Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Рисолати парчамдорӣ
Лаҳзае, ки Парчам парафшон мешавад, номи давлат, таърихи миллат ва иродаи мардумро бо худ ба баландӣ мебарад. Ҳар боре, ки Парчами Тоҷикистон дар майдони мусобиқаҳои байналмилалӣ, назди бинои созмонҳои бонуфуз ё дар маросими дастоварди фарзандони миллат парафшон мегардад, эҳсоси ифтихор аз соҳибдавлатӣ дар қалби ҳар тоҷик зиёд мегардад.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои асосии давлати тозаистиқлоли тоҷиконро қабул намуд. Ин рӯйдод дар марҳилаи ҳассоси давлатдории навини тоҷикон аҳамияти таърихӣ дошт. Парчам баёнгари соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ормони миллати тоҷик гардид. Аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Дар арафаи ин санаи пурифтихор бо Билоли Ҳикматзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат оростем.
МЕГУФТЕД, КИ ПАРЧАМ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ЧӢ НАҚШ ДОРАД ВА ЭҲТИРОМ БА ОН АЗ КУҶО ОҒОЗ МЕШАВАД?
- Худшиносии миллӣ аз шинохти таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими ин худшиносист. Вақте шаҳрванд ба Парчам эҳтиром мегузорад, дар асл ба давлат, ба таърихи миллат ва ба арзишҳое, ки ҷомеаро муттаҳид мекунанд, арҷ мегузорад.
Эҳтиром ба Парчамро набояд танҳо дар маросимҳои расмӣ ҷуст. Он дар муносибати инсон ба Ватан, дар риояи қонун, дар ҳифзи амнияту субот ва дар меҳнати софдилона зоҳир мешавад. Ҳар шахсе, ки барои ободии маҳалли зист, пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли солим талош мекунад, дар таҳкими арзишҳои давлатдорӣ саҳм мегузорад.
ДАР ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ СЕ РАНГ, ТОҶ ВА ҲАФТ СИТОРА ҶОЙ ГИРИФТААНД. БА АНДЕШАИ ШУМО, ДОНИСТАНИ МАЪНОИ ИН РАМЗҲО ТО ЧӢ АНДОЗА МУҲИМ АСТ?
- Ҳар як ҷузъи Парчам ба мо аз арзишҳои миллӣ ва ормонҳои мардум ёдрас мекунад. Рангҳои сурх, сафед ва сабз, тоҷ ва ҳафт ситора симои Парчами Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар низомномаи Парчами давлатӣ хусусиятҳои таркибӣ ва андозаи ин рамзҳо муайян гардидааст. Рахи сафеди мобайн нисбат ба рахҳои сурху сабз якуним баробар васеътар буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд.
Аммо муҳимтар аз донистани таркиби Парчам, дарки маънои он аст. Ҳар яки мо бояд бидонем, ки рамзи давлатӣ танҳо барои ороиши бино ё чорабиниҳои идона нест. Он ифодаи соҳибихтиёрии давлат ва пайванди шаҳрванд бо Ватан мебошад. Ҳар қадар маърифати мо дар бораи рамзҳои миллӣ зиёд бошад, эҳтиромамон ба онҳо ҳамон қадар амиқтар мегардад.
ВАҚТЕ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ Ё МАЙДОНҲОИ ВАРЗИШӢ БОЛО МЕШАВАД, ИН ЛАҲЗАРО ЧӢ ГУНА ЭҲСОС МЕКУНЕД?
- Ин лаҳзаҳо эҳсоси ифтихорро дар инсон бедор мекунанд. Дар чунин мавридҳо мебинем, ки заҳмати як нафар метавонад номи тамоми кишварро баланд бардорад. Ғолибияти варзишгар, дастоварди олим, ихтирои муҳаққиқ ё муваффақияти донишҷӯ дар озмуни байналмилалӣ барои Тоҷикистон аҳамияти хос дорад.
Банда чунин мешуморам, ки ҳар як шаҳрванд метавонад дар соҳаи фаъолияти худ парчамбардор бошад. Барои омӯзгор ин тарбияи шогирди донишманд, барои олим кашфиёти арзишманд, барои кишоварз ҳосили фаровон ва барои соҳибкор истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошад.
ШУМО ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ВА «ШОҲНОМАХОНӢ» НИЗ ИШТИРОК КАРДА, ҒОЛИБ ГАРДИДАЕД. КИТОБУ ДОНИШРО ЧӢ ГУНА БО ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ПАЙВАНД МЕДИҲЕД?
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
- Дар воқеъ, китоб барои инсон равзанаи шинохти ҷаҳон, таърих ва худ мебошад. Ман китобхониро яке аз роҳҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ медонам. Ҳар қадар инсон бештар омӯзад, ҳамон қадар имконияти дуруст дарк кардани масъулияти худро дар назди ҷомеа пайдо мекунад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди неруи зеҳнӣ, худшиносӣ ва маърифати ҷомеа мебошад. Иштирок дар чунин озмунҳо барои ман таҷрибаи муҳим буд. Он моро водор месозад, ки бештар мутолиа намоем, дониши худро санҷем ва ба осори бузургони адабиёт шинос шавем. Боварӣ дорам, ки ҷомеаи соҳибкитобу соҳибмаърифат метавонад дар рушди давлат саҳми бештар гузорад. Агар мехоҳем Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бо ифтихор парафшон бошад, бояд дар баробари эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ ба илму маориф, дониш ва рушди неруи зеҳнии инсон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошем.
«ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ДАР ТАРБИЯИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ЧӢ АҲАМИЯТ ДОРАД?
- «Шоҳнома» барои миллати тоҷик ганҷинаи бузурги адабӣ, таърихӣ ва маънавӣ мебошад. Дар ин асар хирад, адолат, қаҳрамонӣ, ҳифзи сарзамин ва садоқат ба Ватан ҷойгоҳи баланд доранд. Устод Фирдавсӣ бо суханони пурҳикмати худ моро ба шинохти гузашта, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ даъват мекунад. Ҳангоми мутолиаи «Шоҳнома» инсон бо сарнавишти қаҳрамонҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки барои Ватан, парчам, озодӣ ва адолат мубориза мебаранд. Ин қиссаҳо барои насли имрӯз низ сабақи муҳим мебошад. Ҷавон бояд аз таърихи худ огоҳ бошад, решаҳои фарҳангиашро бишносад ва дар баробари ин, ба ояндаи миллат бетараф набошад. Таъкид бояд кард, ки ҷавонон «Шоҳнома»-ро танҳо ҳамчун асари адабӣ нахонанд, балки аз он хирад, далерӣ, масъулият ва муҳаббат ба сарзамини худро омӯзанд.
ШУМО ҲАМЧУН ОМӮЗГОР БО ДОНИШҶӮЁН ПАЙВАСТА САРУКОР ДОРЕД. ДАР ҚАЛБИ ОНҲО ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИССИ МАСЪУЛИЯТ ДАР НАЗДИ ВАТАНРО ЧӢ ГУНА ТАРБИЯ МЕКУНЕД?
- Тарбияи ватандӯстӣ пеш аз ҳама аз худи омӯзгор оғоз мешавад. Чун донишҷуён ба суханони омӯзгор гӯш медиҳанд, аммо рафтори ӯро бештар мушоҳида мекунанд. Агар омӯзгор ба касби худ содиқ бошад, ба донишҷӯ эҳтиром гузорад, масъулиятшинос ва ростқавл бошад, ин хислатҳо дар шогирдон низ таъсир мегузоранд. Ин мисраъҳо бозгукунандаи ин андеша аст:
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад?
ДАР СОҲАИ ИҚТИСОД НИЗ ДАРС МЕГӮЕД, ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИРО МЕОМӮЗЕД ВА БА АДАБИЁТ НИЗ ТАВАҶҶУҲ ДОРЕД. ИН САМТҲО ДАР МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ ИМКОНИЯТҲОРО ФАРОҲАМ МЕОРАД?
- Тоҷикистон дар шароити ҷаҳони муосир ба мутахассисони донишманд, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад. Донистани иқтисод, забонҳои хориҷӣ ва фарҳанги миллӣ имконият медиҳад, ки ҷавонон дар муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти илмӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисод саҳми арзанда гузоранд. Забони хориҷӣ барои муошират бо ҷаҳони беруна, муаррифии имкониятҳои кишвар ва истифода аз таҷрибаи пешқадам воситаи муҳим аст. Аммо дар ин раванд мо бояд забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро низ ҳифз намоем. Мехоҳам шогирдон дар ҳар куҷое фаъолият кунанд, бо дониш, одоб ва масъулияти худ аз Тоҷикистон намояндагӣ намоянд. Ба андешаи банда, ҳамин ҷавонон парчамбардорони воқеии миллат мебошанд.
ДАР ЗАМОНИ РУШДИ БОСУРЪАТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ҶАҲОНИШАВӢ ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ҶАВОНОН БА ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА РАМЗҲОИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМ ГУЗОРАНД?
- Технология имкониятҳои бузург фароҳам овардааст. Имрӯз ҷавонон метавонанд тавассути интернет таърихи давлат, фарҳанг, осори адабӣ ва дастовардҳои илмии худро омӯзанд. Муҳим он аст, ки ин имкониятҳо ба таври самаранок истифода шаванд. Мо бояд дар фазои рақамӣ маводи ҷолибу босифат дар бораи таърихи парчам, маънои рамзҳои давлатӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон бештар пешниҳод намоем. Вақте маълумот бо забони фаҳмо, шакли муосир ва далелҳои ҷолиб ба ҷавонон расонида мешавад, таваҷҷуҳи онҳо низ меафзояд.
Ҳамзамон, шинохти арзишҳои миллӣ бояд бо зиндагии воқеӣ пайванд дошта бошад. Ҷавон бояд дарк кунад, ки эҳтиром ба парчам танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштани тасвири он набуда, дар муносибати ӯ ба Ватан, ба мардум, ба муҳити зист, ба қонун ва ба фаъолияти ҳаррӯзааш зоҳир мешавад.
ДАР АНҶОМИ СУҲБАТ МЕХОСТЕМ, КИ АНДЕШАИ ШУМОРО ДАР БОРАИ НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ НУФУЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БИДОНЕМ.
- Парчам таърихи гузашта, воқеияти имрӯз ва умеди фардои моро ба ҳам мепайвандад. Ҳар ҷавон бояд дар назди худ ҳадафи донишманд шудан, касби дӯстдоштаашро аз худ кардан, забон омӯхтан ва барои ҷомеа нафъ расониданро гузорад. Ватандӯстӣ бо сухан оғоз мешавад, аммо бо амал арзиш пайдо мекунад. Бовар дорам, ки Парчами Тоҷикистон дар оянда низ бо дастовардҳои фарзандони худ дар саҳнаҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иқтисодии ҷаҳон парафшон хоҳад монд. Барои ин мо бояд имрӯз масъулияти худро дуруст иҷро кунем.
ТАШАККУРИ ЗИЁД БАРОИ ПЕШНИҲОДИ АНДЕШАҲОИ АРЗИШМАНД ВА СУҲБАТИ САМИМӢ.
- Ташаккур!
Суҳбаторо Маҳмадалиев Маҳмадалӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Рисолати парчамдорӣ 11:32ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД 11:29ҚУБОДИЁН: 34,5 КИЛОМЕТР РОҲИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ МЕШАВАД 11:19БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ 11:15КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД 16:11КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАНДОНПИЗИШКИИ «УМЕД ДЕНТ» 16:06КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 15:02БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД 10:58
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ «ҶАЙҲУН» БО ИҚТИДОРИ 250 МЕГАВАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН



