Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ ба шумор рафта, ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва нақши роҳбарӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Ин сана моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканда, арзишҳои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиро бештар қадр намоем.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузурги таърихӣ мебошад. Аммо нигоҳ доштани истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои созандаи миллӣ аз ҳар як шаҳрванд масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳми арзандаро тақозо менамояд. Дар ин раванд, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири тоҷикон, барқарории сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар назаррас мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар самти бунёди инфрасохтори иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия қадамҳои муҳим гузошт. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои созандагӣ барои тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамчун корманди бахши иқтисод ва молия, бар он назарам, ки яке аз омилҳои асосии пешрафти ҳар як давлат идоракунии самараноки захираҳои молиявӣ, таъмини шаффофияти буҷет, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ мебошад. Зеро иқтисодиёти устувор бе низоми муназзами молиявӣ, банақшагирии дуруст ва назорати масъулона наметавонад рушд намояд.
Дар ин замина, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Ҳар як дастоварди иқтисодӣ натиҷаи меҳнати содиқонаи мардум, фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ ва татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки кормандони соҳаи иқтисод ва молия низ дар татбиқи сиёсати иқтисодии давлат масъулияти муҳим доранд. Маҳз фаъолияти касбӣ, муносибати софдилона ба вазифа, риояи қонунгузории молиявӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти молиявӣ метавонанд ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.
Мо бояд дарк намоем, ки ободии Ватан танҳо бо сухан амалӣ намегардад. Он аз меҳнати ҳалол, масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба касбу вазифа ва саҳмгузории ҳар як фарди ҷомеа сарчашма мегирад. Ҳар як корманди соҳаи давлатӣ бояд фаъолияти худро бо эҳсоси баланди масъулият, риояи қонуният ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин фурсатест барои андешидан дар бораи ояндаи кишвар, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз дониш, малака, ҷаҳонбинӣ ва меҳнати созандаи насли имрӯз вобастагии амиқ дорад.
Мо, кормандони соҳаи иқтисод ва молия, вазифадорем, ки бо фаъолияти содиқона, масъулияти баланди касбӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми худро гузорем. Ҳар як қадами устувор дар роҳи рушди иқтисодӣ, ҳар як маблағи самаранок истифодашуда ва ҳар як ташаббуси созанда метавонад барои ободии Ватан заминаи воқеӣ гузорад.
Дар маҷмӯъ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, қадршиносии сулҳу субот ва масъулият дар назди фардои миллат мебошад. Бигзор Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу пешрафта, мардуми шарафмандаш сарбаланду хушбахт ва фазои сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар пойдор бошад.
Зеро Ватани обод аз меҳнати содиқона, иқтисодиёти пешрафта аз идоракунии самаранок ва ояндаи дурахшон аз масъулияти имрӯзаи ҳар яки мо вобаста аст!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Хусрави М.Н, сардори бахши коргузорӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 11:17Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11:14БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН 11:09ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРӢ 11:02
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ



