ВАҚТИ ОН АСТ ЭЙ ҚАЛАМ, БУРРАНДАТАР ГАРДӢ ЗИ ТЕҒ!
Журналисон дар ҳама давру замон, новобаста аз вазъу ҳолат, шароиту имконият дар сафи пеши муборизаву баррасӣ, ҳалли мушкилот ва адои фаъолияти касбиашон буданду ҳастанд.
Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вабои аср-коронавируси нав COVID-19 даст ба гиребонанд, рӯзноманигорон низ аз ҳарвақта дида, бештару пештар дар роҳи мубориза алайҳи ин бемории оламгир, тавассути таҳияву пешниҳоди хабару матлабҳо аз рафти корҳои оммафаҳмониву пешгирикунанда ва вазъу шароити муассисаҳои табобатӣ, инчунин ҳолати будубош ва шифоёбии сироятёфтагон дар таъмини фазои иттилоотии кишвар ва баланд бардоштани рӯҳияи сокинон нақши муассир мегузоранд.
Дар ҳоле, ки кормандони бархе аз бахшҳо дар ҳолати таътил ва карантин қарор доранд, кормандони воситаҳои ахбори омма ба эҳтимолияти сироятёбии хеш нигоҳ накарда, ҳамарӯза дар гӯшаву канори мамлакат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохўриҳо гузаронида, ба ҳамватанон неруву ҷасорат мебахшанд.
Сокинон дар ҳамин шабу рӯз бештар ба дарёфти хабарҳои тозаву таскинбахш эҳтиёҷ доранд, ки ин талаби оммаро рўзноманигорон шабу рўз ба љо оварда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос баҳравар гардидан аз маводҳои журналистӣ, муждаи нек аз аҳволи сироятёфтагон, сужаҳо аз рӯзгори муқаррариву осоиштаи ҳамватанон, хусусан раванди босуботи корҳои саҳриву ободонӣ ва фаровонии маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳар фард рўҳияи нек мебахшад.
Тавре шоири ширинкалом Ҳабиб Юсуфӣ гуфтааст:
Вақти он аст эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст эй сухан, ғуррандатар гарди зи барқ!
Ҳарчанд ин мисраҳоро шоир замони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 гуфта буд, аммо маънии он ба вазъи имрӯза мувофиқ аст.
Мавриди зикр аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳза бо пахши ахбороти носанҷидаву бетаҳлил ва бе истифодаи манбаи муътамад баҳри ба таҳлука андохтани сокинон боис мегардад, танҳо фаъолияти касбиву вокунишҳои саривақтии рӯзноманигорони касбӣ метавонад ба интихоби дурусти иттилоот ба шаҳрвандон мусоидат намояд.
Рӯзноманирони тоҷик бо рўҳияву иродаи шикастнопазири худ имрўз ҳам дар сафи пеши таҳаввулоти давр истода, рисолати хешро бечунучаро адо карда, барои хизмат ба халқу миллати хеш содиқ хоҳанд монд.
Таваралӣ Соҳибназар, рӯзноманигор