. Аз ҳамон вақт зеҳнамро гоҳ-гоҳ такон медод ин ном. Баъдан устод дар мактаб маҳфили драмаро, ки он вақт "кружок" мегуфтем, ташкил кард ва дар он хонандагони синфҳои болоӣ ҷалб шуда буданд. Муаллим маро низ ба ин маҳфил даъват намуд. Ман рафтам ва аз ҳамон ҷо меҳри касби актёрӣ дар дилам нақш баст. Аввалин нақшеро, ки ман дар саҳна бозӣ кардаам, нақши Қорӣ- ишкамба, ҳангоме ки синфи 5-ум мехондам, буд.
 Баъдан, вақте андешаи аз нав зинда кардани номи Карим-девона ба сарам ҷиддӣ нишаст. Аммо ман тамоман мавод надоштам. Танҳо медонистам, ки устод Ҳабибулло Назаров китобе бо номи «Дар ҷустуҷуӣ Карим- девона» навиштаасту устод Турахон Аҳмадхонов як асари  саҳнавӣ низ аз рӯи ин китоб таҳия намудааст. Ман ҷиддӣ дар ҷустуҷӯ афтодам. Ростӣ, ин асари саҳнавӣ пештар дар театри Кӯлоб ва Хуҷанд рӯи саҳна омада будааст, аммо ман онҳоро дида натавонистам. Рафтам назди устод Турахон Аҳмадхонов. Танҳо ҳамин як изҳоре, ки «ман Карим-девонаро рӯи саҳна меорам», устодро он қадар шод намуд, ки ғайрати ман, талоши манро даҳчанд афзун кард. Устод Ҳабибулло Назаров бошанд китоби дигаре таҳия намуда будаанд, ки духтарашон баъди маргашон онро ба чоп додаанд, ки аз 2 қисм иборат мебошанд. Онро низ дастрас намудам. Аммо мавод ҳанӯз ҳам кам буд. Ман мехостам як чизи ҷиддӣ бо иштироки теъдоди зиёди ҳунармандон дар саҳна, ки дар забони мо «масовка» мегӯянд, биофарам.  Иттифоқо, дар рӯзномаи «Адабиёт ва Санъат» як хабари хурдеро вохӯрдам, ки профессори Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав Ҳасани Муродиён китобе аз ҳаёти Карим-девона бо номи «Шуълае аз дуд фориғ» таҳия намудаанд. Рафтам назди устод. Пешопеш миннатдории худро ба устод Ҳасани Муродиён ва тамоми нафароне, ки дар ин кор ба ман кумак карданд, изҳор менамоям. Устод Муродиён то охири кор ҳамчун мушовири намоишнома кумак намуданд. Вақте асар комил шуду мо тамринҳоро ба охир мерасондем, боз чанд нафаре пайдо шуданд, ки кумакашонро пешниҳод карданд. Аммо, асар аллакай комил шуда буд. Ба ҳар сурат ба онҳо ҳам сипос! 
 - Ба фикрам Шумо аллакай ҳамчун образи Карим- девона пешакӣ омода шуда будед?
- Не, тамоман не. Ман умуман худамро дар ин нақш тасаввур намекардам. Аввал ин нақшро ба Аловуддин Абдуллоев- ҳунарманди халқии Тоҷикистон пешниҳод кардам. Аммо он кас, ки роҳбари театр буданд, ва роҳбарӣ худ хеле серкорӣ аст, натавонистанд ин нақшро қабул намоянд. Баъдан ба ин нақш ҳунарманди ҷавон, вале хушсалиқа, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Абдураҳмонов пешниҳод карда шуд. Ӯ матнҳоро аллакай аз худ карда буд. Вале, театри лӯхтак кушода шуду ӯ ба он тараф гузашта рафт. Баъди ин ман маҷбур шудам, ки  худам ин нақшро ба ӯҳда гирам.Интихоби ҳунармандон мушкил набуд?
- Интихоб ва ҷобаҷогузории ҳунармандон дар театри мо, хушбахтона, ҳалли худро ёфтааст. Солҳои пеш мушкили норасоии ҳунарманд мавҷуд буд, аммо имрӯз ҷавонони зиёде ба кор омадаанд, ки хеле умедбахш ҳастанд ва онҳоро ба таври васеъ дар намоишномаи мазкур ҷалб намуда будам.
- Мақсади аслии рӯи саҳна овардани ин намоишнома чӣ буд?
-Бояд бигӯям, ки пеш аз ҳама ин асар дар камолоти шахсии ман нақши бориз гузошт. Барои рӯи саҳна омадани ин асар ман хеле чизҳоро омӯхтам, хеле ҷустуҷӯҳо доштам. Дар рафти омӯзиш борҳо мақсаду ниятҳо иваз шуданд, комил шуданд. Аввал ин ки мо мардумро ба ҳаёту зиндагии гузаштагонамон шинос намудан мехостем, то мардум бубинад, ки дар гузаштаи начандон дур чӣ зиндагии мушкил доштем ва чӣ гуна имрӯз ба зиндагии шоиста худ таҳти сарварии Пешвои оқилу доно расидаем.
 Дигар он ки номи ин шоири халқ, ки 140 солагиаш буд, зинда кардан мехостам.
 - Аксар вақт бо дарназардошти имкониятҳои саҳна, коргардон дар асари саҳнавӣ тағйирот ворид месозад. Баъзан чунон тағйироте ворид мешавад, ки муаллиф ҳатто асари худро намешиносад…
- Дуруст аст. Муаллифи асар диди худро дорад ва коргардон диди худро. Ҳамин асари «Карим-девона» -и Турахон Аҳмадхонов дар театрҳои Кӯлобу Хуҷанд пештар рӯи саҳна омада буданд. Ман низ баъди омӯзиши амиқи ҳаёти Карим-девона, тамоми нигоштаҳо дар бораи ӯ, таърихи ҳамондавраи минтақа ва Аморати Бухоро, ҳаёти онвақтаи мардум баъзе тағйиротҳо ворид намудам. Бояд бигӯям, ки Абдукарим ягон хел девона набуд. Худаш мегўяд, ки
Ман наям девона номамро Карим бинҳодаанд,
Лек аз дасти замона мекунам девонагӣ.

Ӯ бениҳоят шахси доно ва ҷасур буд. Мушкилоти мардум, ҷабру ситами золимонро рӯирост мегуфт. Маҳз «девона» лақаб гирифтани ӯ бесабаб набуд. Ӯ дарк карда буд, ки дар замони онвақтаи Бухорои подшоҳӣ дин дар умури давлатдорӣ ва дар ҳаёти мардум сахт мақом дошт ва тибқи дастуроти Ислом девонаро ёри Худо мегуфтанд ва сухани ӯ ҷавобгарии шаръӣ надошт. Аз ин рӯ, Абдукарим ба худ лақаби «девона»-ро мегирад ва аз ин лақаб ба худ сипар сохта, зулму истибдоди зимомдорони вақтро фош мегӯяд. Ин аз донишмандиву зиракии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Он лаҳазҳое, ки асар рӯи саҳна меомад, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯ ба гармӣ оварда буданд. Азбаски қаҳрамони асар чанд муддат дар Дашнободи Ӯзбекистон дар хонаи як марди бой карбосбофӣ карда, бо як марди ӯзбекзабон бо номи Ҳомид-ака дўстӣ пайдо карда  буд ва устод Ҳабибулло Назаров ҳатто ба ин макон рафта бо фарзанди ин шахс бо номи Ўроқ ҳамсӯҳбат шуда, оиди Абдукарим  маълумот гирифта буданд, ман саҳнаи вохӯрии фарзанди ин мардро бо Карим- девона дар бозори Шӯриён илова намудам, ки риштаҳои дӯстии тоҷикону ӯзбеконро боз ҳам пайванд медод. Ба фикрам хеле мувофиқ омада буд.
Ба хонанда бояд ёдовар шавем, ки Абдукарим дар деҳаи Ҷуррак ба дунё омадааст ва намояндаи мардуми Ғозималик мебошад.
Худи Карим- девона зебоии ин диёрро чунин қаламдод кардааст:
 Ғозиён кўҳи баланду босафову дилбар аст,
 Ғозиён ҷойи кабутарҳои хушболу пар аст.
 

Бо сипос аз омўзгори мактаби деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон бо номи Бобоҷон,  ки осорхонаи махсуси Карим-девонаро ташкил намуда, дар дарёфти либосҳои Карим-девона кумак расониданд, таъкид карданиям, ки ташкили осорхонаи комили шоири халқ Карим-девона дар ноҳияи Хуросон айни вақт аст.
Мавзеи Ҷуррак феълан ҳудуди ноҳияи Рудакӣ мебошад ва аз ин сабаб муҷассамаи шоир дар маркази ин ноҳия гузошта шудааст. Беҳтар мебуд, ки ин муҷассамаро дар маркази ноҳияи Хуросон мегузоштанд, то аз як ҷиҳат ҳуввияти ин мардум боло мерафт, эҳсоси ифтихорашон рушд мекард, мардумро ба ободкориву қаҳрамониҳои нав таҳрик медод ва аз тарафи дигар мардум худаш барои нигоҳубину обод намудани атрофи муҷассамаи қаҳрамонаш талош мекард.
- Биравем тарафи мавзӯи дигар. Қурбонмуҳаммад Шукуров пештару бештар нақшҳои мазҳакавӣ офарида маҳбубият касб кардааст. Ба ғайр аз ин чандин намоишномаҳои мазҳакавиро низ рӯи саҳна овардаед. Ин бор як асари ҷиддии драмавӣ. Аз «Қорӣ- ишкамба» то «Карим-девона» Қурбонмуҳаммад кӣ буду кӣ шуд?
- Дуруст мушоҳида намудед. Чун болотар иброз намудам, аввалин нақше, ки бозидаам, ин нақши Қорӣ-ишкамба буд, ки дар синфи 5-ум мехондам. Он вақт муаллимамон аз пӯсти бузу гӯсфанд риш омода месохт, моро худаш гриму рангу бор мекард. Мо саҳнаи пурхӯрии Қорӣ- Исматро бозӣ мекардем. Чунон ба нақш дода шуда будам, ки ҳатто пашмҳое, ки аз пӯст мерехтанд, ҳамроҳи картошкабирён ба даҳонам медаромаданд ва ман барои он ки нақш хуб барояд, ҳарчанд диламро сахт беҳузур мекард, онро ҳамроҳ бо хӯрок фурӯ мебурдам.
 Аз ҳамон лаҳза ба худ қарор дода будам, ки актёр мешавам. Доим дар чорабиниҳо фаъолона иштирок мекардам, як ният доштам - актёр шудан. Баъди хатми мактаб ҳамроҳ бо бародарам ба Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода рафтем. Он вақтҳо як сол ба донишкада ба гуруҳи русӣ ва як сол ба гуруҳи тоҷикӣ довталабон қабул мешудаанад. Тартиб чунин буд. Он сол навбати гуруҳи русӣ буд. Масъули қабул ҳуҷҷатҳо, расмҳо аз нақшҳоямро диданду гуфтанд соли дигар биёед, ҳатман қабул мешавед ва илова намуд, ки «як солро беҳуда нагузаронеду ба омӯзишгоҳи ноҳияи Ленин равед».Ман рафтам он ҷо. Чун саҳнаеро омода намуда будам, бемушкилӣ қабул шудам ва баъди хатми он, баъди адои хизмати аскарӣ  ба театри халқии шаҳри Қӯрғонтеппа ва баъд ба театри касбӣ ворид шудам. Он замон дар театр чанд гуруҳ фаъолият мекарданд, ки яке аз гуруҳҳоро Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Акамат Азимов роҳбарӣ мекард. Иттифоқо, ҳамкор ё ба забони театр «патрнёр» -и ӯ ба театри Душанбе ба кор гузашта буд ва барои худ партнёри нав мекофт. Манро, ки ҳунарманди ҷавон будам, даъват карду барои санҷиш матнро дода, болои саҳна хонд. Ман баромадам ва он нақшро иҷро кардам ва аз ҳамон лаҳза дар ҳама чорабиниҳо саҳнаҳои ҳаҷвиро якҷо бо устод Акамат Азимов иҷро мекардем. Воқеан, Акамат Азимов устоди ман дар жанри мазҳака аст. Ман то замони рӯи саҳна омадани Карим-девона бештар дар жанри мазҳака ҳунарнамоӣ мекардам. Ҳарчанд мардумро механдонад, аммо иҷрои ин гуна нақш хеле мушкил аст... Инак, беш аз 30 сол аст, ки дар рӯи саҳнаам. Аз актёри оддӣ то коргардони театр расидам. Аз дасти Пешвои миллат мукофоти давлатӣ гирифтам. Баъди ин ба худ қавл додам, ки бояд боз бештар ва ҷиддитар кор кунам, омӯзам, маҳорати худро такмил диҳам. Коре бикунам, ки пештар накарда будам. Намоишномаҳои ҷиддиеро рӯи саҳна биёрам. Ва… «Карим-девона» рӯи саҳна омад. Омаду дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба дар Озмуни театрҳои касбӣ «Парасту» соҳиби ҷойи сеюм гардид. Ин хеле ҷои ифтихор аст барои ман. Аммо Қурбонмуҳаммад кӣ буду кӣ шуд, халқ, тамошобин бояд баҳо диҳад.
- Шумо аз мукофоти давлатӣ сухан гуфтед. Чӣ эҳсосест аз дасти Пешвои миллат гирифтани мукофот?
- Пеш аз ҳама ба таври ҷиддӣ ва огоҳона бояд иқрор шуд, ки миллати мо хеле миллати хушбахт аст, ки чунин сарвар дорад. Тамоми корҳои мо танҳо зарраеанд, ки зери нури офтоб намоёнанд ва ин офтоб Пешвои миллат аст, ки бо дурахши худ ба хонаҳо нур ва ба қалбҳо сурур меорад.  Эҳсоси қадр шудан аз ҷониби Президент хеле эҳсоси ширин ва аммо масъулиятсоз аст. Вақте Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари синаи ман медали «Барои хизмати шоиста»-ро мечаспониданд, ман танҳо ба дурахши чашмони он кас менигаристаму қалбам лабрези фараҳ буд ва он ҷо сидқан аз дил гузаронидам, ки «Ба Пешвои миллат, ба халқи  азизам хизмат мекунам». Гумонам ин суханон мисли раъде буд, ки гулдуррос заду гӯё тамоми мардуми дар толор нишаста маро шунид ва ман акнун худро ваъдадор меҳисобам назди Президент, назди мардум, ки даҳчанд кор кунам. Ин буд эҳсоси ман. Эҳсосӣ шодӣ ва эҳсоси масъулият.
- Феълан ба чӣ кор машғулед, чӣ ният доред?
- Имрӯзҳо чун ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бемории ҳамагир ба кори театр халал ворид кард. Муваққатан танаффус дорем. Аммо, ман дар ҷустуҷу ҳастам, омӯзишҳо дорам. Дигар ин ки чун ваъдаи хизмат ба Президенту ба халқро додаам, пешниҳоди Президентро дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин сармашқи кори худ карда, тамоми ҳудуди замини наздиҳавлигӣ ва замини президентиро ба пуррагӣ ҳамроҳи фарзандон обчакорӣ намудем, ба дарахтони мевадиҳанда аҳамияти бештар додем. Занбўрпарвариро омӯхтам, ки барои таъмини рӯзгор хеле кумак мекунад. Як рӯз биёед, ба чашми сар бубинеду аз меҳнати мо чашида равед.
-Ташаккур барои чунин як суҳбати самимӣ. Ба Шумо парвози боз ҳам баланди эҷодӣ таманно дорам.
-Ба шумо низ ташаккур.
                                                          Мусоҳибаи А. ҶАҲОНГИР
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019