Бойгонӣ
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
29 янв 16:08Шеъру адаб

САДА
















Лаҳзае оташ барафрӯхт он Ҳушанг,

Ахгараш омад падид аз зарби санг.

Шуд раҳо аз дасти ӯ мори сиёҳ,

Лек, сухт аз гулханаш гулу гиёҳ.

Кашф кард ӯ оташи меҳри Аҷам,

Бахтро бар зиндагонӣ кард зам.

Хоми мардум пухта шуд аз гулханаш,

Боз шуд роҳи наве дар гулшанаш.

Аз Каёмарсу Сиёмак то Ҳушанг,

Сада шуд эҷод дар майдони нанг.

Таҳмурас ҳам ҳамчу як шоҳи Аҷам,

Ном монда пури худ Ҷамшеди Ҷам.

Аз нахустин шоҳи Кай то Таҳмурас,

Сухт сад сол оташе аз хору хас.

Қиблаву ҳам дайри онон гарм буд,

Шеваи гуфтори онон нарм буд.

Кашфи наврӯзи Аҷам бо Ҷоми Ҷам,

Зиндагиро кард пок аз оҳу ғам.

Гар замоне рафт он оиин зи мо,

Лек, буд андар дилу маъвои мо.

Сарвари мо он ҳама эҳё намуд,

Ӯ забони бастаро гӯё намуд.

Сафҳаи таърихи меҳан боз кард,

Ҷашни некони куҳан оғоз кард.

               Амиршоҳи ХАТЛОНӢ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ