24 янв 09:10Шеъру адаб

ТАРОНАИ БАРФ ВА САОДАТ

Чунон ба муъҷизаи табиати афсункор меҳр бастаам, ки омаданашро ҳама вақт бесаброна интизор мешавам.

     Лаҳзаи омаданашро муборак мешуморам ва ба истиқболаш бо шодмониву нишот мебароям.

Барф... барфи нахустин, аҷаб ҳаловате дорад, аҷаб нишоте дорад, аҷаб гармии пур аз муҳаббате дорад.  

Шояд баъзеҳо онро ҳис намекунанд, аммо ман бо тамоми вуҷудам ин гармиро дар ин фасли сармо ҳис мекунам. Бо омаданаш гӯиё ҷони ман неруи тоза мегираду хотирам болида мегардад. Ва чун одати дерина бо омадани барфҳои пай дар пай ба берун мешитобам ва ҳамроҳи кӯдакон одамаки барфӣ месозам.

Инсонҳои асил ҳастанд кӯдакон. Нияти поку дили пурумед доранд. Чун одами барфӣ месозанд, фақат чашмонашро сиёҳу лабонашро сурх дидан мехоҳанд.

Намехоҳанд доғи сиёҳ дар тани ин “одамаки сохта” бошад, зеро доғи сиёҳро кӯдакони маъсум рамзи бадбахтӣ мепиндоранд. 

Кӯдакон дар саҳни ҳавлӣ машғули сохтани одами барфии дигар мешаванд, ман бошам, болои харак нишаста, ба фикр фурӯ меравам. 

Аҷаб дили поку беғаше чун барф доранд кӯдакон, сиёҳиву зулмотро намехоҳанд.

Мехоҳанд ҳамеша покиву озодагӣ бошад. Равшаниву нурро меписанданду дунёрро ҳамеша мунаввару муаттар дидан мехоҳанд.

Вале ҳайҳот... На ҳамаи инсонҳо ин хислатҳои накӯро доро ҳастанд. Зеро алъон бархе аз инсонҳои ноқисулақли як қатор гӯшаҳои олам ин сафедиҳоро доғдор месозанд. Бо хуни одамӣ дар рӯйи барфи сафед нақш мекашанд. Ба ҷойи он ки барф об шуда, дар ҷӯйҳои калон ҷорӣ гардад, дар дигар гӯшаи олам хуни одамӣ ҷорӣ шуда, ба ҷӯйҳои бузурге мубаддал гардидаву ҳамвора равон асту равон.

Самои нилгун аз асари бомбаборониҳо олуда. Табиати нуқрафоми фасли дай  мотамзада. 

Кӯдакон бошанд, хонавайрону сарсон ва бадбахту дилфигор. Чун ба олами ҳастӣ по мегузоранд, ба ҷуз нолаву афғону доду фарёд ва садои тиру туфанг дигар овозеро намешунаванд.

Аммо хушбахтанд кӯдакони мо. Ба ин кӯдакони саодатманд назар меафканам ва шодмониву нишотам дучанд афзун мегардаду мегӯям. 

Зиҳӣ, ай насли хушбахти замон! Зиҳӣ, ай насле, ки ба ҷуз тухми меҳру муҳаббат дар дилат намепарварӣ! Зиҳӣ, ай насли офарандаи ваҳдат, офарандаи саодат! Зиҳӣ ай дӯстдори хандаву шодмониҳо!

      Бигзор як умр роҳат сафед, бахтат сафед, иқболат баланд ва табиати вуҷудат ҳамсони барфи дай поку муназзаҳ ва поку беолоиш бошад, ай насли  меҳровару бахтовар!   

Фасли дай дар диёри нозанинам ҳукмфармост. Рӯи барфи сафедро изи парандагон чунон зебо оро додааст, ки гумон барӣ беҳтарин наққош ин сафҳаи сафеди дафтари  табиатро мунаққаш карда бошад. 

Садои чир-чири парандаҳо аз болои дарахтҳо ба гӯш мерасад. Мурғакони бисёре барфи сафедро бо панҷаҳои хеш ин тарафу он тараф ҳаво дода, аз зери он ризқ мекобанд.

Аз тамошои ин табиати дилфиреб, димоғҳо чоқ, вақтҳо хуш, дилҳо пурфараҳ.

Баногоҳ аз гӯшаи деҳаи барфпӯш садои пири баимоне ба гӯш расид, ки бо овози баланд дуо мехонд:  

“Худовандо, бандагони пургуноҳатро, ки дар он тарафи дунё даст ба хуни ҳамдигар олуда намудаанд, аз ин роҳи хато боздор.

Дар қалбҳои ин бародарони номусулмон шуълаи меҳру муҳаббатро фурӯзон соз, то даст аз ин аъмоли номатлуб кашанд ва баҳри оштии ҷовидона дастҳо сӯи ҳам дароз намоянд.

Худоё, кӯдакони маъсумашонро аз вартаи ҳалокат нигоҳ дор! 

Худовандо, нагузор, ки ин кӯдакон куштаи тири ноҳаққи ин “мусулмонон”-и хунхор гарданд.

Бигзор он кӯдакон низ мисли кӯдакони мо аз тамоми хушиҳои зиндагӣ бархӯрдор гарданд.

Бигзор Соли нави 2020 ба ин кӯдакон на тиру туфанг ва қатлу куштор, балки ҷаҳон ҷаҳон хушбахтиву сулҳу нишот ва хандаву шириниҳо ба армуғон орад. 

Эй кошки рӯи барфи ин кишварҳоро на хуни одам, балки расмҳои кашидаи ин тифлакони маъсуми озодихоҳ рангин созанд. 

Худоё, мардуми ин сарзамини мотамзадаро аз гирдоби бало  раҳо кун”!

Мо толибони ваҳдату озодӣ ҳастем. Мо насли ориёием ва ҷуз покиву ростӣ, накуиву меҳрубонӣ ва зебоиву лутфу самимият чизи дигаре намепарастем. 

Мо насли озодагонем, ки ба ҷуз озодагиву озодаандешӣ чизи дигаре дар табиати вуҷуди хеш надорем.

Мо рӯзу шаб дуогӯи он ҳастем, ки дар тамоми сайёра аҳли башар оромона умр ба сар баранд. Кинаҳо аз синаҳо бурун намоянд, қалбҳоро  муҳаббатгоҳ созанд. 

Мо дуогӯ ҳастем, ки бинои разолату адоват сарнагун гардад ва мардумон беҳтарин, муҳаббатомезтарин ва гиромитарин дуоҳои хайрро ба ҳамдигар арза доранд ва даст ба  дасти ҳам дода, баҳри  ояндагон ҷаҳони беназири моломоли ишқу муҳаббат ва саодату шодмониро бунёд намоянд.

Ай барф, ай барфи сафеди фасли дай, ай рамзи покиву озодагӣ! 

Пок соз дилҳои мардумро аз сиёҳӣ, аз кинаву адовату бадхоҳӣ. Зеро ту қудрати нобуд кардани ҳама сиёҳиҳоро дорӣ. Ту қудрати нобуд кардани ҳама олудагиҳоро дорӣ. Ту тавони маҳв сохтани ҳама ифлосиҳоро дорӣ.

Деҳа сокиту хомӯш. Рангорангии чароғакҳои кӯчаҳои деҳа ба кас аҷаб ҳаловати бемонанде мебахшанд. Мардумон дар хонаҳои гарм бо аҳли хонавода сарҷамъу хушбахт.

Аз ҳар як хонадон бӯи хуши нони тоҷикӣ ба димоғ мерасад. Дар хонае ҷавонони саодатманде шукронаи ин тинҷиву оромӣ ва осудаҳолӣ намуда, зиёфати дӯстона оростаанд. Овози ҳофизи ширинсухане, ки шеъри шоири бузурги тоҷик Ширин Бунёдро месуруд, маҳин-маҳин ба гӯш мерасид:


Зимистон асту дар ҳар хонадон хандад, баҳори нав,

Гули умеди мардумро гиребончок мехоҳам.

Ба пирон нури чашму қуввати дил, давлати пирӣ,

Ҷавононро камоли меҳру ишқи пок мехоҳам.


Сумангули АСАДБЕК,

ноҳияи Носири Хусрав
Добавить комментарий