Суҳбати ихтисосии «Ҷумҳурият» бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
Дар вилояти Хатлон дар нимсола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 186 миллион сомонӣ ва ё 5,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра 1222 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ беш аз 1000 гектар боғ бунёд гардид, ки иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарвариро 109 дарсад таъмин намуд. Кишоварзон ба кишварҳои хориҷӣ 81 ҳазор тонна маҳсулот фиристоданд, ки нисбат ба соли рафта 13 ҳазор тонна зиёд аст. Ва ин натиҷаҳои баланд дар вазъе ба даст оварда шуданд, ки дар ҷумҳурӣ COVID-19 хуруҷ дошт ва таҳлилгарони масоили иқтисодӣ аз таъсири манфии он ба суръати рушди хоҷагии халқ изҳори нигаронӣ мекарданд. Дар ин иртибот табиист, ки саволи “Чӣ тавр муваффақ шуданд?” ба миён меояд. Вақте раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҲАКИМЗОДА хабарнигорони “Ҷумҳурият” Муҳаммадзоиршо Шарифзода ва Зокир Ҳасанро ба ҳузур пазируфт, суҳбат дар доираи ҳамин суол сурат гирифт.
КИШВАРИ МО БА БЕДОДГАРИИ SARS-CoV-2 РОҲ НАДОД
— Ба 4 миллиард сомонӣ наздик шудан ё беш аз 5 дарсад афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро шунида, кас гумон мекунад, ки дар вилоят коронавирус хуруҷ накардааст ё зуд пеши роҳашро гирифтанд, то фурсати вайронкорӣ наёбад. Зеро дар шароити пандемия ба чунин натиҷаи назаррас ноил гаштан кори саҳл нест.
– Таъкиди дуруст ва воқеӣ. Бо вуҷуди марзбандӣ, карантинҳои сахт, узлатнишинии чандмоҳаи миллионҳо одам сироят ёфтани беш аз 18 миллион нафар ба COVID-19 дар беш аз 200 давлати дунё ва ба миллион наздик шудани шумораи қурбониён гувоҳи то чи андоза хатарнок будани пандемия аст. Дар Тоҷикистон бо дастурҳои мушаххасу судманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои омодагии роҳ надодан ба вусъати хуруҷи SARS-CoV-2 сари вақт шурӯъ шуданд. Бо ибтикори Сарвари давлат Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ алайҳи коронавирус бо роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ созмон дода шуд, ки муборизаи ҳадафманд бо пандемияро ба маҷрои муайян даровард. Ҳамзамон, дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ низ ситодҳо ташкил ёфтанд. Бо супориши Президенти мамлакат дар маҳалҳо табибон ва кулли кормандони тиб бо дастгирии махсуси моддию маънавӣ фаро гирифта шуданд. Таъмин бо васоити муҳофизатӣ ва доруворию таҷҳизоти табобатӣ аз муҳимтарин масъалаҳо маҳсуб меёфтанд. Миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат гирифтанд, то ки онҳо гигиенаи шахсиро қатъиян риоя созанд ва ба ин васила паҳншавии коронавирус пешгирӣ шавад. Сарфи назар аз он ки дар кишвар карантини саросарӣ роҳандозӣ нагашт, аллакай, моҳи июн сироятёбӣ рӯ ба коҳиш ниҳод. Ин дастоварди ниҳоят муҳим буд. Ҳукумат ҷиҳати дастгирӣ имтиёзҳои гуногунро роҳандозӣ намуд, ки басо саривақтӣ буданд.
МУБОРИЗАИ БОБАРОР ДАР ДУ ҶАБҲА
— Натиҷаҳои шашмоҳаи вилоят, дар ҳақиқат, тасдиқи ҳамин нуктаанд. Яъне тамоми тадбирҳо ба он равона шуданд, ки рушди хоҷагии халқ халали ҷиддӣ наёбад. Метавон гуфт, ки заҳматкашони вилоят дар ду ҷабҳа бобарор фаъолият доштанд: ҳам дар фикри эҳтиёт кардани саломатӣ будан бо риояи тавсияи табибон ҷиҳати қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҳам садоқатмандона меҳнат кардан.
— Ду ҷабҳаро басо нишонрасу бамавқеъ гуфтед. Яъне дар асоси раҳнамоӣ ва супоришҳои Сарвари давлат мо тавозунро дар ин ду ҷабҳа нигоҳ дошта тавонистем. Албатта, авлавият ба ҳифзи саломатии мардум дода мешуд, зеро ҳар қадар аҳолӣ камтар сирояту бемор шаванд, ҳамон андоза қувваи корӣ фаъол мемонад. Ва гумон мекунам, маҳз чунин стратегия омили муҳими пешравӣ дар аксар соҳаҳо гашт.
Дар вилоят иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 712 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли 2020 бонкҳои вилоят барои тараққиёти соҳаҳои кишоварзӣ 241,8 миллион, саноат, сохтмон ва нақлиёт 178 миллион, савдои яклухт ва чакана 141 миллион, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,3 миллион ва дигар соҳаҳо 113,3 миллион сомонӣ равона карданд, ки, дар маҷмӯъ, нисбат ба соли гузашта 33 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки фароҳам овардани шароити муносиби соҳибкорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ буда, шумораи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Дар доираи ҳамин дастгириҳо бо мақсади ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ҷониби соҳибкорони вилоят 26 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 59,9 миллион сомонӣ таҳия гардида, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод шуд. Аз ин ҳисоб чор лоиҳа ба маблағи 21,4 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт, ки дар ҳоли татбиқ аст. Ҳоло дар вилояти Хатлон 31 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар амал аст, ки маблағи умумии азхудшуда 390 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
ИҚТИДОРИ САНОАТИИ ВИЛОЯТ ТОРАФТ МЕАФЗОЯД
— Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ вилояти Хатлон солҳои охир ба маркази тавонои саноатӣ табдил меёбад. Зикри МОИ “Данғара”, ташкили Минтақаи озоди иқтисоди “Кӯлоб”, маҷмааи беназири ресандагию бофандагии “Ҷунтай Син Силу” ва чандин корхонаи дигар, ки дар ду – се соли охир мавриди истифода қарор гирифтанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. То ҷое воқифем, татбиқи стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат дар вилояти Хатлон бо муваффақият идома дорад. Аз ҷараёни корҳо дар ин самти муҳим Шумо чун раиси вилоят то чӣ андоза қаноатманд ҳастед?
— Аввал аз нигаронӣ гуфтаниям, ки аз касрати коронавирус гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 31,7 миллион доллари ИМА коҳиш ёфта, 144 миллион долларро ташкил дод. Содироту воридоти мол низ кам шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, вилоят тавонист ба миқдори 81 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, маҳсулоти кишоварзӣ бароварда, аз берун нуриҳои маъданӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, доруворӣ ва шакар ворид шуданд.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 186 миллион сомонӣ ва ё 5,2 дарсад зиёд мебошад. Дар баъзе соҳаҳои саноат иҷрои нақша аз 123 то 149 фоиз расид. Дар нимсолаи аввал дар вилоят 46 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 494 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сохтмони 66-тои дигар идома дорад.
Дар ин росто мехоҳам чанд сухан аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ гӯям. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар диёрамон беш аз даҳ сол инҷониб минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал мекунанд. Онҳо бояд муҳаррики иқтисоди миллӣ гарданд. Ҳадаф аз таъсиси минтақаҳо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ дар ташкили ширкатҳои муосири истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои навтарин, тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвият бахшидани неруи содиротии кишвар аст. Алъон дар вилоят МОИ “Данғара” ва “Панҷ” фаъоланд, Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Дар ду минтақаи аввал 28 субъекти саноатӣ фаъолият дошта, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ин рақам метавонист чандин маротиба боло равад, агар дар МОИ “Данғара” пуриқтидортарин дар кишвар корхонаи коркарди нафт – Ширкати муштараки Тоҷикистону Чин “ТК Ойл” мавриди истифода қарор мегирифт, ки иқтидори солонааш коркарди 1,2 миллион тонна нафт аст.
АЗ БОҒҲОИ МАЪМУЛӢ БА ИНТЕНСИВӢ БОЯД ГУЗАШТ
— Кишоварзони зафарманди вилоят ҳамасола доди кор дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Ҳосили фаровоне, ки онҳо аз заминҳои зархез бо арақи ҷабин мерӯёнанд, маҳсулоти хӯрокворие, ки бо камоли кордонӣ истеҳсол мекунанд, файзи дастархони мардуми диёр ва кишварҳои хориҷӣ мегарданд. Имсол баракати заҳматашон чӣ гуна аст?
— Дар ҳақиқат, онҳо арзандаи ҳама гуна ситоишанд. Суханро ба дарозо накашида, чанд мисол меорам, ки меҳнати фидокоронаашон то имрӯз чи натиҷа ба бор овард. Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар асоси риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи технологияҳои муосир истеҳсоли ғалладона ба 463 ҳазор, сабзавот ба 715,5 ҳазор, полизӣ ба 233 ҳазор, меваҷот ва ангур ба 55 ҳазор тонна расонда шуд. Яъне, суръати афзоиш аз 5 то 16 дарсад таъмин гардид.
Пӯшида нест, ки пахтакорӣ аз муҳимтарин бахши кишоварзии вилоят ба шумор меравад. Соли ҷорӣ дар майдони беш аз 124 ҳазор гектар чигит кишт шуд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 ҳазор гектар зиёд мебошад. Тибқи баҳои коршиносон, дар саҳро ҳосили хуби “тиллои сафед” парвариш меёбад.
Дар вилоят 1222 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ зиёда аз 1000 гектар боғ бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 108,8 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 383 гектар боғ ва 32 гектар токзор барқарор шуд. Бо дастури Пешвои миллат солҳои охир дар мо низ ба масъалаи бунёди боғҳои серҳосил (интенсивӣ) беш аз пеш диққат дода мешавад, зеро фардои боғдорӣ маҳз ба ҳамин усули ниҳоят муфиди дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собитшуда вобаста аст. Айни замон майдони умумии боғҳои интенсивӣ қариб 30 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳанӯз ибтидои кор аст.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар 56 гектар гармхонаҳои доимӣ ва 714 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият намуда, аз ҳисоби онҳо зиёда аз 18 ҳазор тонна маҳсулоти барвақтӣ, хусусан помидор, бодиринг ва дигар сабзавот истеҳсол гардид.
Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 35 ҳазор тонна гӯшт, 144 ҳазор тонна шир, 41 миллион дона тухм, 2,9 ҳазор тонна пашм ва 547 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аз 3 то 35 дарсадро ташкил медиҳад.
ДУШВОРИҲОИ КУНУНИИ САЙЁҲӢ ДАРГУЗАРАНД
— Тоҷикистон се сол боз бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат роҳи рушди соҳаи сайёҳиро пеш гирифтааст ва дар ин муддати кӯтоҳ тавонист ба муваффақиятҳои муайян ноил гардад. Аммо, бинобар хуруҷи коронавирус, ки боиси қатъи ҳамкориҳои байналмилалии туризм гаштааст, ин соҳа чанд моҳ боз марҳилаи гарони “хомӯшӣ”- ро аз сар мегузаронад. Кишвари мо низ аз ин раванди нохуш барканор намонд. Вазъи он дар вилоят, ки бисёр иншооти таърихию табиии басо ҷолиби сайёҳӣ дорад, чӣ гуна аст?
— Бино ба баҳои коршиносони байналмилалӣ, муҳликтарин зарбаи коронавирус маҳз ба соҳаи туризм зада шуд. Ва сайёҳии ватанӣ низ зери чунин зарба монд. Дар ҳудуди вилоят 931 ёдгорӣ, мавзеи таърихию фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 меҳмонхона, 111 мавзеи сайёҳӣ, 91 истироҳатгоҳу осоишгоҳ ва бисёр дигар инфрасохтор мавҷуд аст. Дар шаш моҳи гузашта аз онҳо 42 ҳазор сайёҳ дидан кард, ки аз ин теъдод ҳамагӣ 1652 нафар аз давлатҳои хориҷӣ буд. Вазъ воқеан нигаронкунанда мебошад.
Мусаллам аст, ки коронавирус дер ё зуд аз байн меравад, ҳамчунин, мушкилиҳое, ки бар асараш дар соҳаҳои гуногун ба миён омадаанд, рафъ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар бахши сайёҳӣ. Ба ҳар ҳол, гуфтан хато мебуд, ки соҳа пурра аз фаъолият бозмондааст. Айни замон сомонаи алоҳидаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (sayohikhatlon.tj) бо се забон омода гардида, маълумоти пурраи шаҳру ноҳияҳо дар он ҷойгир карда шудааст. Саҳифаҳои сайёҳӣ дар сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм ва Ютуб таъсис дода шуда, маълумоти ба соҳаи сайёҳии вилоят алоқаманд аз тарафи мутахассисон дар онҳо гузошта мешавад. Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят 23 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 70 намунаи буклетҳо дар бораи ҳудуди марзиву маъмурии вилоят ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратии шаҳру ноҳияҳо бо се забон таҳия шуд. Дар нимсолаи аввали соли 2020 зиёда аз 50 маротиба саёҳати муташаккилонаи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз вилоят ташкил ва зиёда аз 10 семинар — машварат дар самти сайёҳӣ бо фарогирии 785 намояндаи ширкатҳо ва масъулони соҳаи сайёҳӣ баргузор гашт. Хуллас, ширкатҳои сайёҳии мо ба қабули минбаъдаи меҳмонон ҳаматарафа омодагӣ мегиранд, то ки дар мавсими баъдипандемия Тоҷикистони афсонавиро ба сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.