Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Флюра Джураева: НОШУНАВОРО БОЯД ШУНИД
Хонае, ки тифл дорад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад, ғайбати бегона нест.
Мон, ки аз ҳар хонадон ояд садои кӯдакон,
Нархи ҳар як хандааш гӯё ба сад дурдона нест.
Ин мисраъҳои шеъриро то имрӯз садҳо маротиба ба забон оварда бошам ҳам, лек боре тасаввур накардаам, ки садои кӯдак хушии зиндагӣ ва хандаи беғашу беолоиши онҳо давлати бебаҳост.
Мутаассифона, дар ҷомеа кӯдаконеро мушоҳида мекунем, ки аз сухан гуфтану шунидан маҳруманду орзу доранд, бо тамоми ҳастӣ модарҷон бигӯянд, розҳои дар қалб ниҳонашонро ифшо созанд, шеъру сурудхонӣ намуда, ба мисли дигар ҳамсолони хеш хостаҳошоянро бароварда созанд. Ба ин ҳама хостаҳо ва амалишавии орзуҳои ин қишри ҷомеа мутахассисони кордону соҳибтаҷриба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар пайваста талош доранд.
Флюра Джураева аз зумраи мутахассисони ин муассисаи таълимӣ мебошад, ки ҳама ҳастии худро ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд бахшидааст. Лаҳзае иштирок дар тамрин ва омӯзиши дарсҳои ӯ, ки ба гоҳе ашк рехтаву лаҳзае дигар табассум дар лабонаш гул мекунад, кас ба хубӣ эҳсос менамояд, ки ин бонуи равшанзамир чӣ гуна пешаи пурзаҳматеро интихоб намудааст. Ӯ бо кумаки дастон маҳси логопедии забон карда, бо садои баланд ва имову ишора ба дӯстрӯякон дарс мегӯяд. Ба гоҳе, ки кӯдаке ҳарф мезанад, шодию хурсандии муаллима Флюра ҳадду канор надорад.
Дар робита ба кори сангини ин зан суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.
-Флюра Джураева лутфан мегуфтед, ки дар кадом марҳила бояд кӯдаконро аз ташхису санҷиши сухангӯӣ гузаронид, то ин ки имконияти ҳарф заданро пайдо кунанд.
- Албатта, аксар волидайн аз беаҳамиятӣ фарзандони имконияташон маҳдудро дертар ба назди мутахассис мебаранд ё навмед мешаванд, ки гӯё кӯдак дигар қобилияти сухангӯӣ пайдо намекарда бошад. Бояд ба ин гуна кӯдакон аз синни 1,5 солагӣ аҳамият диҳем, зеро маҳз дар ин синну сол тифлакон вожаҳои аз аҳли хонавода шунидаашонро метавонанд такрор намоянд. Мабодо, тифл то дусолагӣ ягон сухан, яъне, одитарин калимаҳои “деҳ”, “модар”, “бобо”,”об” ва ғайраҳоро ба забон оварда натавонад, дар ин сурат кӯдакро аз ташхис бояд гузаронид. Аз натиҷаи ташхис маълум мешавад, ки кӯдак бештар ба чӣ ниёз дорад. Дар чунин мавридҳо баъзан зодмандон такя ба логопедҳо мекунанд, гӯё бо онҳо будан кушодани гиреҳи мушкилот аст. Вале, бо ин қишри ҷомеа на танҳо логопед, балки мутахассис оид ба илми таълиму тарбияи кӯдакони иллатдор (дефектолог), асабшинос, равоншиносон бояд кор бигиранд. Дар чунин ҳолатҳо мутахассиси соҳавиро эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва волидайнро бошад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ин гуна фарзандон, сабру таҳаммулпазирӣ мебояд, то ин ки заҳмати мутахассис натиҷаи мусбат ба бор оварад.
- Барои овоз баровардани кӯдак ва талаффузи ў шумо боз бидуни имову ишора кадом намуди усулро истифода мебаред?
- Нахуст ташхисҳои кӯдаконро аз назар гузаронида, ба хулосае меоем, ки чӣ бояд кард. Набояд фаромӯш кард, ки маҳси логопедии забон, асоси шифоёбии кӯдак маҳсуб меёбад. Ин маҳс то синни 11 солагӣ имкон дорад. Зеро то синни 11 солагӣ ҳама мушакҳо ва рагу пайванди гулӯи кӯдак мулоим буда, натиҷаи хуб медиҳад. Пас аз 11 солагӣ тағоякҳо (хряшҳо) аллакай мустаҳкам шуда, дарди он имкон намедиҳад, ки маҳс кашид. Яъне аллакай дер мешавад. Аз ин рӯ, барои ҳарчи зудтар бохабар шудан аз вазъияти кӯдак дар хона бояд бештар бо ӯ кор бурд.
- Дар ҳолати маҳси логопедии забон оё ягон мушкилоти дигаре пеш намеояд?
- Баъзан мушкилот пеш меояд, чаро ки мо бештар бо кӯдакони аз синни 6-7 сола боло сару кор мебарем ва дар ин синну сол аллакай дандонҳои онҳо мустаҳкам буда, онҳо ангуштони маҳсгарро газида хуншор мекунанд. Кӯдаконе, ки маҳси логопедии забон доранд, бо ҳамроҳии волидайн як ҷо кор мекунем. Онҳо бо чашми худ ҷараёни муолиҷаи маро мебинанду дар ин кор кумак мерасонанд. Чанде пеш тифлеро аз ноҳияи Носири Хусрав ба ин даргоҳ оварданд, ки дар вақти маҳс ангуштамро чунон газид, ки то ҳол беҳаракат аст. Одатан, баъди маҳси логопедии кӯдакон ман дигар корҳои хонаро иҷро карда наметавонам ва ҳатто истеъмоли ғизо бароям душвор аст. Аз ин рӯ, дар хона эҳсоси нороҳатӣ маро азият медиҳад, зеро ман зан – модарам. Хушбахтона, ҳамсари вафодорам маро хуб дарк мекунад ва бо духтарам аз уҳдаи ҳама корҳои рӯзгор мебароянд.
- Аксаран дар талаффузи кӯдак ба ҷои ҳарфи “Р” ҳарфи “Л” шунида мешавад. Дар ин сурат чӣ бояд кард?
- Бале, ҳастанд кӯдаконе, ки ҳарфи “Р”-ро талаффуз карда наметавонанд. Дар ин сурат онҳоро аз синни 5-6 солагӣ бояд ба назди логопед бурд. Шояд суоле ба миён ояд, ки чаро маҳз аз синни 5-6 солагӣ? Дар ин синну сол кӯдак аллакай хуб дарк мекунад, ки машқи забонро чӣ тавр бояд дуруст кард. Мутахассис дар ҷараёни дарс мефаҳмонад, ки дар кадом ҳолат забонро бояд боло бардошт ё поён кард. Ҳатто кӯдак тарзи дурусти садоро эҳсос намуда, худ мекӯшад садояшро тағйир диҳад. Дар ҳолати дуруст талаффуз намудан ӯ эҳсоси хушҳолии омӯзгорро дида, боз ҳам кӯшиши дуруст талаффуз карданро мекунад.
- Флюра Раҳматуллоевна мегуфтед, ки миёни кӯдакон иллати лакнати забондошта мушоҳида мешавад, ки онҳо худро миёни ҳамсолон аз ҷиҳати нуқс доштан нороҳат ҳис мекунанд. Сабаби ин нуқсони кӯдакон дар чист?
- Лакнати забон ду сабаб дорад, яке ирсият, дувум, бар асари тарсу ҳарос. Албатта, назди бемориҳои ирсӣ мо оҷизем. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки аз тарси сахт инсон натанҳо ба лакнати забон гирифтор мешавад, балки ҳастанд ҳолатҳое, ки овоз пурра гум мешавад. Агар кӯдак пас аз тарси сахт ба ин мушкилот гирифтор шуда бошад, албатта бо ӯ кор бурда мешавад ва шифо меёбад. Дар ин ҳолат барои муолиҷаи кӯдакон бояд мутахассисони логопед, равоншинос, асабшинос, мутахассис оид ба илми таълиму тарбияи кӯдакони иллатдор (дефектолог) ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар муносибат бо ин кӯдакон чӣ дар муҳити оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ оромона суҳбат бояд кард. Зеро дуруштӣ, дағалӣ, садои баланд таъсири манфии худро ба системаи асаб мерасонад.
- Ба кӯдакони имконияташон маҳдуде, ки ба синни мактабхонӣ нарасидаанд, чӣ гуна бояд омӯзиш гузаронд, то аз ҳамсолони худ қафо намонанд?
- Як қатор бозиҳои дидактикие ҳаст, ки дар хурдсолон то синни мактабӣ бояд гузаронида шавад. Дар мисоли машқи ангуштон, машқи роҳи нафас, имову ишора ва дигар бозиҳо. Дар ин синну сол онҳо ба омӯзиш фаро гирифта намешаванд, аммо онҳо бояд тарзи дурусти имову ишораро дар ин давра омӯзанд, то ки хостаҳояшонро барорварда тавонанд. Барои ин муҳим аст, ки ин гуна кӯдакон бештар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошанд. Онҳоро ба озмуну мусобиқаҳое, ки барои ташаккули қобилиятнокии онҳо нигаронида шудааст, бояд ҷалб намуд.
- Чӣ сабаб шуд, ки Шумо маҳз ҳамин пешаи заҳматталабро интихоб кардед?
- Аслан пешаи ман сурдопедагог - муаллими ношунавоён аст. Яъне кор бо кӯдаконе, ки шунавоӣ надоранд. Пешаи интихобнамудаи маро набераи дӯстрӯякам сабаб шуд. Зеро ӯ 5 соли ҳаёташ ба хомӯшӣ паси сар шуда буд. Ман бо ӯ дар хона ҳар гуна машғулиятҳо, бозиҳо мегузаронидам.
Хоҳ нохоҳ бо ин кӯдакон дар се равия бояд кор барем. Яъне тарзи талаффуз, гуфтугӯ ба воситаи ангуштон ва имову ишора. Сипас, боз кӯдакеро бо исми Абдуллоҷон наздам оварданд. Дар оғоз гуфтам, ки аз уҳдаи ин ҳама намебароям, вале гиряи зори модар диламро ба дард оварду маро ором нагузошт. Бо он кӯдак якуним сол кор бурдам ва ҳар боре модараш ӯро назди ман оварда, маслиҳат мепурсид, ки дар хона чӣ бояд кард, мегиристу бо дард сухан мекард. Мо дар якҷоягӣ тавонистем ба кӯдак сухан гуфтанро омӯзем. Ин оғози фаъолияти ман буд. Ҷолибтар аз ҳама он буд, ки нахустин суханрониҳои Абдуллоҷон бо забони русӣ буд, зеро ман машғулиятҳоро бо забони русӣ мегузаронам. Ҳамин тавр, Абдуллоҷон волидонашро водор намуд, ки таҳсилро дар мактаби русӣ оғоз бахшад. Акнун дар арафаи ҳар иду айём ӯ ба аёдати ман меояд. Ин муҳаббати дастпарваронам меҳри маро ба пешаи интихобнамудаам дучанд месозад. Феълан шогирдони ман пас аз хатм ҳарчанд озод сухан мегӯянд, аммо дар ноҳияи Рӯдакию шаҳри Душанбе ба кӯдакони гунгу ношунаво дарс меомӯзанд, ки ин мояи ифтихор аст.
-Зери забони кӯдаке, ки талаффузи бурро надорад, бештари вақт ҷарроҳон каме мебуранд. Оё ин метавонад монеи талаффуз шавад?
- Бале. Ин ҷилави зери забон (уздечка)-и кӯтоҳ, ки ҳатто сабаби садо набаровардани инсон шуда метавонад. Агар он бисёр кӯтоҳ бошад, ҳатто монеи ғизохӯрӣ ҳам мешавад. Дар ҳолати таомхӯрӣ кӯтоҳии ҷилави забон боиси он мешавад, ки кӯдак дуруст ғизоро дар даҳон дошта наметавонад. Кӯдакеро, ки бори аввал ба наздам меоранд, аввал ҷилави зери забон ва шакли забони онро аз назар мегузаронам. Ва дар ҳолати зарурӣ ба назди ҷарроҳ мефиристам. Дувум монеи ҳарф задан забони кӯтоҳ низ шуда метавонад, ки ин мушкилиро низ тавассути маҳси логопедӣ ва дигар амалиётҳо метавон бартараф кард.
- Дар муассисаи шумо толибилмон чанд сол ба таҳсил фаро гирифта мешаванд?
Дар ин даргоҳ 9 сол таҳсил мекунанд. Хушбахтона, дар донишгоҳ факултаи дефектология таъсис дода шудааст, ки таҷрибаомӯзон бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Ҳар ҳафта рӯзи таҷрибаомӯзон дорем, ки донишҷӯён омада бо фаъолияти мо ва нозукиҳои ин касб шинос мешаванд.
-Чун толибилмони Шумо аз шаҳру навоҳии гуногунанд, барои волидони онҳо рафту омади ҳаррӯзаи кӯдакон мушкил нест?
- Дар ноҳияи Вахш ҳам инчунин муассисаи таълимии кӯдакони имконияташон маҳдуд мавҷуд аст. Дар ҳақиқат дар фаслҳои гармо ва сардиҳои фасли зимистон барои аҳли хонаводаҳои онҳо ба ин ҷо овардани фарзандон мушкил аст. Аммо аҳсан ба сабру таҳаммули волидони онҳо, ки ба хотири ояндаи фарзандон ин мушкилотро паси сар мекунанд. Боз ҳам дар ҳолате, ки кӯдакон баъди машқи логопедӣ хаста шуда, бояд истироҳат кунанд, аммо аксари онҳо роҳ сӯи хонаҳои худ мегиранд.
- Оё ягон роҳу воситаи ҳаллу фасли мушкилоти ин гуна хонаводаҳо вуҷуд дорад?
- Албатта, барои мо мутахассисон бештар кор бурдан бо ин кӯдакон манфиатбахш аст. Зеро соати дарс, ки тамом мешавад, дар муҳити оила шояд кам чунин машғулиятҳо гузаронида шавад. Ман бештари волидайнро ҳатто даъват мекунам, то дар машғулиятҳои мо ширкат варзида, то аз мо чизе омӯхта онро дар рӯзҳои истироҳат ва вақту соати муносиб бо фарзандони имконияташон маҳдуд гузаронанд. Аммо хуб мешуд, ки мақомотҳои дахлдор ва соҳибкорони ватандӯст барои таъмини ин қишри ниёзманди ҷомеа як бинои иловагии дорои шароити муосири таълимӣ фароҳам менамуданд. Зеро волидайн барои ҳамарӯза рафту омад бо вазъи номусоиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашта, аксаран дар шаҳри Бохтар дар иҷора менишинанд. Агар шароити зисту таълим хуб мешуд, шояд ҳафтае рӯзҳои истироҳат ба хона гусел мекардему боқӣ дар мактаб сукунат мекарданд, то вақти бештари худро ҳамроҳи мо гузаронанд. Дар ин таълимгоҳ мо бо онҳо дар баробари садо ва шунавоиро барқарор намудан, инчунин ҳама фанҳои таълимиро меомӯзем. Таҳсил дар ин макон 9 сол буда, пас, онҳо барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе ё ноҳияи Рӯдакӣ сафарбар карда мешаванд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил 12 сола буда, пас аз хатми он толибилмон соҳиби диплом мешаванд.
- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
- Аз Шумо низ сипосгузорем, ки ба ҳаёту фаъолияти ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ намудаед.
Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР