Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДУЗДОНИ ҶАНГАЛ ҶАРИМА ШУДАНД

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, аз ҷониби нозирони ҷангали вилояти Хатлон 655 қонуншиканӣ ошкор гардида, қонуншиканҳо ба маблағи 204 ҳазору 865 сомонӣ ҷарима шуданд.
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят Қувваталӣ Назиров иттилоъ дод, аз ҳама зиёд қонуншиканӣ дар самти буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангалзор 337 адад ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи ҷаримаи онҳо 86 ҳазору 843 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 76 санад ба маблағи 48 ҳазору 133 сомонӣ оид ба чорвочаронии худсарона, 176 санад ба маблағи 52 ҳазору 842 сомонӣ ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти писта ва гиёҳҳои шифобахш, 24 санад ба маблағи 9 ҳазору 226 сомонӣ шикори худсарона ва 39 санади дигар ба маблағи 7821 сомонӣ дигар намуди қонуншиканиҳо тартиб дода шудааст.
Номбурда афзуд, ки аз маблағи умумии зарари муайяншуда, 201 ҳазору 95 сомонӣ ба суратҳисоби хоҷагиҳои ҷангали ҳудуди вилоят ворид карда шуд. Ҳамчунин масъулини хоҷагиҳои ҷангали вилоят оид ба иҷрои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 протокол ба маблағи 47 ҳазору 470 сомонӣ тартиб дода, аз маблағи муайяншудаи зарари расонидашуда 46 ҳазору 716 сомонӣ рӯёнида ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.
-Барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо ва ҳифзи ҷангал аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва ниҳодҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо миёни аҳолӣ пайваста корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида мешавад, - гуфт Қувваталӣ Назиров.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


