Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 ноя 15:02АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақомот
КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
25.11.2026. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамроҳӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо раванди татбиқи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот» шинос шуда, ба занони деҳот таҷҳизоти зарурии занбӯриасалпарварӣ тақдим намуданд.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд амалӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии занони деҳот, фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғл ва тақвияти фаъолияти соҳибкории занон мебошад.
Дар маҷмӯъ 188 бастаи лавозимоти зарурии занбӯриасалпарварӣ барои занони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа на танҳо занбӯриасалпарварӣ, балки соҳаҳои боғдорӣ ва сабзавоткорӣ низ дастгирӣ ёфта, барои баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии оилаҳои деҳот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани нақши занон дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ, таъсиси манбаъҳои нави даромад, таҳкими имкониятҳои иқтисодии оилаҳо ва истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолии деҳот мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Рисолати парчамдорӣ 11:32ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД 11:29ҚУБОДИЁН: 34,5 КИЛОМЕТР РОҲИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ МЕШАВАД 11:19БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ 11:15КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД 16:11КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАНДОНПИЗИШКИИ «УМЕД ДЕНТ» 16:06КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 15:02БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД 10:58
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ «ҶАЙҲУН» БО ИҚТИДОРИ 250 МЕГАВАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН




