Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР НОҲИЯИ ВАХШ 48 ОМӮЗГОР ВА ТАБИБ БО МАНЗИЛ Ё ҚИТЪАИ ЗАМИН ТАЪМИН ШУДАНД
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон дар бораи дар навбати аввал таъмин намудани омӯзгорону табибон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд бо қитъаҳои замин ва манзил дар маҳалҳо, дар ноҳияи Вахш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба 48 оила манзилу заминҷой дода шуд. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар миёни омӯзгорону табибон ва оилаҳои ниёзманде, ки соҳиби замин шудаанд, сармуҳаррири нашрияи шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш “Нури маърифат” Ашӯргул Солеҳова низ ҳаст.
Ашӯргул, ки дар миёни аҳли адаб бо тахаллуси Шабафрӯз муаррифӣ шудааст, тӯли 14 соли баъд аз издивоҷаш бо шавҳару се фарзандаш дар хонаи падар ё дар манзили иҷора иқомат мекард.
Ҳамакнун бо қарори раиси ноҳияи Вахш дар маркази шаҳраки Вахш ба хонаводаи Шабафрӯз аз ҳисоби заминҷойи масҷидҳои ғайрирасмие, ки фаъолияташон қатъ гардидааст, қариб се сотих замин барои бунёди манзил дода шуд. Ҳамин тавр, танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия 18 корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ низ соҳиби манзилё қитъаи замин шуданд.
Сардабири моҳномаи “Нури маърифат” бо изҳори сипос аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Вахш мегӯяд, ки ниҳоят ба орзуи деринаи худ расид ва хонаводааш соҳиби манзили худ гардид.
Қобили зикр аст, ки Ашӯргул Солеҳова бо тахаллуси Шабафрӯз муаллифи се маҷмӯаи ашъор бо номҳои “Гули бодом”, “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” мебошад.
Мавсуф инчунин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (с. 2014), барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт (с. 2013) аст.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!