Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАРД ВА ПИРИ ХИРАДМАНД
- АЗ ҲАР ЗОВИЯ -

Марде аз авзоъи замон назди пире гила карду гуфт:
— Дӯстонам бо ман муносибати хуб надоранд. Фарзандон, ҳамсарам ва ҳамаи дунё хеле худхоҳ шудаанд. Ҳеҷ касе рафтори дуруст надорад ва авзоъ хеле хароб аст.
Пири хирадманд гуфт:
— Дар деҳае як утоқ буд, ки ҳазор оина дошт. Духтараке ҳар рӯз дохили он мерафт ва бо хушҳолӣ бозӣ мекард ва аз он ҳазор духтараки дигаре, ки атрофаш буданд, шод буд. Бо каф задани ӯ ҳазор духтараки атрофаш низ каф мезаданд ва ӯ ин утоқро беҳтарин ва шодтарин макони дунё медонист.
Ҳамин макон боре мизбони марди ғамгин ва афсурда шуд. Мард ногаҳон дид, ки ҳазор нафар асабонӣ дар чашмонаш нигоҳ мекунанд. Тарсид ва дасташро баланд кард, то ба онҳо ҳамла кунад ва дар посух ҳазор даст баланд шуд, то ӯро бизананд. Ӯ бо худ фикр кард, ки инҷо бадтарин нуқтаи олам аст ва аз он фирор кард.
Дунё низ монанди утоқест бо ҳазор оина дар атрофи мо. Ҳарчи мо анҷом медиҳем, сазои онро айнан ё ҳазор маротиба бештар ба мо нишон медиҳад. Ин дунё мисли биҳишт аст ё ҷаҳаннам вобаста ба худи мо аст, ки аз он чӣ месрзем.
Гарчи девор афканад соя дароз,
Боз гардад сӯйи ӯ он соя боз
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо.
МАВЛАВӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


