Бойгонӣ
Ноябрь 2026 (40)
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)

БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ

Боғдорӣ аз қадимулайём шуғли асосии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Аҷдодони мо – бохтариёну суғдиён ҳанӯз аз замонҳои дур ба парваришу нигоҳубини дарахтони мевадор машғул буданд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва рушди муносибатҳои бозорӣ зарурату талабот ба густариши соҳаи боғу токпарварӣ боз ҳам бештар гардид.
Ҳанӯз 27 августи соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2014» ба тасвиб расида буд. Ҳамчунин, «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» барои рушди бемайлони соҳа ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд. Дар ноҳияи Ховалинг низ сол то сол майдони боғу токзорҳо васеъ гардида, боғпарварон ҳосили фаровони меваҳои хуштамъу хушсифат ҷамъоварӣ мекунанд.
Қурбоналӣ Мирзошарифов яке аз боғпарварони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ховалинг мебошад, ки дар теппаҳои деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дар майдони 7 гектар боғ бунёд кардааст.
-Соли 1996, баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҳисоби заминҳои собиқ хоҷагии «Восеъ» саҳми аъзои оилаамонро гирифта, ба шинонидани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда оғоз намудем,- аз оғози боғпарварияш ёдовар гардид Қурбоналӣ Мирзошарифов.
Ӯ ин касбро аз падараш ба мерос гирифтааст. Падараш аз деҳқонони соҳибтаҷриба ва номдори ноҳия буд. Дар хоҷагӣ ҳам ба ғаллакорӣ машғул мешуду ҳам ба боғпарварӣ. Қурбоналӣ аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ ҳамроҳи падараш дар парваришу нигоҳубини боғи хоҷагӣ саҳм мегирифт ва нозукиҳои ин касбро меомӯхт.
Ӯ ба панди бузургон амал намуда, ҳамроҳи фарзандонаш дар майдони 7 гектар замини лалмӣ беш аз 6,5 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун – себ, нок, тут, ангур, хуч, олу, олуболу, зардолу, шафтолу, гелос ва чормағз шинонидааст. Бо гузашти солҳо ва дар натиҷаи нигоҳубини дуруст ҳамаи дарахтон нашъунамо ёфта, имрӯз ҳосили фаровон медиҳанд. Боғи ӯ воқеан ҳам боғи зебову дилкушо буда, меваҳои ширину шаҳдбораш ҳар бинандаро мафтун месозад.
Қурбоналӣ Мирзошарифов ҳамчун боғпарвари соҳибтаҷриба ба масъалаи навсозии дарахтон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Дарахтони хушкшуда ё касалшударо бо навъҳои серҳосил ва ба бемориҳо тобовар пайванд мекунад.
– Соли гузашта зиёда аз 80 бех чормағзи навъҳои «Чандлер» ва «Карлин»-ро ба чормағзи маҳаллӣ пайванд кардам, ки имсол ҳосили хуб ба бор оварданд, – мегӯяд ӯ.
Мегӯянд, ки «Асои пир – ба ҷои пир». Панҷ нафар писарони Қурбоналӣ ҳамеша дар паҳлуи падар қарор дошта, ба нигоҳубину парвариши дарахтон машғуланд ва таҷрибаи ғании боғпарвариро аз ӯ меомӯзанд. Соли 2017 онҳо аз Ҳисор 450 бех ангури навъҳои хушсифат оварда, дар боғ шинониданд. Токзори онҳо ҳар сол ҳосили фаровони ангури ширину хуштамъ медиҳад. Соли 2019 низ бо истифода аз технологияҳои муосир аз чуқурии 20 метр об бароварда, барои обёрии боғ ҳавзи калон бунёд карданд. Ҳоло оби ҷамъшуда барои нигоҳубини дарахтон истифода мешавад. Боғпарварон ният доранд, ки солҳои наздик системаи обёрии қатрагиро ҷорӣ намоянд.
Имсол низ аз ҳисоби ҳосили фаровони дарахтон оилаи Мирзошарифовҳо даромади хуб ба даст овард. Танҳо аз гелос зиёда аз 1,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар боғи онҳо аз моҳи май то охири моҳи декабр навбат ба навбат намудҳои гуногуни мева пухта мерасанд. Меваҳои боғи онҳо на танҳо дар Ховалинг, балки дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилоят харидорони зиёд доранд.
Шоире гуфтааст:
Аз самар ширин насозӣ гар даҳони халқро,
Саъй кун, дар сояат чун бед осояд касе.
Қурбоналӣ Мирзошарифов аз ҷумлаи он боғпарваронест, ки ҳам бо ҳосили фаровони мева ва ҳам бо сояи дарахтони сарсабзи боғаш ба мардум манфиат мерасонад. Боғи ӯ дар шафати роҳи калон ҷойгир буда, мусофирону раҳгузарон дар гармои тобистон зери сояи дарахтон истироҳат мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво бозори истеъмолиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда истодаанд.
Ин суханони пурмеҳри Пешвои миллат ба деҳқонону боғпарварон руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Қурбоналӣ Мирзошарифов низ бар он назар аст, ки бо меҳнати аҳлона ва истифодаи самараноки замину об метавон дар таҳкими амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошт.
– Мо минбаъд низ бо тамоми неру меҳнат карда, барои фаровонии дастархони мардум ва рушди соҳаи боғпарварӣ саҳми худро мегузорем, – гуфт ӯ дар анҷоми суҳбат.

А. Бобозода, ноҳияи Ховалинг
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019