МЕВАИ ШИРИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ


Беҳтарин, ширинтарин ва болаззаттарин мевае, ки баъди интизориҳои тӯлонӣ, гузаштани садсолаҳои зери асолату фармонравии бегонагон умр ба сар бурдани Ватани азизи ман насиби миллатам гардидааст, ин меваи ширин Истиқлолият аст.

Ҳар гоҳе номи Тоҷикистонро ба забон мегираму ба хубӣ эҳсос менамоям, ки ин Ватан имрӯз воқеан соҳибистиқлол асту миллати сарбаланди ман ва халқи бунёдкори он тақдири имрӯзу фардои дурахшони худро ба дасти ақлу андешаи солими хеш мустақилона ҳаллу фасл менамояд, вуҷудатро ифтихору фараҳмандӣ фаро мегирад. Ба тамоми вуҷуд эҳсос менамоям, ки мустақилияти комил як нишони неки давлатдории имрӯзаи мо гардидаасту Тоҷикистони азизро дар қатори дигар мамлакатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва ин эътирофи мустақилият ҳар рӯзу ҳар соат ба пешравии кори мо, дар маҷмӯъ бошад ба болоравию обрўю нуфузи кишвари ҷоноҷон дар арсаи байналхалқӣ сабаб гардида истодааст.

Тавре Сарвари хирадманду дурандеши давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз намудану таҳким бахшидан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди ин кишвар аст. Бошандагони ноҳия ин нишондоди Президенти мамлакатро сармашқи кори худ карда, кӯшиш менамоянд дар мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии кишвар, ки он дар навбати худ сарчашмаи устувории сиёсии мамлакат мебошад, ҳиссагузор бошанд.

Бамаврид аст қайд намоям, ки истиқлолияти воқеии имрӯзаи кишвар на ба ҳама хориҷиён писанд аст. Бахусус, дар байни сиёсатмадорони хориҷӣ пайдо мешаванд нафароне, ки пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон устухони калони гулўяшон гардидаасту ба ҳар роҳу восита мехоҳанд пеши роҳи ин пешравию шукуфоиро бигиранд.

Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос танҳо ягонагию якдигарфаҳмии мо, кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба нокомии ниятҳои нопоки душманони миллату кишвар сабаб гардад. Ин нуқтаи муҳимро ман зимни ҳар як вохӯрию мулоқот бо бошандагони ноҳия таъкид менамоям. Вақте мебинам, ки онҳо чун ватандори ҳақиқӣ барои мустаҳкам намудани Истиқлолияти мамлакат, пешравиҳои он дар тамоми соҳаҳо кӯшиш менамоянд, сарам ба осмон мерасад. Дилпур мешавам, ки дар мисоли ҳамдиёрони ман ин Ватан созандагони некандеши ояндаи миллати хешро дорад. Ва бовар ҳам дорам, ки ин марому мақсади имрӯзаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст.

             Нишонзода Даврон Амиралӣ, раиси ноҳияи Носири Хусрав

Добавить комментарий