Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. МОҲИПАРВАРӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Бо иқдоми масъулини ҶСК парваришгоҳи “Моҳии хушзот”– и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон дар обанбори Сарбанди шаҳри Левакант 100 ҳазор моҳичаҳо сар дода шуд.
Тавре мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Самадзода Шоҳрух иттилоъ дод, бо ҷорӣ гардидани сабукиҳои андоз масъулини парваришгоҳи “Моҳии хушзот”–и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби фоидаи соф ин иқдоми некро амалӣ намуданд. Ин ташаббус бори аввал набуда, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои масъулини ҶСК парваришгоҳи “Моҳии хушзот”–и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хоҷагӣ 52 мутахассиси чашмикордон дар масоҳати 694 гектар кулҳо ба парвариши се намуди моҳӣ аз қабили амури сафед, пешонағафс ва зағорамоҳӣ машғул мебошанд.
Соли гузашта дурнамои истеҳсолии хоҷагӣ 300 тонна моҳӣ пешбинӣ гардида буд. Вале хоҷагидорон тавонистанд ин нишондодро як баробар зиёд таъмин намоянд. Хоҷагидорон соли ҷорӣ низ ният доранд истеҳсоли моҳиро ба маротиб зиёд карда, саҳми арзандаи хешро дар таъмини аҳолӣ бо ғизои парҳезӣ гузоранд.
Феълан дар вилояти Хатлон 253 хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2 ҳазору 147 гектар кулу ҳавзҳо ба парвариши моҳӣ машғул мебошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


