Бойгонӣ

ПАНДИ ПИСАРАК


- Аз ҳар зовия –  

Марде дервақт хаста аз кор ба хона баргашт. Дар назди дар писари хурдсолашро дид, ки ӯро интизор буд:

— Падар, як савол аз Шумо пурсам?

— Бале, писарам, чӣ саволе?

— Падар, Шумо барои ҳар соати корӣ чи миқдор пул мегиред?

Мард, ки хаста ва асабӣ буд, аз ин суоли писапаш ба ғазаб омаду гуфт:

— Ин ба ту рабте надорад. Чаро чунин мепурсӣ?

— Фақат мехостам бидонам, ки барои як соати корӣ чӣ қадар пул мегиред.

— Агар донистан мехоҳӣ, хуб мегӯям, 20 сомонӣ.

Писараки кӯчак дарҳоле, ки сараш поин буд, оҳе кашиду гуфт:

— Метавонед ба ман 10 сомонӣ қарз дихед?

Мард аз ин рафтори писараш бештар асабонӣ шуд ва гуфт:

— Яъне, сабаби пурсидани саволи ноҷоят ин буд, ки барои харидани ким-кадом бозичаи нодаркор аз ман пул бигирӣ? Зуд ба хона рав. Ман аз кори ҳаррӯзаи зиёд хастаам ва барои чунин рафторҳои кӯдаконаат вақт надорам.

Писарак ором ба хона рафт.

Баъди гузаштани як соат мард ором шуд ва фикр кард, ки шояд бо писари хурдсолаш тунд рафтор кардааст. Шояд воқеан ҳам ӯ барои харидани чизе ба 10 сомонӣ ниёз дошт. Мард ба сӯи утоқи писараш рафт ва дарро боз кард:

— Хоб ҳастӣ писарам?

— На падар, бедорам.

— Фикр кардам шояд бо ту рафтори хуб накардам. Имрӯз корам сахт буд. Бисёр хаста ва асабонӣ будам ва ҳамаи онро сари ту холӣ кардам. Гир ин 10 сомонии пурсидаатро.

Писараки хурдсол нишаст ва хандида гуфт:

— Раҳмат падар!

Баъд дасташро зери болишташ бурд ва чандто пули фарсуда баровард.

Мард вақте дид, ки писараш худаш пул дорад, ҳайрон шуду гуфт:

— Худат пул дошта, чаро боз аз ман пул хостӣ?

—Барои он ки пулам кофӣ набуд падар, аммо акнун кофӣ шуд. ҳоло ман 20 сомонӣ дорам. Оё метавонам як соати кори шуморо бихарам то фардо зудтар ба хона биоед? Дуст медорам, ки бо шумо хӯроки шомро якҷо бихӯрам.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019