Бойгонӣ
29 окт 09:50АСОСӢ / Ахбор / Варзиш

ҒАЛАБАИ НАХУСТИНИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН

          Футболбозони наврасони Тоҷикистон (U-17) дар аввалин бозии худдар қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2019 дар Бразилия дастаи наврасони Камерунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

    Ин бозии гурӯҳи “Е” 28-уми октябр соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ ва 29-уми октябр соати 04:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», баргузор шуд.

     Нимаи аввали ин бозии пуршиддату шавқовар бидуни гол хотима ёфт. Дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 51-ум, нимҳимоятгарШарифбек Раҳматов тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

     Бояд гуфт, ки дар нимаи дувум ҳамлагар Рустам Соиров ба дарвозаи мунтахаби Камерун тӯби дувумро ворид кард, вале ин гол баъди тамошои бозпахши лаҳзаҳои бозӣ бо истифода аз видеодовар аз ҷониби сардовар Ник Уолдрон аз Зеландияи Нав ба иллати вайрон шудани қоидаи бозӣ бекор карда шуд.

    Дар дақиқаи 72-юм нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Элмуродов барои корти дувуми зард аз майдон  ихроҷ шуд.

    Ҳарчанд футболбозони мунтахаби Камерун барои голзанӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, вале муваффақ нашуданд. Дар баъзе маворид маҳорати баланди дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев ба камеруниҳо имкон надод, ки тӯбро вориди дарвоза намоянд.

     Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Осиё, ба мунтахаби наврасони Камерун, қаҳрамони Африқо, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва се имтиёз ба даст овард.

    Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), баъди анҷоми бозӣ гуфт, "аз он хушҳолам, ки бачаҳо дастури моро иҷро карда, муваффақ шуданд. Бахусус дарвозабон маҳорати баланд нишон дод. Дар футбол дарвозабонро ними даста мегӯянд, ки ҳақиқати ин гуфтаро Шоҳрух собит кард. Тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин пирӯзӣ табрик мегӯям".

     Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Аргентина ва Испания бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

     Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз пешсаф аст. Мунтахабҳои Аргентина ва Испания бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин - чаҳорум - қарор дорад.

     Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

     Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил аст.

     Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (01:00, 1-уми ноябр бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад.

     Наврасони тоҷик дар даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) бо мунтахаби Аргентина вориди рақобат мешаванд.

     Ду бозии дигар низ бо ширкати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», барпо мегарданд.

     Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар Малайзия аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуд, барои аввалин бор бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

     Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) гардид.

     Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст.
"САФО"
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019