Бойгонӣ

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН

                                                                                 Иқдоми созанда_

Рангорангию шумораи зиёди банкаҳои ҷобаҷокардашудаи консерва аз сабзавоту меваҷот дар анбор аз соҳибҳунарию катбонугии занону бонувони хонадон дарак медиҳад. Зеро занон табиатан дурандешу пешбарандаи рўзгоранд. Маҳз онҳо ҳастанд, ки дар баробари масъулияти модарию ҳамсарӣ, ғами фардоро хўрда, барои кулли аъзои хонадон маводи озуқаворӣ захира менамоянд. Ин хислат танҳо хоси бонувонон аст.

Мисли оилаи Пӯлодҷоновҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дигар занону бонувон низ аз меваҳо шарбату мураббо ва аз помидору бодиринг, булғорию боимҷон ва дигар сабзавот хўришу ғизоҳои гуногун омода карда, барои зимистонгузаронӣ захира намуда истодаанд.

Шамсия келини оилаи ин хонадон мегӯяд, ки онҳо ҳамасола дар шароити хона беш аз 200 дона банка консерва мекунанд ва то пухта расидану фаровон гардидани сабзавоти барвақтӣ дар бозорҳо аз он истифода мебаранд.


- Дар фасли зимистон инсон зуд-зуд гурусна мешавад ва талаботи организм ҳам ба маводи ғизоӣ меафзояд. Барои ҳамин ҳам мо (икра) хўриш аз боимҷон омода намуда истодааем. Ин хўриш таоми тайёр аст ва шарт нест, ки дар зимистон ҳар бор таом пухт, – мегӯяд Шамсия.

Ба қавли Дилбар Содиқова, раиси маҳаллаи ба номи Зоиршо Қаландарови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зимистони имсоларо шояд душвортар паси сар намоем. Зеро ба гуфтаи ӯ паҳн шудани пандемияи каронавирус дар тамоми ҷаҳон хоҳ нохоҳ ба бозор бетаъсир намемонад. Шояд камбудии маводи ғозоӣ эҳсос шавад.

- Барои ҳамин ҳам мо имсол аз ҳар вақти дигар омодагиамонро ҷиддитар дида истодаем. Агар солҳои пеш 100-150 банка консерва мекардем, имсол бошад то 200-300 адад консерва захира карда истодаем. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат борҳо таъкид мекунанд, ки ҳар як оила ду сола маводи ғизоияшро захира намояд, – иброз медорад Д. Содиқова.


Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки онҳо дар сафи пеши амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат қарор дошта, ҳарчӣ бештар маводи ғизоиро захира намуда, ба ниёзмандон низ кумак мерасонанд.

Бо ибтикори масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ занону бонувони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иқдоми некро рӯи кор оварданд. Дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занон якҷо шуда, ба оилаҳои ниёзманд, беморону барҷомондагон аз банкаҳои консерванамудаашон тақдим намуда, ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда истодаанд.

Ин амали хайри бонувони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят хуш пазируфта, тадбири мазкурро барои дигар шаҳру ноҳияҳо омӯхтанӣ мешуморад.

-Занони мо дар ҳақиқат заҳматкашу кадбонуи моҳир ҳастанд. Онҳо аз ҳоло ғами фардояшонро мехӯранд ва бар замми ин ба дигарон ёрӣ мерасонанд, ки чунин фазилат хоси бонувони тоҷик аст, – мегӯяд Р. Раҳимзода.

Занони ноҳияи мазкур аз ҳосили заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода бурда истодаанд. Аксари онҳо барои консервакунии сабзавоту меваҷот қариб, ки аз бозор харид намекунанд. Кадбонуҳои ҳар як хонадон аз 150 то 400 консерваҳои сабзавотӣ, мураббо, афшураи мева, нӯшоба тайёр карда, аллакай ҷобаҷо кардаанд.


Сокини ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи мазкур Муқаддас Имомова дар баробари консерваҳои зиёд, зардолуҳои аз боғашон ҷамъоварӣ намудаашро дар банка маҳкам кардааст, то ин ки хушкмева кирм назанад.

Истиқоматкунандаи шаҳраки Балх Гулбибӣ бошад, помидорҳои хомро дар зери каҳ нигоҳ медорад. “Ҳар сол охири ҳосили помидорҳои замини наздиҳавлигиамонро ҷамъоварӣ намуда, сахт-сахташро дар дохили каҳ мегузорам ва он то зимистон сурх мешавад” – нақл мекунад аз таҷрибаи худ Гулбибӣ.

Хуллас, занону духтарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ин шабурӯз хеле ҳам сертараддуд ҳастанд. Ҳарчанд онҳо садҳо адад консерва кардаанд, аммо ҳамоно тасмим доранд, ки бо пухта расидани ангур, биҳӣ ва хурмо боз ҳам мураббою нӯшоба омода намоянд.

                                                                            Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019