ФЕСТИВАЛ - НАМОИШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ

    Дар бозори «Каёнуш»-и ноҳияи Данғара «Фестивал - намоиши чорвои зотӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳама роҳбарони хоҷагӣ ва кооперативҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 - уми декабри соли 2018 дар вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ фестивал - озмунҳои чорвои зотӣ бо мақсади хушзот намудани чорво, рушди соҳаи чорводорӣ, афзун намудани саршумор ва маҳсулоти чорво гузаронида мешавад. Ин навбат «Фестивал - намоиши чорвои зотӣ» дар бозори «Каёнуш»-и ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарони масъули Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорво, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони масъули соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, мутахассисон ва чорводорон баргузор шуд. Воқеан, рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи баргузор кардани чунин фестивал намоишҳо низ дар он буд, ки чорво хушзот гардад, соҳа рушд ёбад ва иқтисодиёт пешрав шавад.

«Соҳаи чорводорӣ манбаи асосии истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал ба ҳисоб меравад». Ин таъкиди пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорводоронро водор месозад, ки самти фаъолиятро ба куллӣ дигар намуда, чорводориро рушди тоза бахшанд, ба хушзоткунии чорво эътибори махсус диҳанд. Татбиқи барномаҳои соҳа, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ҷалби лоиҳаҳои маблағгузор, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё, ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир, дастрас намудани беш аз 250 чорвои хушзот аз хориҷи кишвар имкони воқеӣ фароҳам овард, ки дар вилояти Хатлон низ саршумори чорвои калони шохдор, моли майда ва ҳам асп афзоиш ёбад.

Зимни боздид аз фестивал - намоиши чорвои зотӣ муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоҳир, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусозода Нусратулло ва сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорво Мирзозода Музаффар дар суҳбату мулоқот бо чорводорону  мутахассисон бори дигар зарурат ва аҳамияти хушзоткунӣ, захираи бештари хӯроки чорво, бахусус, хӯрокиҳои ширадор, омодагӣ ба маъракаи наслгирӣ, зимистонгузаронӣ, омӯзиши таҷрибаи хоҷагиҳои зотпарварии пешқадам ва дигар омилҳоро асоси рушди чорводорӣ арзёбӣ дошта чорводоронро ба ҳамкориҳои самарабахши тарафайн, истифодаи самараноки замин ва роҳҳои рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ ҳидоят карданд.

Натиҷаи баргузории чунин фестивал намоишҳо, густариши ҳамкориҳо бо мутахассисони дигар давлатҳо мебошад, ки имрӯз чорводорон аҳамият ва зарурати хушзоткуниро худ дарк карда, ҳам дар секторҳои шахсӣ ва ҳам дар секторҳои ҷамъиятӣ чорводориро рушди тоза мебахшанд. Бахусус, кори хуби хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, хоҷагии «Муҳаммади Шафеъ» ноҳияи Панҷ корхонаи воҳиди давлатии «Зағертӣ» - и Агентии амволи таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, хоҷагии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон, кооперативи истеҳсолии «Кангурт»- и ноҳияи Темурмалик, хоҷагиҳои «Раҳмонҷон» ва «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи тиҷоратии «Чорводор»-и ноҳияи Вахш, кооперативи тиҷоратии «Алӣ Ҳамадонӣ»-и шаҳри Кӯлоб ва чорводорони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Фархор, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон,Ҷалолиддини Балхӣ,Ҷайҳун, Дӯстӣ таъкид гардид.

Натиҷаи «Фетивал - намоиши чорвои зотӣ» ва фаъолияти имрӯзаи хоҷагиҳои чорводории вилоят дар самти хушзоткунӣ, зимистонгузаронӣ, нишондодҳои истеҳсолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси вилоят Зоирзода Умед Тоҳир, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусозода Нусратулло ва сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зоотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорво Мирзозода Музаффар зимни баромади худ фаъолияти имрӯзаи чорводорӣ, хушзоткунӣ ва татбиқи «Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2022» - ро дар вилояти Хатлон мусбат арзёбӣ дошта, баҳри боз ҳам бештар хушзот намудани чорво ва захираи хӯроки чорво дастуру тавсияҳои судманд доданд. Фаъолияти чорводорӣ ва хушзоткуниро дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Ҳамадонӣ мусбат арзёбӣ доштанд. Ин буд, ки се ҷойи ифтихорӣ ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ насиби ноҳияҳои номбаршуда гардид.Дар баробари ин як гурӯҳи калони хоҷагиҳои чорводор ва беҳтарин чорводорон низ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.


Ш. Саидов
Добавить комментарий