Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ба ифтихори 110- солагии МирзоТурсунзода
Мекунам шаб то ба рӯз наззора ҳар истораро,
Медиҳам таскин дамодам ин дили ғамбораро.
Гуфтамаш: ман ошиқам, аммо надонам чораро,
«То ба кай пинҳон кунам дарди дили бечораро.
То ба кай аз ашки сӯзон тар кунам рухсораро».
Дар раҳи ишқи ту дидам борҳо ҷабру ҷафо,
То ба ишқат дил ниҳодам, гашт бо ғам ошно.
Бо садои сози қалбам ту нагаштӣ ҳамнаво,
«Аз гулистони муҳаббат то расад бӯи вафо,
Аз сари кӯяш накандам дидаи наззораро».
Нест осон сабр бар ғамҳои ишқи ошиқон,
Ҳаст зиндони бало дунёи ишқи ошиқон.
Мавҷ дорад аз ҷунун саҳбои ишқи ошиқон,
«Ҳарки шуд бебаҳра аз савдои ишқи ошиқон,
Мезанад санги маломат ошиқи овораро».
Нест ошиқ ҳар касе ӯро нафорад рози ман,
Нест оҳанги наве имрӯз андар сози ман.
Марг аз ман дар рабуд он дилбари таннози ман,
«Дар дили ҷонон намесозад асар овози ман,
Об созад нолаи ман гарчӣ санги хораро».
Кароматулло Садиров, роҳбари маҳфили адабии Мавлоно-и н.Ҷалолиддини Балхӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


