НИҚОБИ ТИББӢ - АСОСИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

- Солимӣ -


Баъди гузаронидани чораву тадбирҳои зиддиэпидемикӣ авҷи бемории коронавирус дар сатҳи вилоят коҳиш ёфтааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ таъмини сохторҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо таҷҳизоту лавозимотҳои тиббӣ, либосҳои худмуҳофизатӣ, маводҳои доруворӣ, сатҳу сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ хубтару беҳтар гардид. Корҳои оммафаҳмонӣ- дастрас намудани аҳолӣ бо маводҳои иттилоотӣ, баромадҳои мунтазам тавассути телевизион ва радио, мақолаҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо корҳои беҳдоштӣ ва безараргардонӣ чорабиниҳое буданд, ки дар пешгирӣ ва паст намудани сатҳи беморӣ мусоидат намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки гарчанде афзоиши беморӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ин барои суст намудани тадбирҳои пешгирикунанда асос шуда наметавонад. Бояд дар хотир дошт, ки бемории коронавирус аз як минбаъ сар зада, дар муддати кутоҳ ба тамоми кишварҳои сайёра паҳн гардид. Ин моро водор месозад, қоидаю талаботҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоем. Дар пешгирии ин беморӣ истифодаи ниқоби тиббӣ хело муҳим ва зарур аст. Мутахассисони соҳаи тиб дар он ақида мебошанд, ки ниқоби тиббӣ барои шахси бемор ҷиҳати паҳн накардани вируси сироятӣ ба шахсони солим ва ба муҳити атроф нақши асосиро мебозад.

Тибқи маълумотҳои пешниҳод намудаи олимони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 фоизи гирифторони ин беморӣ бе ягон аломатҳо касалиро мегузаронанд. Онҳо дар худ ягон аломат ҳис накарда, худро солим мешуморанд. Аммо ҳамчун манбаи беморӣ аз худ ин вирусро хориҷ мекунанд. Аз нуқтаи назари эпидемиологӣ маҳз ҳамин қабил шахсон барои паҳн намудани бемории коронавирус хавфи калон доранд. Азбазки онҳо худро солим ҳис мекунанд ва дар бозору мағозаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, идораву муассисаву ташкилотҳо озодана гашту гузор мекунанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамин гуна шахсон сабаби тез паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус мешаванд.

Мутаассифона, имрӯз як қисми шаҳрвандон бе риояи қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ ва гигиенаи шахсӣ, бе истифодаи ниқоби тиббӣ гашту гузор мекунанд. Ба инобат бояд гирифт, ки моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати солҳои гузашта ҳарорати ҳаво паст фаромадааст. Хунукшавии ҳаво ба он мусоидат мекунад, ки шамолхӯрии организм ба вуҷуд ояд ва ин боиси авҷ гирифтани бемориҳои шадиди роҳи нафас мегардад.

Бояд донист, ки бисёри аз бемориҳои шадиди роҳи нафас ба аломатҳои бемории сироятии коронавирус монанд мебошад. Дар фаслҳои нисбатан паст будани ҳарорат масунияти одамон паст мегардад ва ин боиси паҳн шудани бемориҳои роҳи нафас, аз он ҷумла бемории сироятии коронавирус мегардад.

Моҳияти ниқоб барои пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас омили асосии пешгирӣ аз ин бемориҳо мебошад. Дар назар бояд дошт, ки истифодаи ниқоб аз ҳама гуна бемориҳои шадиди роҳи нафас, аз он ҷумла бемории сил, ҳама гуна намудҳои зукомҳои мавсимӣ, бемории сироятии коронавирус ва дигар бемориҳои ба воситаи ҳавогию қатрагӣ гузаранда муҳофизат менамояд.

Таҳлил ва омӯзишҳо нишон медиҳад, ки дар он кишварҳое, ки нисбати чорабиниҳои пешгирикунанда аз бемории сироятии коронавирус беаҳамиятӣ зоҳир карданд, авҷи дуюми ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.

Аз ҳамин хотир зарур аст, ки дар ҳама идораву ташкилотҳо, муассисаҳо, нуқтаҳои савдо, бозорҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоби муҳофизатии тиббӣ ҳатман истифода бурдан лозим аст. Мубориза бар зидди бемории коронавирус ва ҳар чӣ тезтар маҳв кардани он муносибати инсон вобастагӣ дорад. Дар сурати дар сатҳи зарурӣ наандешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ коронавирус метавонад муқовимати худро зиёд намуда, ба доруҳои зиддивирусӣ мутобиқат пайдо кунад.

Пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус фақат кори сохторҳои тандурустӣ набуда, муборизаи сарҷамъонаро талаб менамояд. Интизом барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар мадди аввал буда, ҳамаи он тавсияҳое, ки аз тарафи сохторҳои тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд, катъиян бояд иҷро намуд. Зеро дар ҳолати ғайр коронавирус метавонад дуюмбора авҷ гирад.

Қайд намудан зарур аст, ки агар дар аввали сар задани ин беморӣ шахсони синну солашон калон, яъне 50-60 ва аз ин боло гирифтори ин беморӣ мешуданд, ҳоло бошад ҷавонону наврасон низ бемор шуда истодаанд.

Дар баробари истифодаи ниқоби муҳофизати роияи қоидаву талаботҳои беҳдоштӣ, аз он ҷумла гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи ҷамъиятӣ хело зарур аст.

Шустани дастон бо собун муҳимтарин роҳи пешгирӣ аз коронавирус аст. Чунки истифодаи маҳлулҳои спиртдор ё шустани дастҳо бо собун вирусро нобуд мегардонад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдор, безараргардонидашуда ё бо собун шӯем. Пеш аз ҳама шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардондашуда қабл аз тайёр намудани хӯрок; истеъмоли ғизо; нигоҳубин ва аёдати бемор; баъд аз сулфа ва атса задан; пас аз қазои ҳоҷат ва дар ҳама ҳолатҳое, ки дастон ифлос мегарданд.

Давомнокии шустани дастон бояд 40-60 сонияро ташкил диҳад.

Ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи қатъшуда пӯшонед. Ҳатман рӯймолчаро ба қӯттии партови сарпӯшдор партоед ва дастонро бо маҳлули спиртдор ва ё бо собун шуед.

Пӯшидани даҳону бинӣ ҳангоми сулфа ва атса задан ба паҳн шудани вирусҳо ва дигар микробҳои касалиовар монеа мешавад. Агар ҳангоми сулфа ё атса задан даҳон ва биниро бо даст напӯшонед, микробҳои дасти шумо ба ашёҳо ва ё ба одамоне, ки шумо бо онҳо дастфишурӣ мекунед мегузаранд.

Инчунин аз одамоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком доранд, худро дар масофаи на кам аз 1 метр нигоҳ доред. Аз он хотир, ки ҳангоми сулфа ё атса задан одаме, ки бемории сироятии роҳҳои нафас дорад, дар атрофи худ қатраҳои хурди вирусро паҳн мекунад. Агар шумо дар масофаи наздик бо ин шахс қарор дошта бошед, ҳангоми нафас кашидан метавонед аз ин вирус сироят ёбед. Ҳангоми доштани табъи баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ аз сафар худдорӣ намоед. Инчунин агар табъи баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо мушоҳида намудед, аз ниқоби яккарата истифода бурда, ҳатман ба духтури оилавӣ ё духтури минтақаи худ муроҷиат намоед.

Дар баробари ин риояи гигенаи шахсӣ хело зарур аст. Аз чорабиниҳое, ки ба ҷамъшавии одамони зиёд сабаб мешавад, дурӣ ҷӯед. Напартофтани рӯймолчаву ниқобҳо дар қади кӯчаҳо, туф кардан худдорӣ намуда, аз носкашӣ ва тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, саломи дастӣ ва ба оғӯш гирифтан, якдигарро бӯсидан қатъиян манъ аст. Дар тӯю маъракаҳо аз сачоқ ва косаву табақи умумӣ истифода набаред.

Дар баробари ин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳо барои риояи гигиенаи шахсӣ шароит фароҳам овардан ҳатмист. Зарур аст, ки ҳар як мактаббача, донишҷӯй ба таври ҳаррӯза барои худ оби нӯшокии безараргардонидашуда, сачоқ ва собун ба таври алоҳидагӣ бояд дошта бошанд. Дар даромадгоҳҳои ҳамаи идораву ташкилотҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада, донишгоҳҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ гузоштани монегии дезинфиксионӣ зарур мебошад. Дар вақти рӯбучин ҳатман аз моддаҳои хлордор истифода бурдан зарур аст. Ҳамзамон ба таври васеъ бурдани корҳои дезинфексионӣ хело муҳим мебошад.

Добавить комментарий