Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД
25.11.2026. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон дар ҳамроҳӣ бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Давлатзода Абдулло дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Барои сохтмони он беш аз як миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Иншооти истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 0,06 гектар замин бунёд гардидааст. Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди Балҷувон–Ховалинг ҷойгир буда, бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ ва тарҳи муосир сохта шудааст.
Дар корхона истеҳсоли нон ва намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуда, барои ин таҷҳизоти замонавии истеҳсолӣ насб гардидааст. Ба иттилои масъулон, таҷҳизоти мавҷуда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, имкони истеҳсоли маҳсулоти босифатро фароҳам меорад.
Бо оғози фаъолияти корхона беш аз 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, барои онҳо имкони ба даст овардани даромади устувор фароҳам мегардад. Ҳамзамон, дар марҳилаи сохтмони иншоот зиёда аз 13 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар баробари бунёди қисми истеҳсолӣ, ба ободонии атрофи корхона низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Дар саҳни он зиёда аз 18 дарахти ороишию сояафкан ва беш аз ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Корхонаи «Нони Модар» дар ҳоле ба фаъолият оғоз мекунад, ки таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди маҳаллӣ ба шумор меравад.
Фаъолияти чунин корхонаҳо метавонад дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, рушди соҳибкории хусусӣ, истифодаи имкониятҳои маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ дар деҳот саҳм гузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Рисолати парчамдорӣ 11:32ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД 11:29ҚУБОДИЁН: 34,5 КИЛОМЕТР РОҲИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ МЕШАВАД 11:19БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ 11:15КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД 16:11КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАНДОНПИЗИШКИИ «УМЕД ДЕНТ» 16:06КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 15:02БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД 10:58
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ «ҶАЙҲУН» БО ИҚТИДОРИ 250 МЕГАВАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН




