Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил карда мешавад, дар низоми ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дошта, аз лиҳози таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Ин сана бо ташаккул ва таҳкими ниҳоди президентӣ, рушди низоми конститутсионии давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунии давлатӣ робитаи мустақим дорад.
Дар шароити соҳибистиқлолии давлатӣ масъалаи дарки амиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва асосҳои ҳуқуқии ниҳодҳои давлатдорӣ аҳамияти махсус касб намудааст. Зеро давлатдорӣ танҳо маҷмӯи сохторҳои идоракунӣ набуда, балки низоми мукаммали арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки пойдории он ба эҳтироми Конститутсия, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеа вобаста аст. Аз ин нуқтаи назар, омӯзиши таърихи пайдоиш ва ташаккули Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои шинохти рӯйдодҳои муҳими таърихи навини кишвар, балки барои фаҳмиши моҳияти ниҳоди президентӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ низ муҳим мебошад. Мақсади асосї дар мақола таҳлили заминаҳои таърихии таъсиси Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани асосҳои конститутсионӣ ва қонунгузории он, инчунин арзёбии аҳамияти ин сана дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.
Вобаста ба сарчашмаҳои таърихии ташаккули ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро қайд карданиям, ки барои муайян намудани заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ба марҳилаҳои асосии ташаккули давлатдории соҳибистиқлоламон андаке назар афканем. Баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоруи зарурати бунёди низоми нави сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қарор дошт. Давлати тозаистиқлол бояд натанҳо асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекард, балки шакл, сохтор ва усулҳои идоракунии давлатиро низ мутобиқ ба талаботи давраи нави таърихӣ ташаккул медод. Дар ин раванд, масъалаи муайян намудани мақоми конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба миён омад.
Қадами муҳим дар ин самт ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаккули низоми президентӣ буд. Сипас, 24-уми ноябри соли 1991 аввалин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вале рушди минбаъдаи низоми давлатдорӣ бо рӯйдодҳои мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои аввали Истиқлолият рў ба рў гардид. Буҳрони сиёсӣ ва муқовимату бархурдҳои дохилӣ фаъолияти муназзами ниҳодҳои давлатиро мушкил гардонида, зарурати барқарор намудани суботи сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлатдориро ба миён оварданд.
Дар чунин шароити таърихӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, Қасри Арбоб баргузор гардид, дар таърихи давлатдории миллӣ аҳамияти махсус пайдо намуд. Дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ яъне 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдод дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию криминагенӣ ба марҳилаи нави фаъолияти роҳбарияти олии давлат ва раванди барқарорсозии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ибтидо гузошт. Дар ин замина, бояд таъкид намуд, ки интихоб шудани Раиси Шӯрои Олӣ дар соли 1992 ва савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ду рӯйдоди ҷудогонаи таърихӣ мебошанд, ки ҳар кадоми онҳо дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон мақом ва ҷойгоҳи худро доранд. Марҳилаи муҳими минбаъда бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқии 6-уми ноябри соли 1994 алоқаманд мебошад.
Ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми мақомоти давлатӣ, принсипҳои ташкили ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мақоми конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд. Санаи 16-уми ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ин рӯйдод аз лиҳози таърихӣ оғози марҳилаи шакли идоракунии президентӣ дар мамлакат буд, ки дар асоси Конститутсияи нави қабулшуда роҳандозӣ гардид.
Ҳамин тавр, 16-уми ноябр дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон бо ду марҳилаи муҳими ташаккули ниҳоди роҳбарии олӣ алоқаманд гардид: интихоб шудани Раиси Шӯрои Олӣ дар соли 1992 ва савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994.
Дар мавзуи асосҳои конститутсионии мақом ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ заминаи асосии муайянкунандаи мақом, рисолат, ваколат ва масъулияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Ин меъёр мақоми махсуси конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳокимияти давлатӣ муайян намуда, нақши Сарварро дар таъмини фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ ва татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян мекунад.
Дар баробари ин, моддаи 5-и Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф менамояд. Ин меъёри бунёдӣ барои фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти муайянкунанда дорад. Моҳияти конститутсионии ниҳоди президентӣ бояд дар доираи принсипҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд баррасӣ карда шавад: волоияти қонун; таҷзияи ҳокимияти давлатӣ; таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ; таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ; масъулияти мақомоти давлатӣ дар назди ҷомеа; таъмини фаъолияти муназзами низоми идоракунии давлатӣ. Махсусан, моддаи 6-и Конститутсия муқаррар менамояд, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи намояндагони худ амалӣ менамояд.
Аз ин рӯ, мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама дар заминаи иродаи халқ, меъёрҳои конститутсионӣ ва қонунгузории амалкунанда арзёбӣ гардад.
Моддаи 65-и Конститутсия тартиби интихоб, муҳлати ваколат ва талаботи конститутсионӣ нисбат ба номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки Конститутсия на танҳо мақоми ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд, балки ҳудуди ваколат, тартиби амалӣ намудани онҳо ва масъулияти конститутсионии ин ниҳодро низ муайян месозад.
Вобаста ба асосҳои ҳуқуқии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иброз намуд, ки марҳилаҳои муҳим дар таърихи ташаккули ин ҷашн ба расмият даровардани он дар сатҳи қонунгузорӣ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 санаи 16-уми ноябр, чун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузории кишвар мақоми мустақили ҷашни давлатӣ эътироф шуд. Бо мақсади эътирофи аҳамияти таърихӣ ва сиёсии ниҳоди президентӣ ва муайян намудани мақоми ҳуқуқии ин сана, масъалаи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, 15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни дахлдорро қабул намуда, 5-уми майи соли 2016 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ кард. Санаи 14-уми майи соли 2016 бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1320 қабул гардид. Тибқи санади мазкур дар моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардид, ки 16-уми ноябр расман чун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, ин иқдом аҳамияти хело муҳим дорад, зеро ҷашни мазкур на танҳо ҳамчун санаи дорои мазмуни таърихӣ, балки чун ҷузъи низоми қонунан муқарраршудаи рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.
Воқеан ҳам, хизматҳои шоистаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллї- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории мо тоҷикон бесобиқву барҷаста, воломақом ва нотакрор буда, барои тамоми тоҷикон ва мардуми ориёитабор мояи ифтихору шарафмандист.
Дар ин замина, як нуқтаи муҳимро бояд махсус таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни давлатӣ дар асоси қонун муқаррар шуда, таҷлили он бояд дар доираи Конститутсия, қонунгузории миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумии давлатдорӣ сурат гирад. Таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ, бо шукўҳу шаҳомати хоса натанҳо дар саросари кишвари азизамон, балки байни тамоми тоҷикони бурунмарзӣ низ ҷашн гирифта шавад.
Аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии мо басо бузург аст ва мо онро набояд дар доираи таҷлили як санаи таърихӣ маҳдуд намоем. Пеш аз ҳама, ин сана бо раванди ташаккули низоми муосири давлатдории миллии мо-тоҷикон алоқаманд мебошад. Дар марҳилаи басо мураккабу тақдирсоз, ки хатари нобудшавии давлату миллат пеш омада буд, ягона нафаре, ки зимоми давлатдориро, ҷасурона, боғайратона, далерона ва бо матонат ба зима гирифт, фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Дар тақвияти ин андешаҳо бо як таъкиди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ.Раҳимзода сад дар сад ҳамфикр мебошам, ки нишонрас чунин мегӯяд: «Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги нафту газ, дарёҳои киштигарду баҳру уқёнус ва имкониятҳои истеҳсоли захираҳои зеризаминии бузург ва силоҳи ҳастаӣ набошад ҳам, аммо дорои сарвати бузургтар - Пешвои хирадманду ғамхори миллат мебошад, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои наҷоти миллат аз парокандагӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва бунёди давлати соҳибистиқлол тамоми ҳастии худро равона менамояд».
Савари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди чунин вазъияти мушкилу мудҳиш барои барпо кардани давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, сохтани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми тақдирсоз гузоштанд. Дар таърихи инсоният ин иқдоми муфид ва нодире буд, ки бо сарварии хирадмандонаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят тақдирсози ҳарбиву сиёсӣ амалӣ карда шуд. (Раҳимзода Р.Ҳ. Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. Душанбе: “Эр-граф”, 2025. 484 с.)
Яке аз нуқтаҳои муҳими арзёбии аҳамияти санаи таърихӣ аз он иборат аст, ки он бешубҳа, замина ва сарчашмаи боэътимоди тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, эҳсоси баланди ватанхоҳӣ ва ҳуввияти миллию шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд шаҳрванд бояд на танҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ бошад, балки ба иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ низ муносибати масъулона дошта бошад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошанд.
Бинобар ин, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун василаи муҳими худогоҳӣ ва худшиносӣ, баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон ҳифз гардида, дар саросари кишвари азизамон бояд дар сатҳи баланди сиёсӣ бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардад.
Ҳамин тариқ, таҳлили заминаҳо ва сарчашмаҳои таърихию ҳуқуқии ташаккули Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба баёни хулоса ва андешаҳои зерин ҳидоят менамояд:
1. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаҳои мушаххаси таърихӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Санаи 16-уми ноябр бо оғози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 ва маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 алоқаманд аст.
2. Асоси ҳуқуқии мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва ҳамзамон, меъёрҳои конститутсионӣ мақоми сарвари давлат, тартиби интихоб, ваколатҳо ва доираи масъулияти Сарварро муайян намудааст.
3. Муқаррар намудани 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 бо роҳи ворид намудани тағироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба амал бароварда шуд. Ин иқдом мақоми расмии ҳуқуқии ҷашнро муайян намуд.
4. Аҳамияти ин сана дар ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими асосҳои конститусионии ҳокимияти давлатӣ ва низоми давлатдории муосири тоҷик хело муҳим арзёбӣ мегардад.
5. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо эҳтироми арзишҳои конститутсионӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ пайванди ногусастанӣ дошта бошад.
Дар баробари ин, зарур аст, ки арзёбии таърихии ниҳоди президентӣ дар асоси санадҳои аслӣ, далелҳои боэътимоди таърихӣ ва таҳлили холисонаи ҳуқуқӣ сурат гирад. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки аҳамияти ин сана аз нигоҳи илмӣ дуруст дарк карда шавад.
Дар маҷмӯъ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон буда, имкони муносиб барои арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, омӯзиши сабақҳои таърихӣ ва таҳкими масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлат мебошад.
Вазифаи асосии мо дар ин раванд ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бигзор, эҳтиром ба Конститутсия, садоқат ба Ватан, масъулияти шаҳрвандӣ ва риояи қонун ҳамчун арзишҳои асосии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамеша сармашқи фаъолияти ҳар як шахс ва ҳар як хизматчии давлатӣ бошад.
Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шаҳрвандонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Тоҷикистони азиз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоии нав ба нав ва боз ҳам афзудани обрўи байналмилалии ватани маҳбубамонро таманно дорам.
ШАРИФЗОДА Ф.Р.,
роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майори милитсия, дотсент, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 11:17Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11:14БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН 11:09ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ 11:02
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ



