Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
НОВОСИБИРСК, 11 ноябр. Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Форуми II кишоварзию озуқавории Сибир, ки дар маҷмааи байналмилалии намоишгоҳии «Новосибирск Экспоцентр» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни иштирок дар форум нахуст Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Андрей Травников мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои байниминтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои судманд дар сатҳи минтақаҳо фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, вилояти Хатлон ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард бо минтақаҳои Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Вилояти Хатлон бо як қатор субъектҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишнома ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҷиҳати татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Россия созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, он барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Форуми мазкур аз 10 то 12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Новосибирск баргузор гардида, яке аз чорабиниҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ва саноати аграрии минтақа ба ҳисоб меравад. Мавзуи асосии он «Одамон, дониш ва технологияҳо – се омили асосии амнияти озуқавории Сибир» буда, масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, истифодаи дастовардҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзиро фаро мегирад.
Дар доираи форум масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои замин, баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсолоти кишоварзӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аграрӣ баррасӣ мегарданд.
Ҳайати вилояти Хатлонро дар ин чорабинии байналмилалӣ раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Норак, Ҷайҳун, Қубодиён, Кӯшониён ва дигар намояндагони соҳаҳои дахлдор ҳамроҳӣ менамоянд.
Иштироки ҳайати вилояти Хатлон дар форум барои муаррифии имкониятҳои бузурги кишоварзӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии вилоят, пешниҳоди маҳсулоти аграрӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ имконияти муносиб фароҳам меорад.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари корӣ ва иштирок дар форуми мазкур барои таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти имкониятҳои нави сармоягузорӣ миёни вилояти Хатлон ва минтақаҳои Федератсияи Россия заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




