МАН РАФТАНӢ ҲАСТАМ
- Аз ҳар зовия –
Ҳангоме, ки назди ман омад, рафтораш тавре буд, ки фаҳмидам мисли дигарон нест.
Гуфт: Пурсише дорам, ки посухаш бароям бисёр муҳим аст.
Гуфтам: Агар ҷавобашро донам, бисёр дӯст дорам, ки кӯмакат кунам.
Гуфт: Ман рафтаниям.
Гуфтам: Чи мехоҳӣ бигӯӣ?
Гуфт: Ҳамин ҳоло дар ҳоли рафтан ҳастам.
Пай бурдам, ки бемор асту сафар ба сӯи охиратро дар назар дорад. Пас пурсидам: Оё назди табиби беҳтаре нарафтӣ, ё назди табибони хориҷ аз кишвар?
Гуфт: Ҳамаи табибони ин ҷо як гапро гуфтанд ва низ гуфтанд, ки аз дасти табибони хориҷ ҳам коре намеояд.
Гуфтам: Худо Меҳрубон аст, умедворам, ки туро шифо медиҳад.
Бо ҳайрат нигоҳам карду гуфт: Агар ман бимирам, яъне Худо меҳрубон нест?
Фаҳмидам, ки ӯ касе нест, ки битавон бо ҳарфҳои холӣ дилашро хуш кард.
Гуфтам: Рост мегӯӣ, акнун саволат чист?
Гуфт: Замоне фаҳмидам, ки меравам, бисёр ғамгин будам ва аз хона берун намеомадам. Корам танҳо дар хона мондану ғам хӯрдан буд. Аз ин ҳама хаста шуда будам ва рӯзе ба худ гуфтам: То кай бояд ин ҷо бимонаму интизори марг бошам? Саранҷом рӯзе аз хона берун омадам ва мисли дигарон ба кор пардохтам. Аммо монанди дигарон нестам, чун ман бештар аз дигарон ба марг наздиктарам. Бисёр меҳрубон шудам ва дигар рафторҳои нописанди дигарон маро озурда намекунад. Бо худ мегуям: Бигзор дилашон хуш бошад, ки маро озор медиҳанд, зеро ман рафтанӣ ҳастам ва онҳо монданӣ. Кор мекунам, аммо нафсам зиёд талаб намекунад. Дар миёни мардум, ки бошам кушиш мекунам, ки озорашон надиҳаму дӯсташон дошта бошам. Мошини арӯсиро ки мебинам, шод мешавам ва барояшон орзуи хушбахтӣ мекунам. Гадоеро ки мебинам, ғамгин мешавам ва бидуни он ки пулҳоямро шуморам, ба ӯ кӯмак мекунам. Ҳамонанди пирон барои ҷавонон орзуи хушбахтӣ мекунам. Хулоса ин ки бисёр меҳрубон шудам ва ҳоло сулои ман ин аст, ки оё ба хотири марг инсони хуб шудам? Ва оё ҷаҳони ҳастӣ пазирои хубии ман хоҳад буд?
Гуфтам: Оре. Хубии инсон дар ҳар замони умраш кори дурусте аст ва Худованд онро нодида нахоҳад гирифт.
Ҳангоми рафтан аз ӯ пурсидам: Ростӣ, нагуфти чӣ қадар вақт дорӣ?
Гуфт: Намедонам, як рӯз ё чанд ҳазор рӯз.
Бо ҳайронӣ пурсидам: Бемории ту чист?
Гуфт: Бемор нестам. Фақат фаҳмидам, ки рафтанӣ ҳастам. Рӯзе назди табиб рафта аз ӯ пурсидам, ки оё метавонад коре кунад, ки ҳаргиз намирам? Табиб гуфт, ки чунин коре аз дасташ бар намеояд. Вақте дар мавриди табибони хориҷ пурсидам, гуфтанд, ки онҳо низ ба ин кор қодир нестанд.
Саранҷом фаҳмидам, ки рафтанӣ ҳастам. Ва инак замонаш чӣ арзиш дорад?