ҲАМСОЯ ВА ТАБАР
- Аз ҳар зовия –
Марде хост ба ҳезум равад, аммо дид ки табараш нопадид шудааст. Шак кард, ки ҳамсояааш онро дуздида бошад, барои ҳамин, тамоми рӯз ӯро зери назар гирифт ва мутаваҷҷеҳ шуд ки ҳамсояааш дар дуздӣ маҳорат дорад. Мисли як дузд роҳ меравад, мисли як дузде, ки мехоҳад чизеро пинҳон кунад, пич-пич мекунад. Он қадар аз шакаш мутмаин шуд ки тасмим гирифт ба хона баргардад ва либосҳояшро иваз кунад ва назди қозӣ шикоят кунад. Аммо ҳамин ки вориди хона шуд, табарашро пайдо кард. Занаш онро ҷобаҷо карда буд.
Мард аз хона берун рафт ва дубора ҳамсояаашро зери назар гирифт ва дарёфт ки ӯ мисли як одами шариф роҳ меравад, ҳарф мезанад ва рафтор мекунад.
P.S.
- Ҳамеша ин нуктаро ба ёд дошта бошед, ки мо инсонҳо дар ҳар мавқеияте маъмулан чизеро мебинем, ки дӯст дорем бубинем.