Бойгонӣ

ПАДАР ВА ПИСАР

                 - Аз ҳар зовия – 


Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ?

Вақте ки вориди ҳаммом мешуд ва медид, ки об мечакад, бо садои баланд фарёд мезад: Чаро қабл аз хориҷ шудан аз ҳаммом ҷумаки обро дуруст маҳкам намекунӣ ва обро ҳадар медиҳӣ?

Ҳамчунин ҳамеша аз мо дар мавриди манфиандешӣ низ интиқод мекард. Бузург ва кӯчаки хона дар амон набуданд ва мавриди сарзанишаш қарор мегирифтанд. Ҳатто замоне, ки бемор буд, ин моҷаро идома дошт.

Солҳо мегузашт ва рӯзе фаро расид, ки барои таъйин шудан ба коре дар як ширкати калон бояд имтиҳон месупурдам. 

Бо худ гуфтам: Агар ба кор қабул шавам ҳатман ин хонаи маломатоварро барои ҳамеша тарк мекунам, то аз дасти падарам ва тавсияҳояш наҷот ёбам.

Субҳ зуд аз хоб бедор шуда ҳаммом кардам ва беҳтарин либосҳоямро пӯшидам. Бо дастмол гарду хоки туфлиҳояро тоза мекардам, ки падарам бо лабханд наздам омад. Бо вуҷуди ин, ки чашмонаш заиф шуда буду ожангҳои рӯяш гувоҳӣ аз пир шуданашро медод, ба дастам як миқдор пул доду гуфт: "Мусбатандеш бош ва ба худ боварӣ дошта бош ва аз ҳеҷ суоле натарс".

Насиҳаташро бо ишораи сар қабул намудаму дар дил бо худ ғур - ғур кардам, ки дар беҳтарин рӯзҳои зиндагиям низ даст аз насиҳат кардан намебардорад. Мисле, ки мехоҳад лаҳзаҳои ширинамро ба заҳр табдил диҳад.

Аз хона бо суръат берун шудам ва бо таксӣ ба тарафи ширкат рафтам. Назди дарвозаи ширкат, ки расидам, хеле тааҷҷуб кардам. Ҳеҷ дарвозабон ё нигаҳбоне вуҷуд надошт. Фақат чанд навиштаҷоте буд, ки роҳнамоӣ мекард. 

Ҳангоми ворид шудан дидам, ки дастаи дар аз ҷой берун шудааст ва агар касе мутаваҷҷеҳи он нашавад, онро мешиканад. Нохудогоҳ насиҳати падарам ёдам расид, ки мегуфт: "Ҳама чиро бо назари мусбат бубин". Фавран дастаки дарро дар ҷояш маҳкам кардам, то барои касе мушкил эҷод накунад.

Ҳамон тавре ки навиштаҳои роҳнаморо мехондам ва аз боғчаи ширкат мегузаштам, дидам, ки роҳравҳо пур аз об шудаанд. Бо худ гуфтам, ки ин монанди боғчаи мо пур аз об шудааст ва ёди сахтгириҳои падарам афтодам, ки мегуфт: "Обро ҳадар надиҳед". Дарҳол лӯлаи обро аз ҷӯйбори пур ба ҷӯйбори холӣ гузоштам ва фишори обро кам кардам, то зуд пур аз об нашавад. 

Ба бинои асосии ширкат, ки ворид шудам, чароғҳои овезонро дидам, ки дар рӯзи рӯшан чароғон буданд. Аз тарси доду фарёди падарам, ки ғайриодӣ дар гӯшам садо медод, онҳоро хомӯш кардам. 

Ба маҳзи расидан ба бахши марказии бино мутавваҷҷеҳ шудам, ки қабл аз ман чандин нафари дигар ҳам барои ба кор қабул шудан омадаанд. Исмамро дар рӯйхати сапти ном навиштам ва мунтазири навбат шудам. 

Вақте ба афроди ҳозир нимнигоҳе кардаму чеҳра, сару либос ва дараҷаи таҳсилоташонро дидам, эҳсоси ҳақорат ва хиҷолат кардам. Хусусан аз онҳое, ки худро таҳсилкардаи донишгоҳҳои амрикоӣ ва аврупоӣ муаррифӣ мекарданд. Дидам, ки ҳар ки дохил меравад, ҳамагӣ баъди як дақиқа ҷавоби рад гирифта берун мешавад.

Бо худ гуфтам: Инҳо бо ин ҳама зоҳири олӣ ва таҳсилоти болояшон қабул нашуданд, магар ман қабул мешавам? Маҳол аст. Беҳтараш қабл аз он ки вориди утоқи суолу ҷавоб шавам, инҷоро тарк намоям. Аммо боз ҳам насиҳати падарам ёдам омад, ки мегуфт: "Мусбатандеш бош ва ба худ бовар кун". Дар ин фикр будам, ки ногаҳон исмамро хонданд ва вориди утоқи саволу ҷавоб шудам.

Рӯ ба рӯям се нафар нишаста буданд, ки ба ман нигоҳ карда лабханд мезаданд.

Яке аз онҳо гуфт: Аз кай мехоҳӣ корро дар ин ширкат шурӯъ намоӣ?

Аз ин сухан дар ҳайрат монда бо худ фикр кардам, ки ҳатман маро масхара мекунанд ё пушти ин савол боз саволҳои дигар ҳам доранд. Ба ёдам насиҳати падарам омад, ки қабл аз берун шуданам аз хона гуфт: "Ба худ боварӣ дошта бош"

Пас, боэътимод посух додам: Худо хоҳад пас аз оне, ки аз имтиҳон гузарам, корро шурӯъ хоҳам кард.

Нафари дуввум гуфт: Ту аз имтиҳон гузаштӣ.

Бо тааҷҷуб гуфтам: Шумо ҳоло аз ман суол напурсидед.

Нафари сеюм гуфт: Мо ба хубӣ медонем, ки бо пурсиш аз довталабон намешавад маҳорати онҳоро фаҳмид. Ба ҳамин хотир имтиҳони мо амалӣ доир шуд. Тасмим гирифтем маҷмуае аз имтиҳоноти амалиро барои довталабон роҳандозӣ кунем, ки нафари мусбатандеш ва оне, ки дар тӯлонимуддат аз манфиатҳои ширкат пуштибонӣ карда тавонад, пайдо намоем. Ва ту танҳо касе будӣ, ки талош кардӣ. Ту бо бетафовутӣ аз канори он беназмиҳо рад нашудӣ ва талош кардӣ аз дарвозаи вурудӣ то ин ҷо нуқсҳоро ислоҳ намоӣ. Камераҳои махфӣ, ки сари роҳи довталабон гузошта шуда буданд, муваффақиятҳои туро сабт намуданд. 

Дар ин лаҳза ҳама масоил аз зеҳнам дур шуд. Кор, имтиҳон ва... Ҳеҷ чизро ба ҷуз сурати падарам надидам. Падарам он дарвозаи бузурге буд, ки зоҳираш шояд илтифотро ҳикоят накунад, аммо дарунаш пур аз муҳаббат, раҳмат, меҳрубонӣ ва оромиш аст. Ман, ки мехостам бо маҳзи қабул шудан ба кор дигар ба хона бар нагардам, ҳоло падарамро мисли кӯҳе мебинам, ки мехоҳам ба пояш биафтам ва дасту пояшро ғарқи бусса кунам. 

Чаро падарамро қаблан ин гуна надида будам?

Чи гуна чашмонам аз диданаш кур шуда буд?

Ба худам ёдоварӣ кардам, ки аз насиҳатҳои падаронааш дигар ҳаргиз наранҷам. Чаро ки дар пушти ин насиҳатҳо муҳаббате нуҳӯфта, ки ҳатман рӯзе аз рӯзгорон онро хоҳам фаҳмид ва чи басо он гоҳ ӯ набошад ва натавонам ашкҳоямро бар гунаҳое, ки солҳои зиёд буссагоҳи падарам буд, ҷорӣ намоям.


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019