Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
Бемории ҳорӣ ин бемории сироятии шадиди вирусии зоонозӣ буда, ба организми инсон ба воситаи ҳайвони дорандаи вируси бемории ҳорӣ ҳангоми газидан, захм бардоштан ва олудашавӣ аз оби даҳон дохил мешавад. Баъди аз пӯсти осебёфта ба организм ворид шудан, вируси ҳорӣ тавассути танаи асабҳо ва мағзи сар ба ҳароммағз меравад. Вируси бемории ҳорӣ дар он ҷо афзоиш ёфта, зиёд мешавад. Минбаъд вирусҳои бемории ҳорӣ ба ғадуди оби даҳон гузашта, ба воситаи луоби даҳон хориҷ карда мешаванд. Ҳангоми дар бофтаҳои асаб афзоиш ёфтани вирус, тағйироти таназзуловари ҳуҷайраҳои асаб рух медиҳанд. Дар ҳуҷайраҳои осебёфта инфилтратҳои лимфоситӣ пайдо мешаванд. Дар мавриди бемории ҳорӣ силсилаи марказии асаб иллат меёбад, ки барои одамон марговар аст.
Вобаста ба пешгирӣ ва табобати ин беморӣ, ходими адабии маҷалла мусоҳибаеро бо мудири озмоишгоҳи бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар Наргис Хушназарова анҷом додааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
– Сараввал мегуфтед, ки манбаъ ва сарчашмаи бемории ҳорӣ чӣ буда метавонад?
– Сарчашмаи бемории ҳорӣ ҳайвоноти ваҳшӣ, хонагӣ ва як гурӯҳи хояндаҳо, аз ҷумла рӯбоҳ, шағол, гург, саг, гурба, кӯршабпарак, каламушҳо, асп ва ҳайвонҳои хурду калони шохдор мебошанд. Мувофиқи баъзе маълумоти охир, манбаи бемории ҳорӣ 60 фоиз аз сагҳо, 3 дарсад аз гург ва 3 фоизи дигар аз дигар намуди ҳайвонҳо ба қайд гирифта мешаванд. Бисёр захмҳо дар рӯй, гардан, дасту пой ва дигар узвҳо мушоҳида мегарданд. Аксар вақт 90 фоиз дар панҷаҳои даст, 63 фоиз дар қисмҳои дасту пой ва 23 фоиз дар рӯй дида мешаванд. Ҳайвоноти сироятёфта вирусҳоро дар охири давраи ниҳонӣ, 7-8 рӯз қабл аз зуҳуроти аломатҳои сарирӣ (клиникӣ)-и беморӣ хориҷ менамоянд.
– Ин беморӣ ба бадани инсон чӣ гуна роҳ меёбад?
– Бемории ҳорӣ ба организми инсон ба воситаи алоқа намудан бо ҳайвонҳои дорандаи бемории ҳорӣ, газидан, осеб расонидан ва олудашавӣ аз оби даҳони ҳайвони бемор ба шахси солим ба амал меояд.
– Бемории ҳорӣ бо гузашти чӣ қадар вақт аз худ дарак медиҳад?
– Давраи пинҳонии ин беморӣ аз ҷои захм вобастагӣ дорад. Агар ҷароҳат ё олудашавӣ аз оби даҳон дар қисми рӯй ё сар бошад, давраи пинҳонии ин беморӣ аз ду ҳафта то як моҳро дар бар мегирад. Агар ҷароҳат дар қисми поёнии бадан бошад, пинҳон мондани ин беморӣ аз як моҳ то як солро дар бар мегирад. Баъди гузашти ин вақтҳо ин беморӣ аз худ дарак медиҳад.
– Беморӣ чанд давраро дар бар мегирад?
– Бемории ҳорӣ се давраро дар бар мегирад: якум – пешхабарӣ, яъне депрессия, дуюм – ошуфтагӣ, яъне пурҳаяҷонӣ ва сеюм – давраи фалаҷшавӣ мебошад.
– Ташхиси ин беморӣ чӣ гуна сурат мегирад?
– Бемории ҳориро дар асоси маълумоти газидани ҳайвоноти аз касалӣ гумонбаршуда, дуру дароз будани давраи ниҳонӣ, зуҳуроти гидрофобия, аэрофобия ва фалаҷшавӣ ташхис мекунанд. Баъди фавти мариз майнаи сари ӯ таҳқиқ карда мешавад. Ҳангоми бо маводи сироятнок сарукор доштан, эҳтиёт шудан ва қоидаҳои муносибат бо барангезандаҳои хеле хавфнокро набояд фаромӯш кард.
– Барои пешгирии ин беморӣ чӣ бояд кард?
– Барои пешгирии бемории ҳорӣ, безарар кардани ҳайвонҳои дайду, роҳ надодан ба беморшавии ҷонварон, ба низом даровардани саршумори рӯбоҳ, гург ва ҳайвоноти дигар муҳим мебошад. Аз тарафи мутахассисони байторӣ ҳайвонҳои хонагӣ бояд ба пуррагӣ ба қайд гирифта шуда, сари вақт эмгузаронӣ карда шаванд. Ҳайвонҳои хонагӣ бояд бо худ дафтарчаи махсус, яъне шиноснома дошта бошанд. Дар шиноснома номгӯйи эмдору, вояҳои эмгузаронӣ ва санаи эмгузаронӣ ба пуррагӣ бояд дарҷ карда шуда бошад. Эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ аз тарафи духтурони байторӣ гузаронида мешавад. Сагҳои хонагӣ дар вақти сайругашт бояд даҳонпӯш (намордник) дошта бошанд. Дар хонаҳо, ҷойҳои нигоҳдории чорво, чарогоҳҳо, дохили ҷангалҳо, манбаъҳои ташвишовар ва дигар ҷойҳое, ки бемории ҳорӣ гумонбар дониста мешавад, бояд ҳатман аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ гузаронида шаванд.
– Шахсе, ки аз ҳайвон осеб мебинад, бояд аввал чӣ корро анҷом диҳад?
– Ҳангоми захм бардоштан, харошидан ё бо оби даҳон олуда гаштан, ҳатман ҷои газидаи ҳайвонҳоро бо об ва собун шуста, маҳлули йод молидан лозим аст. Рӯзҳои аввал буридани атрофи захм ё дӯхтани он манъ мебошад. Аз рӯи аломатҳои ғайришартӣ шахс ҳини газидани ҳайвони ҳақиқатан девона ё маълум набудани бемории он эмгузаронӣ карда хоҳад шуд.
Эмгузаронӣ аз рӯи шартӣ ҳангоми газидани ҳайвоне, ки дар вай нишонаҳои бемории ҳорӣ дида намешавад, дар муддати то 10 рӯз нигоҳ доштани он ҳайвон зарур аст. Пешгирӣ ва табобати бемории ҳорӣ дар бунгоҳҳои муассисаҳои табобатӣ оғоз мешавад. Ҷои захм, ҷароҳат ва олудашавӣ аз оби даҳон бояд бо об ва маҳлули собун ё маҳлули детергентӣ муддати 15 дақиқа шуста шавад. Ҳангоме ки маҳлулҳои собун ё маҳлули детергентӣ набошанд, аз маҳлули спирти этилӣ 70-фоиза ё маҳлули спиртии йоддори 5-фоиза метавон ҷои захм ва ҷароҳатро безарар гардонд.
Ба осебдида зардобаи зидди бемории кузоз (ПСС) ворид намудан лозим аст. Барои пешгирии ин беморӣ дар зери пӯсти таги шона 1,0 мл барои калонсолон ва барои кӯдакони то синни 14-сола 0,5 мл гузаронидан лозим меояд. Духтурони бунгоҳҳои осебшиносӣ ташхиси беморро муайян намуда, ному насаби осебдида, синну сол, суроғаи ҷои зист, ҷои кор ё хониш, санаи осеббинӣ ва санаи муроҷиатро бо пуррагӣ дар варақаҳои ахбороти таъҷилӣ дарҷ намуда, ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ё ноҳия, инчунин ба духтури минтақавӣ хабар медиҳанд.
Ҳангоме ки шахс ҷароҳати вазнин ё аз ҳайвони номаълум осеб ёфтааст, ҳатман бояд бо роҳхат ба беморхона равон карда шавад. Осебдида бояд эмдоруҳои зидди бемории ҳориро дар шароити беморхонагӣ, дар зери назорати духтурон қабул намояд. Эмдоруҳои зидди бемории ҳорӣ аз рӯи нақша ба шахси осебдида тавсия дода мешаванд.
Эмдоруи иммуноглобулин ва ваксинаҳои антирабикӣ ба шахсоне тавсия дода мешавад, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд. Аз ҷумла, нафарони осебдида аз ҳайвонҳои номаълум, ҳайвонҳое, ки доранда ё гумонбари бемории ҳорӣ мебошанд ва ҳайвонҳое, ки баъд аз газидан фавтидаанд.
Шахси эмгиранда бояд донад, ки дар муддати гирифтани эмдоруҳо ва баъдан дар муддати 6 моҳи баъди табобат истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ қатъиян манъ аст. Занҳое, ки ҳомиладоранд ва кӯдакони ширмак доранд, истифодабарии эмдоруҳои зидди бемории ҳорӣ танҳо дар ҳолати ба ҳаёти онҳо хатар мавҷуд будан ворид карда мешавад.
– Ташаккури зиёд барои як суҳбати пурмуҳтаво ва маслиҳатҳои муфид!
-Саломату сарбаланд бошед.
Мусоҳиб С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 11:17Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11:14БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН 11:09ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ 11:02
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ



