ТАЛАФОТ. ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАРГУЗАШТ
Даргузашти устод Гулназар талафотест басо бузург барои миллате, ки сурудаи аз қалби ў шоридаро дар ҳар хонадони ин миллат ҳар пиру барно, ҳар тифли маъсум ва ҳар модари ҷигарсуз азёд медонаду баробари садо доданаш эҳсоси ифтихор аз бузургии Ватани худ ўро фаро мегирад.
Ту аз умеди рафтагон нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Танҳо ҳамин як нақароти Суруди миллиаш кифоят аст, ки бузургии ўро васф намоем. Аммо собиқаи бенуқсони меҳнатиаш ба ҳайси рузноманигор, адиб ва олим дар аксари рўзномаҳои бонуфузи Ватани азиз бозгўи заҳматталабии устод ва маҳорати касбиаш аст.
Агар номи маҷмуаҳои ашъорашро паи ҳам бичинем, худ шеър хоҳад шуд, назм хоҳад шуд, бадеият хоҳад дошту моломоли вазну қофия хоҳад буд.
«Фасли оғоз»-и дунёи меҳраш шурўъ гашта, дар он ба «Тулӯи беборӣ» ҷой набудаву, ҳар субҳ ба «Оинаи ташна» нигариста ба зиндагӣ бо назари гарм нигариста зери лаб талқин мекарда, ки Тоҷистон, «Туву хубиву раъноӣ» тавъаманд ва дар «Дарёи кӯча» ба «Сафина»-и тахайюлот савор дар ҷустуҷу мешудаст, ки «Шоиру шеъре агар ҳаст…», он бояд «Оғӯши саршор» аз муҳаббат ба Ватан дошта, дар «Девори сабз»-и он «Гули афшони олуча» бикашад ва аз «Борони бесаранҷом» нотарсида «Аз барои Гулизор» дар бағал «Се кулчаи танӯрӣ» савғо биёрад…
Аз реҳлати устод Гулназар аҳли маҷаллаи «САФО» сахт андўхгин буда, ба тамоми мардуми Тоҷикистон изҳори тасаллият менамоем.