“ОБИ ЗАМ-ЗАМ”-И ШИФОБАХШИ ДӮСТӢ
Иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар самти бунёди иншооти таъиноти гуногун ба рушди соҳибкорӣ, солимии аҳли ҷомеа ва ободии деҳот заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Соҳибкори ватанӣ Шералӣ ДАВЛАТОВ чанд сол қабл бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замини санглохи бекорхобидаро ба боғу бӯстон ва гулистони ҳақиқӣ табдил дода, аз масофаи 1,5 километр оби шифобахшро тавассути қубурҳо аз кӯҳи баланд ба лаби дарёи Вахш оварда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Навзамин»-и ноҳияи Дӯстӣ осоишгоҳи табобатии „Оби Зам -Зам“ - ро бунёд кард.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди осоишгоҳи табобатии „Оби Зам-Зам“ барои бунёди ин фароғатгоҳи табобатӣ миллионҳо сомонӣ сарф карда, бинои хуштарҳу замонавӣ барои қабули 60 нафар меҳмонону дардмандон дар як вақт бо шароити арзандаи табобату фароғат, бозгӯ ба талаботи замон бунёд намуд. Асоси табобати беморон тавассути оби шифобахши тозаву мусаффои шӯр, ки аз дили кӯҳ мебарояд, мебошад. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ин об аз ҷониби сайёҳони рус кашф гардида, баъди ду маротиба аз ташхиси олимони шаҳри Москва гузаштан ба истифодаи он иҷозат доданд, зеро шифобахшии он исбот гардид. Маълум шуд, ки таркиби ин оби шифобахш дорои йод, бром, хлор ва оҳан мебошад. Дар як шабонарӯз аз синаи кӯҳи баланди наздикии осоишгоҳи табобатии „Оби Зам-Зам“ - и ноҳияи Дӯстӣ 20 тонна оби гарми шӯрмазза, ки дар тамоми фаслҳои сол якхела ҳарорат- 37,4 дараҷа гармӣ дорад, ҷорӣ мешавад. Таърихи ин мавзеъ, оби шифобахшро духтури собиқадори амрози даруна ва қалб, сокини ноҳияи Дӯстӣ Абдулло Исматов ҳамчун мутахассис хубтар медонад. Андешаҳои боло низ аз забони ӯ рӯи саҳфа рехтаанд.
Тавре ин табиби ҳозиқ иброз дошт, ӯ 40 сол боз аз ин оби шифобахш истифода мебарад, зеро фоидаю шифобахшии ин обро хуб дарк кардааст ва ба дигарон низ тавсия медиҳад. Солҳои Шӯравӣ аз давлатҳои собиқ Иттифоқи Советӣ - Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистону Қазоқистон дардмандон ба инҷо омада табобат мегирифтанд. Бахусус, аз давлати ҳамсояи ӯзбекистон дар як рӯз 50-100 нафар ниёзмандон ба ноҳияи собиқи Ҷиликӯл имрӯза Дӯстӣ омада, ба дарди худ дармон меёфтанд. Имрӯз, ки осоишгоҳи табобатии „Оби Зам-Зам“ бо шароити арзанда дар хизмати дардмандон қарор дорад, ин анъанаи нек аз сари нав эҳё шуда истодааст, зеро роҳи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо шарофати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат МИРЗИЁЕВ кушода аст.
- Оби дари хона минбаъд қадр дорад. Ба хотири солимии худ аз чунин оби шифобахш истифода бурдан манфиатбахш мебошад,- тавсия медиҳад духтур Абдулло ИСМАТОВ.
- Дар ҶДММ осоишгоҳи„Оби Зам-Зам“-и Ҷамоати деҳоти «Навзамин»-и ноҳияи Дӯстӣ бо иқдоми ҷавонмарди бонангу номуси диёр Шералӣ ДАВЛАТОВ бунёд ёфтани чунин осоишгоҳи замонавӣ ба хотири солимии ҳамватанон ва ниёзмандону дардмандон ва сайёҳони дигар давлатҳо мебошад, зеро ин осоишгоҳ дар лаби дарёи пуртуғёни Вахш ҷойгир буда, атрофи он ба боғу бӯстон ва гулистони ҳақиқӣ мубаддал гардидааст. Барои табобати бемориҳои дилу шарён, узвҳои ҳаракат, асаб, амрози даруна ва бемориҳои узвҳои пешоббарор ва таносул ҳама шароит фароҳам оварда шудааст,- таъкид дошт дар суҳбат сардухтури осоишгоҳи „Оби Зам-Зам“ Адолат ТИЛОЕВА.
Аз рӯи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб дар даруни об 15 - 20 дақиқа истодан кифоя мебошад. Метавон дар як рӯз ду маротиба аз ин оби шифобахш истифода бурд, вале фосилаи 6 соатро бояд риоя кард. Баъди аз оби шифобахши шӯр баромадан то 1,5 - 2 соат оббозӣ намекунед, ба хотири он ки оби шӯр ба солимии инсон таъсири манфиатбахш расонад.
- Банда дар чанде аз осоишгоҳҳои номдори мамлакат будам, вале ба дардам аз осоишгоҳи табобатии „Оби Зам-Зам“ - и ноҳияи Дӯстӣ дармон ёфтам,- бо арзи сипос ба духтурон арзи матлаб намуд пири равшанзамир сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Назар ЭГАМБЕРДИЕВ.
Мӯйсафеди 91 сола, сокини деҳаи Камарови Ҷамоати деҳоти «Утақара Назаров»-и ноҳияи Қубодиён Сияршо ЗИЁЕВ шукргузор аст, ки Худованди бузург ин чашмаро дар Тоҷикистони биҳиштосо эҳё намудаасту ӯ ва ҳазорон дардмандони дигар шифои комил меёбанд.
- Вақте тавассути оби гарми шӯру шифобахши осоишгоҳи „Зам-Зам“ - и ноҳияи Дӯстӣ бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, тарбод, иллати мушакҳо, ҷароҳати устухон, радикулит, безурётии дараҷаи 1-2, шукуфа, хоришак, варам ва сурхшавии пӯст, озах, остеартроз ва даҳҳо намуди дигар бемориҳо табобат мешавад, ин танҳо боиси шукргузории ҳамватанон бояд бошад,- зикр дошт Ҳабибулло ЗИЁЕВ, сокини ноҳияи Қубодиён. Чунин оби шифобахш танҳо дар се давлати дунё-Фаронса, Итолиё ва Тоҷикистон мавҷуд асту халос. Пас ба қадри ин оби шифобахш расидан ва солимиамонро нигоҳ доштан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи мост.
Воқеан, барои табобат ва фароғати ниёзмандон дар осоишгоҳи табобатии „Оби Зам-Зам“ ҳама шароити арзанда муҳайё буда, табобатгирандагон се вақт бо хӯроки гарм таъминанд. Дарёи Вахш, манзараҳои дилфиреби табиати соҳили дарё, боғи навбунёди осоишгоҳ ба ҳусни ин макон ҳусни зебое зам намудааст. Дар чунин макони зебою дилкаш табобату фароғат намудан, солимиро нигоҳ доштан ин барои саломатии инсон аст. Солимӣ бошад, гавҳари ноёб буда, онро эҳтиёт бояд кард.
Рухшона САИДОВА,