Бойгонӣ
Ноябрь 2026 (12)
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, раиси муазами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон - Тоҷикистон 6- уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули Конститутсия таҷлил карда мешавад, ки ин нишондиҳандаи давлат аз лиҳози қонун мустақил ва дорои арзишҳои миллӣ будани моро нишон медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан, санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.
Аз нигоҳи коршиносон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мо дар қатори 5-гонаи Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон шинохта шудааст, ки ин имкон дод, конститутсияи моро на танҳо дар худи кишварамон, балки берун аз он эътироф кунанд. Акнун мо дар қатори давлатҳои мутамаддуни дунё шинохта шудем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муҳиму тақдирсоз ба мо имконият дод, ки ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон ворид гардида, муаррифгари давлате бошем, ки сохтораш соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад.
Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.
Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ – рукни муҳимтарини сохти мардумсолорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 32 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.
Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдатталаби Тоҷикистон аст.
«Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёдаст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воло мақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофи пешрафти ҷомеа, бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор гардад. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Вазъи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолатҳои дигар дар давлати алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро Конститусия ба вуҷуд меорад, ки сабаби асосии он мутобиқ намудани меъёрҳои ин санад ба шароити зиндагии ҷомеа мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва ҷавобгӯи талабот буда, беҳтарин Конститутсияи олам эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз мардуми ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақил, соҳибихтиёр, сулҳу субот ва оромиву осудагии ин ҷомеа мерасанд.
Хулоса, боиси ифтихораст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.
Бахтнома номаи бахтаст аз даври Каён,
Бахтнома номаи бахтаст баҳри тоҷикон.
Тоҷики арзандаи ман, бош қисматсози хеш,
Бахтнома бар ту бошад болу пар, зӯрутавон.
Бахтнома такягар дорад ба қонуни башар,
Такягоҳ дорад зи оинҳои фарҳанги Ватан,
Такягоҳ дорад зи аврангу зи аржанги Ватан,
Такягоҳ дорад ба ному номусу нанги Ватан.

Музафарзода Муҳаммад Илҳомҷон - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД