27 сен 14:14АСОСӢ / Фарҳанг

БОНУИ МУВАФФАҚ

             Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишварамон ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардида, рушду равнақи тоза гирифтанд.

    Дар ноҳияи Ховалинг низ бисёр ҳунармандоне кору фаъолият доранд, ки маҳсули дастони муъҷизаофарашон муаррифгари фарҳанг ва таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик гардидааст. Вилоят Сайфуллоева аз зумраи бонувонест, ки нахустин шуда дар маркази ноҳия коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дод.

      Вилоят аз хурдӣ орзуи дӯзанда шуданро дар дил мепарварид. Модар завқу ҳаваси ӯро дида, мошинаи дарздӯзӣ харида дод. Ҳанӯз дар давраи мактаби миёна хонданаш ба дӯзандагӣ машғул гардида, ҳамчун чевари моҳир ном баровард.                   

     Ҳарчанд Вилоят чун чевару дӯзандаи чирадаст ном бароварда буд, вале барои омӯхтани навгониҳо зарурат пеш омад. Ҳамроҳи шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сӯи Федератсияи Россия роҳ пеш гирифтанд. Вилоят дар яке аз фабрикаҳои дӯзандагии шаҳри шаҳри Москва ҳамчун чевар ба кор даромад. Муддате ҳамчун шогирд нозукиҳои дӯхтани сарулибоси  кӯдакона ва занонаро омӯхт. Фаъолият дар ин корхонаи азими дӯзандагӣ ба ҳунари Вилоят як такони ҷиддӣ бахшид. Ҳунарашро такмил дод. 

    Баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ якчанд сол дар корхонаи «Гулдаст»-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намуд. Таҷрибаи зиёд андӯхт. Дар ин корхона аз устодонаш нозукиҳои дӯхти либосҳои миллиро аз худ намуд. Ҳунари попурӣ ва дӯхтани гулҳои ҳархеларо дар куртаҳои занона моҳирона ёд гирифт. Худро ҳанӯз шогирд меҳисобиду ин байти Ҳаким Носири Хусравро сармашқи кори худ медонист:


     Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,

     Бувад рӯзе, ки худ устод гардад.                                              


     Тавре дар боло зикр гардид, баъди соҳиби таҷрибаи кофӣ шудану пайдо намудани имконият Вилоят дар маркази ноҳия - шаҳраки Ховалинг корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод.

Аз ҳисоби маблағҳои шахсии худаш 7 дастгоҳҳои гуногун ва замонавии дӯзандагӣ харидорӣ намуда, 4 нафар духтаронро ба кор қабул намуд. Шогирдонаш Дилноза, Гулноз, Сабрина ва Муҳайё аз устодашон Вилоят Сайфуллоева нозукиҳои касби дӯзандагиро омӯхта, имрӯз  либосҳои гуногуни миллиро бо сифати баланд омода сохта  пешниҳоди  мардум мегардонанд. Вақте ки мо вориди саҳни коргоҳи дӯзандагӣ шудем, занону духтарони зиёде барои дӯхти либосҳои миллӣ ва харидории  куртаҳои гуногун навбат меистоданд. Чун худи Вилоят ниҳоят саргарми кор буд, лозим донистем, ки интизор шавем. Баъди он ки   Вилоят аз мақсади мо огоҳӣ ёфт, вақт ҷудо карду бо ӯ суҳбате оростем. Вай аз он ифтихорманд буд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаасту ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё шуданд. -Дар ин замина ҷойҳои нави корӣ барои бонувон таъсис меёбанду шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам гаштааст, -мегӯяд Вилоят Сайфуллоева.

      Вале ҳамаи ин комёбиҳо ҳанӯз ҳам Вилоятро қонеъ гардонида наметавонанд. Мехоҳад аз ин ҳам бештар кор кунад. Ӯ нақша дорад, ки дар оянда фаъолияти коргоҳашро боз ҳам вусъат бахшад. Шогирдони зиёдеро ба кор қабул карда, сирру асрор ва нозукиҳои касби дӯзандагиро ба занону духтарон омӯзонад. - Мутаасифона, на ҳамаи духтарон аз уҳдаи чеварию дӯзандагӣ мебароянд. Корҳои одии пора кардану дӯхтани либосу дигар корҳои рӯзгор барояшон душвор аст. Як сабаби асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон маҳз тайёр набудани онҳо ба рӯзгордорӣ мебошад, -иброз медорад бонуи ҳунарманд.

Вилоят алҳол мехоҳад, бо дастгирӣ ва кумаки бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳиби қитъаи замин гашта коргоҳи нави дӯзандагӣ таъсис диҳад. Камаш 25-30 нафар занону духтарони маҳаллиро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоянд. Умед дорад, ки бо соҳиби гранти Президентӣ шудан ҳамаи нақшаҳои худро амалӣ месозад. Барои ба ин ҳадаф расидан мо ба ин ҳунарманди чирадаст ва соҳибкори муваффақ Вилоят Сайфуллоева барори кор мехоҳем.


Аъзам БОБОЕВ,

ноҳияи Ховалинг
Добавить комментарий