Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ГУЛДУХТАРИ ОЗОДА
ЗАБОНИ МОДАРӢМан забони модариро чун шакар гӯям, кам аст,
Лафзи ноби хешро ганҷу гуҳар гӯям, кам аст.
Чун забони мо бувад пайванди ҷону қалби мо,
Пас варо болотар аз ҷону ҷигар гӯям, кам аст.
Тоҷикистон, ифтихорат гар забони тоҷикист,
Ман забони тоҷикиро тоҷи сар гӯям, кам аст.
Дар дифоъ аз ҳамлаҳои душманонат, эй Ватан,
Лаҳни гуфтори дариро чун сипар гӯям, кам аст.
Чун парасту пар кушоям дар самои нилгун,
Ҳарфи рушантар ман аз шамсу қамар гӯям, кам аст.
Эй Шабафрӯз, аз сари шаб то сари субҳи мурод,
Шеър, ар аз сӯзи ҷонам пухтатар гӯям, кам аст.
ЗЕБИ ДУНЁ
Шаш ҷиҳат дидам саропо зеби дунё модарам,
Ҳамчу моҳи чордаҳ ҳастӣ, ту зебо модарам.
Мисли модар нест дигар кас азизу меҳрубон,
Мардумаксон гаштаӣ, дар дидаам ҷо модарам.
Дӯст дорам модарамро бештар аз ҷони худ,
Эътиборат аз Сурайё ҳаст боло модарам.
Нур меборад зи рӯят чун зи рӯи офтоб,
Эй ту ҳам зебою ҳам мақбули дилҳо модарам.
Шеърҳои Ҳофизу Бедил бихонад субҳу шом,
Посбони лафзи худ ҳам боғи маъно модарам.
Як Шабафрӯзам намудам васфи ӯ дар шеъри худ,
Узр хоҳам, гар бигуфтам ҳарфи ноҷо модарам.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


