Бойгонӣ
Ноябрь 2026 (40)
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)

КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД


25.11.2026. Дар идомаи доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода якҷо бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии хатари омадани сел дар сойи Девонасой боздид намуданд.
Корҳои мазкур бо мақсади коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, пешгирии обхезӣ ва ҳифзи маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи сой амалӣ карда мешаванд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то 21 сентябри соли 2026 дар қитъаи Девонасой, воқеъ дар маҳаллаи Хати Роҳи шаҳри Кӯлоб, 22 ҳазору 152 метри мукааб корҳои заминӣ иҷро гардида, барои мустаҳкамсозии соҳил 35 метри мукааб тахтасангҳои оҳану бетонӣ истифода шудаанд.
Ҳамчунин, аз 11 то 14 ноябри соли ҷорӣ дар қитъаи сой аз маҳаллаи Корвонгузар то маҳаллаи Хати Роҳ корҳои тозакунии маҷроъ анҷом дода шудаанд. Дар ин корҳо ҳафт нафар корманди Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо ҷалби як адад экскаватор, ду мошини боркаши калонҳаҷм ва як адад мехлопата иштирок кардаанд.
Дар натиҷаи ин тадбирҳо дар масофаи 350 метр маҷрои сой аз сангу шағал тоза карда шуда, ҳаҷми умумии маводи баровардашуда 4150 метри мукаабро ташкил додааст.
Дар баробари корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар ин мавзеъ корҳои барқарорсозии пули мошингузар низ оғоз гардидаанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.
Сойи Девонасой аз ҷумлаи мавзеъҳое мебошад, ки ҳангоми боришоти шадид эҳтимоли болоравии сатҳи об ва ба вуҷуд омадани сел вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, тоза кардани маҷроъ, мустаҳкам намудани соҳил ва барқарорсозии пул барои таъмини бехатарии сокинони маҳаллаҳои ҳамшафат аҳаммияти амалӣ дорад.
Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, риояи талаботи техникӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Корҳои мазкур дар доираи тадбирҳои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи инфрасохтори шаҳрӣ амалӣ шуда, ҳадафи асосии он коҳиш додани хатар ба аҳолӣ ва иншооти муҳими маҳаллӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019