Бойгонӣ

МУҲОҶИРОН ҲАМЕША ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲАНД


Пандемияи коронавирус на танҳо системаи тандурустӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонро зери хатар гузошт, балки таъсири худро ба раванди муносибатҳои байнидавлатӣ низ расонд ва исбот кард, ки имрӯз ягон кишвари дунё худро субъекти ягонаи муносибатҳои байналмилалӣ шумурда наметавонад.

Дар пайи ба амал омадани вазъи ҷаҳон вобаста ба пандемияи коронавирус (COVID-19) қисми зиёди шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ рӯзии хеш пайдо мекарданд, натавонистанд, ки ба муҳоҷират бираванд. Зеро кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо, ба хотири пешгирӣ аз ин беморӣ баста шуданд. Онҳое, ки имрӯз натавонистаанд ба муҳоҷират бираванд ва ё нафароне, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ манъ аст, чӣ гуна зиндагие доранд? Ва оё мақомотҳои давлатӣ пайи ҳалли мушкилоти онҳо чораҳо меандешанд?

Вобаста ба ин ва дигар паҳлуҳои масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳоҷирони дохилию экологӣ суҳбате доштем, бо сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев.

-Бо сабабҳои маълум чанд моҳ аст, ки сарҳадҳо бастаю муҳоҷирони зиёд, ки ба дидорбинии наздиконашон омада буданд, дигар имкони баргаштан ба Россия ва дигар кишварҳоро надоранд. Бигӯед, ки имрӯз ин нафарон ва онҳое, ки аслан вурудашон ба кишварҳои қабулкунанда манъ шудааст дар кадом вазъ қарор доранд?

-Дуруст гуфтед, ки тайи чанд моҳи охир бо сабаби паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон тағйир ёфт. Ин беморӣ ба муносибатҳои байни кишварҳо таъсири худро расонида, рафту омади мардумро аз як кишвар ба дигар кишвар қатъ кард. Албатта, ин раванд пеш аз ҳама ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфии худро расонд. Миллионҳо мардуми ҷаҳон, ки аз ҳисоби муҳоҷират ризқи хешро пайдо мекарданд ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд. Аз ҷумла, муҳоҷирони мо низ. Қисмате, ки қаблан барои дидорбинии наздикон омада буданд, дигар имкони бозгаштро наёфтанд ва қисмате, ки мехост ба Ватан баргардад як муддат дар фурудгоҳҳо дармонданд. Хушбахтона онҳое, ки дар фурудгоҳҳо дармонда буданд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҳамеша бо диаспораҳои тоҷик, ки дар кишварҳои номбурда фаъолият мекунанд, дар алоқаи зич қарор дошта, вобаста ба вазъи муҳоҷирони тоҷик бо онҳо ҳамкорӣ дорад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят бо назардошти вазъи рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили кишвар ҳамарӯза тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд.

- Мушаххастар мегуфтед, ки чӣ тадбирҳо?

- Ин тадбирҳо аз қабили сафарбар намудани онҳо ба курсҳои кутоҳмуҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатии дохили кишвар ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок мебошанд. Як нуқтаро бояд қайд кард, ки аксари муҳоҷирони мо дар хориҷи кишвар бо мурури замон касбҳои гуногуни сохтмониро аз худ кардаанд. Аммо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳамон касбҳоро надоранд. Аз ин хотир дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят онҳоро ба курсҳои кутоҳмуддат ҷалб карда, ба онҳо сертификат медиҳем. Ин аллакай ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ширкатҳои сохтмонӣ ва дигар корхонаҳои саноатии кишвар ба кор ҷалб гарданд. Қисми дигари муҳоҷирони мо, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ ё хоҷагиҳои деҳқонии оилавианд ба корҳои деҳқонӣ машѓуланд. Ҳамзамон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят аз рӯи барномаҳои давлатӣ ба қисме аз он муҳоҷироне, ки мехоҳанд тиҷорати худро роҳандозӣ кунанд, қарзҳои имтиёзнок дастрас мекунад.

Шумораи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷират манъ аст ба касбҳои гуногун фаро гирифташудаанд. Аз ҷумла, бо мусоидати Раёсат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии бозпасгашта, 782 нафар (724 мард ва 58 зан) барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва касбомӯзӣ ба мақомотҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат намуданд.

- Дар самти муҳоҷирати дохилӣ вазъ дар чӣ ҳолат аст?

- Муҳоҷирати дохилӣ яке аз самтҳои дигари фаъолияти Раёсати Хадамот мебошад. Мувофиқи нақша- чорабиниҳо дар солҳои 2019-2021 аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Рӯдакӣ кӯчонидани 330 оила, аз ҷумла соли 2020, 115 оила дар назар аст.

Дар баробари интиқоли муҳоҷирони дохилӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми соли 2020 аз ноҳияи Тоҷикобод 7 оила ба ноҳияи Вахш, 5 оила ба ноҳияи Носири Хусрав, аз ноҳияи Сангвор 6 оила ба ноҳияи Панҷ, аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 30 оила ба ноҳияи Данғара ва 25 оила ба ноҳияи Хуросон, аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд 10 оила ба ноҳияи Данғара ва аз ноҳияҳои Ишкошим 15 оила ва Шуғнони ВМКБ панҷ оила ба ноҳияи Хуросон, ҷамъ 103 оила кӯчонида шуда, бо замини наздиҳавлигӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин карда шуданд.

Аз аввали соли ҷорӣ 30 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Темурмалик, аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ -15 ва дар ноҳияи Хуросон -15 оила, 5 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Қубодиён, 10 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Шаҳритуз дар ноҳияи Носири Хусрав, 12 оилаи муҳоҷирони дохилии ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамъ 57 оила ба қайд гирифта шудаанд.

-Дар ҳамин замина мехостем донем оилаҳое, ки кучонида мешаванд дар оянда масъалаи таъмини онҳо бо ҷойи кор чӣ хоҳад шуд?

-Албатта, вақте ки қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба имзо мерасад, ҳамаи масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба назар гирифта мешавад. Аз ҷумла, фароҳам овардани инфрасохторҳо, таъмини онҳо бо ҷойи кор, хизматрасонии тиббӣ ва ғайра. Дар ин замина вазоратҳои масъул вазифадор карда мешаванд.

Дар масъалаи таъмини муҳоҷирони дохилӣ бо ҷойи кор бояд қайд кард, ки қисме аз онҳо ихтисосҳои омӯзгорӣ доранд ва дар мактабҳо ба кор ҷалб мешаванд. Ҳамин гуна нафароне, ки ихтисосҳои тиббӣ доранд. Бубинед, ки имрӯз дар яке аз ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ Носири Хусрав аз ҳисоби ҳамин муҳоҷирони дохилию экологӣ дар сохторҳои гуногуни ноҳиявӣ мутахассисони зиёде кору фаъолият доранд. Ғайр аз ин нафароне, ки ихтисос надоранд, имкон доранд бо замин сару кор бигиранд. Аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ба онҳо барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ замин ҷудо карда мешавад. Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун, Носири Хусрав ва дигар ноҳияҳои қабулкунанда хоҷагиҳои деҳқонии муваффақе ҳастанд, ки аз ҳисоби муҳоҷирони дохилӣ ташкил карда шудаанд.

- Яке аз мушкилоти дигар ин муҳоҷирати экологӣ ба шумор меравад. Ҳамасола аз сабаби омадани сел ва дигар офатҳои табиӣ даҳҳо оилаҳо зарар мебинанд. Барои сари вақт кӯчонидани оилаҳое, ки дар минтақаҳои зери хавф қарор доранд, чӣ тадбирҳо андешида мешавад?

- Бо сабаби қарор доштани қисме аз деҳоти кишвар дар минтақаҳои зери хавф, ҳамасола бо омадани фасли сармо ё баҳор мушкилот пеш меояд. Худи ҳамин сол дидем, ки дар ноҳияи Хуросон ва баъзе ноҳияҳои дигар офати табиӣ ба мардум чӣ қадар зарар расонд. Аз ин хотир мо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ корҳои заруриро пеш бурда истодаем.

Дар вилоят барои танзими раванди муҳоҷиркунонии аҳолӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф тибқи Қарори раиси вилоят аз 4 ноябри соли 2010, №321 «Дар бораи ташкили Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон» комиссияи дахлдор таъсис дода шудааст, ки бо сокинон вохӯрда, дар байни онҳо пайваста корҳои тарғиботию оммафаҳмонӣ бурда, барои сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Комиссияи мазкур 133 хоҷагие, ки дар соли 2020 барои кӯчонидан ба ҷойҳои бехавф эҳтиёҷ доранд, мавриди омӯзиш қарор дода, рӯйхати онҳоро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, айни замон ба 34 хоҷагӣ дар мавзеъҳои бехавф қитъаи замини наздињавлигӣ ҷудо гардида, шаш хоҷагӣ кӯчонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бар асари омадани сел дар моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон 67 оила зарар диданд ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят барои онҳо дар мавзеи Чорбоғи ноҳия замин ҷудо карда шуд. Инчунин бо дастгирии сохторҳои давлатию шахсони саховатпеша манзилҳои истиқоматии онҳо бунёд шуда  истодааст. Дар асоси дастури раиси вилоят то ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

                                                             Мусоҳибаи Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019