Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷазое, ки иҷрояш ба сесад сол таваққуф кард
Дар асри ХVI Арчи Армстронги шотландӣ гӯсфанд дуздида дастгир шуда буд. Он даврҳо дуздонро марг таҳдид мекард. Бинобар он Армстронги дуздро низ сарнавишташ ба қатл меанҷомид. Аммо ба хушбахтии ӯ он солҳо кишвари Шотландияро шоҳ Яков идора мекард. Шоҳ он замон қонуне ба тавсиб расонда буд, ки аз рӯйи шарту талаботҳои он ҳар шахс ҳуқуқ дошт, ки ба қабули шоҳ даромада хоҳишу илтимос ва дархости хешро иброз намояд.
Арчи Армстронг ба ҳузури шоҳ даромада илтимос менамояд, ки то ба охир расонидани китоби «Инҷил» ҷазоро ба таъхир гузорад. Якови VI ба ин хоҳиши Армстронг розигӣ медиҳад.
Баъдтар маълум мегардад, ки Армстронг бесавод буда, хатро хонда наметавонистааст. Қонуншиносон кори ӯро аз нав дида, ба шоҳ дар ин хусус маълумот пешниҳод месозанд. Шоҳ бошад, ба зиракию ҳозирҷавобии Армстронг қоил шуда, муҳлати адои ҷазоро ба сесад сол ақиб мепартояд. Бар замми ин Якови VI бо қарори махсуси худ Армстронгро ба кор қабул карда, ба сафи ширинкорони дарбораш ҳамроҳ мекунад.
Ҳотам Ҳоҷӣ, омӯзгор
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



