Сухани сармуҳаррир
Дар тӯли начандон зиёди марҳилаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумони гуногунқавму миллати он бо иқдомҳои ободонию бунёдкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти сарзамини аҷдодии хеш, ки як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар арсаи ҷаҳон маълуму машҳур гардидаанд. Дар ин росто дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои хурду бузурги кишвар аст, ки ҷомеаи моро ба ояндаи дурахшон ва расидан ба орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёконамон таҳрик медиҳад. Бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат бобати рушди нумӯи Ватани азиз як зумра соҳибкорони хатлонӣ бо бунёду мавриди истифода қарор додани иншооти гуногуни хизматрасонӣ саҳми худро дар пешрафти ҷомеа ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ гузошта истодаанд.
Пайки хушоянде, ки аз анҷоми корҳои ободонӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳе дар ин ё он шаҳру навоҳии вилоят садо медиҳад, гувоҳӣ аз вусъати корҳои ободонист. Бешубҳа, навиду рӯйдодҳои муҳими солҳои охир дар ин ҷода итминони мардумро ба ояндаи неки ҷомеа ва расидан ба қуллаи мақсуд зиёд намуда, ҳар яки моро баҳри саҳмгузорӣ дар ободии деҳу диёри худ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар мисоли иқдомҳои ибратбахши соҳибкорони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки чанде пеш дар расми ифтитоҳи тарҳҳои ба анҷом расонидаи онҳо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок доштанд. Дар ин рӯз маркази хизматрасонии соҳибкори маҳаллӣ Ёқуб Достиев, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении Ҷиёнхон Мирзоев, майдончаи варзишии бунёдкардаи Абдуҷаббор Хушвахтов ва Маркази саломатии соҳибкорон Зоир Мирзоалиев ва Шералӣ Қурбонов ба истифода дода шуд. Дар ин қатор исму насаби даҳҳо дигар ҷавонмардони хайрхоҳи ин ноҳияро метавон ном бурд, ки то имрӯз ва минбаъд низ дар пешрафту ободонии ноҳия ва рушди шаҳраку деҳоти зодгоҳи худ саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Ташаббусу дастгирии чунин фарзандони фидокори хонаводаҳои намунавии шаҳраку деҳоти минтақаҳои гуногуни кишвар аст, ки ба хотири саҳмгузорӣ дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалу деҳоти дурдасти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон симои нав пайдо мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо Қарори раиси вилояти Хатлон озмуни «Ободгари Ватан» эълон гардидааст. Ҳадаф аз таъсиси озмуни мазкур ҷалбу ҳавасмандии сокинони вилоят, соҳибкорону фаъолони ҷомеа баҳри беҳтар ободу зебо намудани симои шаҳраку деҳот арзёбӣ мегардад. Озмун давоми ҳар семоҳа ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, дар маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ- вилояти Хатлон 13 нафар соҳибкорони шаҳру навоҳии Бохтару Норак, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра ғолиб дониста шуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Дарвоқеъ, баҳори имсола бо тозакориҳо, сарсабзию ободонии дасти пурэъҷози сокинони вилоят ва манзараҳои дилрабои табиати нотакрори Тоҷикистон зебову беназир аст. Баҳори имсола низ бо иқдомҳои бузурги созандагию бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид, ки ҳамеша мардуми шарифи кишварамонро ба ободу хуррамгардонӣ, баланд бардоштани фарҳанги зебопарастӣ ҳифзи зебоиҳои табиат ва арҷгузори ба арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ ҳидоят месозад. Бо ҳидояти Роҳбари давлат ва иқдомҳои ояндасози саховатмандони диёрамон, ки ба ободии Ватан, рушду пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои мардум равона гардидаанд, Ватани мо боз ҳам ободу зебо ва сатҳи зиндагии халқ беҳтару хубтар мегардад.
Сол аз сол Тоҷикистони азиз ба макони зебову нодиртарин гулҳо табдил ёфта истодааст. Бешак, дар баҳори пурфайзу нишоти имсола ҷилваву назаррабоии гулу лолаҳои рангоранг ба симои кӯчаву хиёбонҳо ҳусн зам намуда, ҳар бинандаро рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Имсол дар вилояти Хатлон низ дар радифи дигар корҳои ободонӣ ба рушди соҳаи гулпарварӣ ва ороишоти роҳу гулгаштҳо аҳамияти бештар дода мешавад. Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 Қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021» аз 21-уми феврали соли 2019 ба имзо расид. Мусаллам аст, ки мақсад аз баргузории ин озмун вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҷалби бештари сокинони вилоят ба корҳои ободу кабудизоркунии маҳалу диёри хеш арзёбӣ мегардид. Ҳаминак, дар ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодии вилояти Хатлон озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид. Аз рӯи номгӯи шаҳри беҳтарин –шаҳри Норак ва ноҳияи беҳтарин ноҳияи Кӯшониён ғолиб дониста шуданд. Инчунин аз рӯи номгӯи беҳтарин ҷамоати шаҳрак, беҳтарин ҷамоати деҳот, беҳтарин маҳалла, деҳаи беҳтарин, гулгашти беҳтарин, боғи фарҳангии беҳтарин, муассисаҳои беҳтарин, беҳтарин оилаи гулпарвар муайян ва ғолибон бо диплом ва Ҷоизаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Латофат ЧОРИЕВА