Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД
Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва ҳусни тоза бахшидан ба маркази ноҳияи Вахш, масъулини Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Вахш» беш аз 7 ҳазор гули мавсимӣ шинониданд.
Тавре роҳбари корхона Мустафо Файзалиев ба «Сафо» иттилоъ дод, аз шумораи умумии гулҳои шинонидашуда беш аз 6 ҳазор бехро гули карам ва 1200 бехи дигарро гули хризантема ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои ороишӣ ва беҳтар намудани ҳолати сабзазорҳо, бехи гулҳои садбарги қаблан шинонидашуда нарм карда шуда, корҳои гулшинонӣ ва ободонӣ дар ҳудуди маркази ноҳия идома доранд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар замини корхона беш аз 6 ҳазор қаламчаи гули садбарг низ парвариш карда мешавад. Қаламчаҳои мазкур дар оянда барои зебу зинат бахшидани гулгаштҳо ва кӯчаҳои маркази ноҳия истифода хоҳанд шуд.
Ин тадбирҳо дар самти ободонии маҳал, беҳтар намудани симои зоҳирии маркази ноҳия ва фароҳам овардани муҳити зебову дилнишин барои сокинону меҳмонон амалӣ мегарданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Рисолати парчамдорӣ 11:32ВАХШ: ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 7 ҲАЗОР ГУЛИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД 11:29ҚУБОДИЁН: 34,5 КИЛОМЕТР РОҲИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪМИРИ ҶОРӢ МЕШАВАД 11:19БОҒПАРВАРЕ АЗ ҶОМБАХТ 11:15КӮЛОБ: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БО РАФТИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ШИНОС ШУД 16:11КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАНДОНПИЗИШКИИ «УМЕД ДЕНТ» 16:06КӮЛОБ: ТАҚДИМИ 188 БАСТАИ ЛАВОЗИМОТИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ БА ЗАНОНИ ДЕҲОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 15:02БАЛҶУВОН: КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ НОН ВА МАҲСУЛОТИ НОНӢ БО ТАЪСИСИ БЕШ АЗ 15 ҶОЙИ КОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД 10:58
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБИИ «ҶАЙҲУН» БО ИҚТИДОРИ 250 МЕГАВАТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД
Заминаҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БЕМОРИИ ҲОРӢ. ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ ОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН




