Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН
БОХТАР, 9 ноябр. Дар вилояти Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик бо баргузории ҳамоиши тантанавӣ таҷлил гардид. Ин рӯз ба гиромидошти заҳмати касбии онҳое бахшида шуд, ки масъулияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонунро бар дӯш доранд.
Маросими идона дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа баргузор шуд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамоиши тантанавиро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ аз нақши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими волоияти қонун ёдовар шуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати пурмасъулияти касбиашон комёбиҳо орзу намуд. Таъкид гардид, ки нигоҳ доштани ин раванд аз масъулияти баланди хизматӣ, ҳамкории наздики милитсия бо ҷомеа вобастагӣ дорад.
Дар қисмати тантанавӣ як қатор кормандони фаъоли мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматҳои шоиста бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии ҳунармандон идома ёфта, ба таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик дар маркази вилояти Хатлон ҳусни анҷом бахшид.
М. Маҳмадалиев
📷: Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД




