Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
06 авг 04:20Мақомот
Аёдати ниёзмандон
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон бо иқдоми раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон амали неке роҳандозӣ шудааст. Бо қарори раиси вилояти Хатлон рӯзҳои шанбе Рӯзи аёдати ниёзмандон эълон гардидааст. Раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳар ҳафта ба аёдати пирони барҷомонда, меҳтарониҶВБ ва меҳнат ва дигар ниёзмандон раванд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии вилоят нахуст ба аёдати меҳтарони ҶБВ, собиқадорони меҳнат рафта, бо эшон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд. Чунин дидорбинӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қариб, ки дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ба вуқӯъ пайваста, дар баробари ҳолу аҳволпурсӣ кумакҳои яквақтаина расонида шудааст.
Роҳандозӣ намудани чунин ташаббуси наҷибро раиси вилоят аз амалҳои саривақтӣ, инсондӯстона ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат арзёбӣ мекунад. Тавре гуфта шуд, ин табақаи ҷомеа ниёз ба таваҷҷуҳ, меҳру муҳаббати инсонӣ доранд. Як сухани хуб, ҳалли мушкилот ва дастгирии онҳо эшонро ба зиндагӣ дилгарм, рӯҳбаланд ва нерую дармон мебахшад. Рисолати мо–инсонҳо низ ҳамин аст, ки дастеро бигирем, амали некеро анҷом диҳем…
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


