Бойгонӣ

ДАР КӮШОНИЁН МАВОДИ АНТИСЕПТИКӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, корхона дар як рӯз 10 ҳазор қуттӣ (флакон) маҳлули антисептикии дараҷаи 75 ва 95 фоизаро истеҳсол мекунад. Масъулин нақша доранд истеҳсолро рӯзҳои наздик дучанд намоянд.
 

Дар корхона 7 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
 

Ба роҳ мондани ин гуна корхонаҳо метавонад қисме аз талаботи муассисаҳои тандурустии ҳудуди вилояти Хатлонро бо ин маводи дар ин шабу рӯз зарурӣ таъмин намояд.
                                                               Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019